ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамла ба Агроинвестбонки Данғара

  • Сешанбе, Апр 19 2016

19.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 16:01 дақиқа.

 

Журналист Аслиддин Достиев дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки имшаб соатҳои 3:30 дақиқа гурӯҳи номаълум ба филиали Агроинвестбонк дар ноҳияи Данғара ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳуҷум посбони бонк аз зарби 3-4 корд захм бардошта, ҳоло дар беморхона бистарист ва вазъияти ӯро табибон сабуктар мегӯянд. Гурӯҳи номаълум баъди ноком шудан ба самти номуайян гурехтаанд. Ҳоло тамоми кормандони Раёсати корҳои дохилӣ ба по хеста, дар ҷӯстуҷуи ҳамлагарон ҳастанд. Тибқи шоҳидии посбон, шахсияти ин гурӯҳ маълум шудааст. Аҷобати кор он аст, ки дилхоҳ бонк бояд 2 нафар посбон дошта бошад, аммо филиали Агроинвестбонк тибқи шартнома танҳо 1 нафарро ба ҳайси посбон ба кор гирифтаанд. Агар посбон 2 нафар мешуд, шояд ҳамлагарон ба даст меафтиданд…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter