ХАБАРИ ДОҒ

Афтодани 9 бинокор аз болои гумбази Масҷиди марказии ҷомеъ

  • Душанбе, Фев 25 2019

 Субҳи имрӯз дар пайи 1 ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи ш.Душанбе 9 нафар сохтмончиён ҳангоми кор дар болои яке аз гумбазҳо аз баландӣ ба замин афтода, ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳамаи он нафароне, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, дарҳол ба Маркази миллии тиббии кишвар-шаҳраки «Шифобахш» фиристода ва бистарӣ карда шуданд. Сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter