абарнигори СССР гуфт, ҳамзамон ӯ бо мақсади иштирок дар воҳиди мусаллаҳ ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати Сурия ҷалб намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки духтарон мебошанд айбдор карда мешавад. Рустамалӣ Ҷ. Д. дар ин муддат бо Маҷнунаи 22 солаи сокини ноҳия Ҷ.Балхӣ (Румӣ), деҳоти Гулистон муносибати наздики маҳрамона дошта, дар давоми моҳҳои май - июни соли 2015 ӯро ба ба боварии худ дароварда барои ҳамроҳи худ ба давлати Сурия рафтан даъват менамояд. Вай барои духтар шиносномаи хориҷӣ таёр кардапешниҳод мекунад, ки бо ҳам аввал ба Федератсияи Русия бираванду сипас ба Сурия бигзаранд. Вале гарчанде, ки Маҷнуна дар аввал ба ин таклифи Рустамали розӣ шудааст, вале баъдан бо таъсиррасонии наздиконаш аз ин нияти худ даст кашидааст.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон