ХАБАРИ ДОҒ

Нахустин машқҳои муштараки «Ҷустуҷӯ-2016» дар Тоҷикистон

  • Сешанбе, Апр 19 2016

Рӯзҳои 18-22 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои муштараки хадамотҳои ҷустуҷӯии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуда он бо номи «Ҷустуҷӯ»-2016», ки бори нахуст гузаронида мешавад, амалӣ меёбад. 

 Машқҳои муштараки нерӯҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус дар Маркази таълимии «Марғоб» ва машқгоҳи «Лоҳур» сурат гирифта дар ифтитоҳи он Котиби генералии СПАД Николай Бордюжа, сардори Ситоди дастаҷамъии СПАД генерал – полковник Анатолий Сидоров ва вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо ширкат варзиданд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, роҳбарияти умумии ин машқҳои муштарак ба зиммаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ вогузор шуда мақсад аз баргузории машқҳо ин такмил додани системаи ҷамъоварии таҳлилҳо, коркарди маълумоти ҷустуҷӯӣ бо назардошти мағлуб кардани душман, санҷиши имкониятҳои сохторҳои ҷустуҷӯӣ вобаста ба баргузории амалиётҳои муштарак ва ҳимояи сохти конститутсионӣ дар кишварҳои узви СПАД мебошад. Дар машқҳои муштараки «Ҷустуҷӯ-2016» беш аз 1500 нафар сарбозон, ба ғайр аз нерӯҳои Ҷумҳурии Арманистон, иштирок менамоянд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter