ХАБАРИ ДОҒ

Эҳтиёт: Журналистон бо БДА ба рейд мебароянд

  • Чоршанбе, Фев 27 2019


19.02.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Пас аз брифинги Шариф Назарзода, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар 10 гурӯҳи кории махсусро барои гузаронидани рейд-амалиёти «Пиёдараҳа»-«Тротуар» (Гавҳар Шарофзода метавонад парванда кушояд!!!) ҳамроҳӣ карда, ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баромаданд. Тавре, ки Шариф Назарзода ба журналистон хабар дод, ин амалиёт аз 19.02 оғоз шуда, то 28.02 идома хоҳад ёфт.
Бино ба гуфтаи сардори ШБДА дар ш.Душанбе Сӯҳроб Қурбонзода, мақсад аз баргузории амалиёти «Пиёдараҳа»-ин танзими фаъолияти нақлиёт, хосса автомашинаҳои сабукрави шахсӣ дар назди марказҳои калони савдою тиҷоратӣ, бозорҳо, истгоҳҳои серодам, рафъи сар задани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои серодам, танзими ҳаракати пиёдагардону таъмини амнияти онҳо ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мебошад.
Дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории БДА-и пойтахт журналистон низ ҷудо шуда, ба рейд-амалиёт баромаданд. Мухбири СССР мушкилтарин маҳалли пойтахт-бозори «Корвон» ва кӯчаи ҳафшафати он Қосимовро интихоб кард. Мо метавонем!

Мошинҳои сабукрави шахсӣ-мушкили №1!
   Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа.
Бо сардори шӯъбаи БДА дар ноҳияи Фирдавсӣ, Умар Шамсиддинов ба самти бозори «Корвон» роҳ пеш мегирем. Маълум аст, ки ҳамарӯза ҳазорҳо харидорону фурӯшандагон ба ин бозор омада, онҳое, ки воситаи нақлиёт доранд, ҳатман мошинҳои худро дар сари роҳи мошингарду пиёдараҳа мегузоранд. Умар Шамсиддинов мегӯяд, нисбат ба он, ки таваққуфгоҳи ин бозор ба талабот ҷавобгӯ нест, борҳо тавассути номаҳои расмӣ ба роҳбарияташ муроҷиат кардаанд, вале ин масъала ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтааст. Бар замми ин якчанд маротиба бо соҳибкорон ва кормандони бозор, хосса, дӯкондорон низ сӯҳбату мулоқот гузаронида, аз эшон хостаанд, ки бо мошинҳои шахсии худ ба бозор наоянд ва ё аз таваққуфгоҳ истифода бубаранд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз ҳам савдогарони бозори «Корвон» бо мошинҳои худ субҳ омада, то бегоҳ воситаи нақлиёти хешро дар пиёдараҳа-ҷои гаштугузори мардум ва ё канори роҳ мемонанду бо ин ҳам ба пиёдагардон ва ҳам ба ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил эҷод мекунанд.

Бозори «Корвон» таваққуфгоҳ надорад!
Воқеан калонтарин бозори кишвар-ҶДММ «Бозори Корвон» имрӯз таваққуфгоҳ ва ё паркинги муосиру ба талаботи бозор мувофиқ надорад! Танҳо дар 1 қисмати самти рости бозор, ки маъмулан аз он ҳамчун бозори яклухтфурӯшӣ ном мебаранд, маконеро барои исти мошинҳо ҷудо намудаанд, ки он умуман ба таваққуфгоҳ монанд нест. Агар чанд сол қабл ин майдон хеле калон ба назар мерасид, ҳоло 1 қисмати онро низ барои бунёди дӯконҳо тақсим намуда, макони ба ном таваққуфгоҳро ним кардаанд. Ин аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки ҳам барои кор меоянду ҳам барои харид, мошинҳои хешро дар куҷое хоҳанд гузошта, соатҳои тӯлонӣ гум мешаванд. Онҳо фикр намекунанд, ки 1 мошини дар канори роҳ гузоштаашон чӣ қадар барои дигарон мушкил эҷод мекунад.
Рейд-амалиёти «Пиёдараҳа» идома дорад ва мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР


PS: Воқеан ҳам, сар аз ин рӯз пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракати роҳравиро вайрон кардаву аз дилхоҳ канори мошингард убур мекунанд, боздошт ва ҷарима мешаванд. 1 қоидашикании пиёдагард 6 сомониву 98 дирам!!! Хеле кори хуб. Зеро то ин дам бештар ронандагон ҷарима мешуданду пиёдаравҳо не. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter