ХАБАРИ ДОҒ

Ошкорсозии ҷинояти авбошӣ баъди 2 соати пахши навор дар Интернет

  • Душанбе, Март 04 2019


Шоми 1.03.2019, тахминан соатҳои 19.00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори латукӯби бераҳмонаи 1 ҷавондухтари тахминан 20-25 сола аз ҷониби ҷавонписари тахминан 25 сола паҳн гардид.
     Вобаста ба ошкору муайян намудани ҳолатҳои дар навор инъикосгардида соати 20.00 дақиқаи санаи 1 март дар Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ҷаласаи махсуси оперативӣ баргузор гардида, дар асоси супориши роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо ҷалби кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативӣ ва тафтишотӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Сипас гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт бо баргузор намудани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муҳлати ҳамагӣ 2 соат парда аз рӯи ҷинояти бераҳмонаро, ки нисбати 1 ҷавонзани 23 сола раво дида шудааст, бардошта, нафари гумонбарро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи чорабиниҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбару ҷабрдида муайян карда шуд, ки дастгиршуда Азизов Хуршед Абдунаимович санаи 1.03.2019 тахминан соати 06.00 дақиқаи субҳ бо мақсади ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, ҳангоми дар назди тарабхонаи Галаксӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Носири шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо ҷавондухтари 23 сола, сокини ш.Душанбе, ки бо ҳам шинос буданд, дарафтода, охиронро бо тариқи зӯроварӣ ба бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи Тайота-Кемрӣ рақами қайди давлатиаш 0436 НН 01 андохтанӣ шуда, мавриди латукӯби шадид қарор додааст. Илова бар ин, гумонбаршуда ба кирдорҳои авбошонаи худ идома дода, баъди аз бағоҷи автомашина баровардани ҷабрдида боз дар якчанд маврид ба узвҳои муҳими ҷавондухтар бо дастону пойҳояш задааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур ва дар асоси далелҳои овардашуда, ки кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда Азизов Хуршедро тасдиқ мекунад, нисбати охирон бо моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №4052 аз 2 марти соли 2019 оғоз карда шуда, гуонбаршуда Азизов Хуршед Абдунаимович дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter