ХАБАРИ ДОҒ

Хизмати мадад 19-19 ба кор шурӯъ кард

  • Душанбе, Май 02 2016

Имрӯз, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони «19-19 Мадад» ба фаъолият шурӯъ карда он бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро амалӣ ёфтааст.

 

«Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19» шаҳрвандонро бо тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайваст намуда, шаҳрвандон ва намояндагони идораву корхонаҳо метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPS, CDMA), хонагӣ ва корӣ, занг зада, пеш аз ҳама оиди тартиботи ҷамъиятӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ, мушкилоти тиббӣ, сӯхтор, фаромадани тарма, ярч, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, кормандони «Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19» шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба таври фаврӣ вазорату сохторҳои дахлдорро пайваст намуда, сафарбар менамоянд.

Ҳамзамон овози шахси хабардиҳанда сабт гардида, маълумот ба қайд гирифта шуда, рафти чораҳои андешидашуда қатъиян назорат карда мешавад.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни боздид аз шароити хизматии кормандони «Хизмати Мадад бо рақами телефони «19-19» дастур дод, ки хадамотҳое, ки ҳаётан муҳиманд, ба монанди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, «Ёрии таъҷилӣ», барқ, оташнишонӣ ва дигар сохторҳо бояд ба ин алоқа мутобиқ гардонида шуда, дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар минтақаҳои ниҳоят дурдасти ҷумҳурӣ, телефонҳои алоқаи мобилӣ бо васл намудани таҷҳизоти зарурӣ пайваст гардиданд, ки аз онҳо на танҳо кормандони милитсия, балки мардуми маҳал низ оиди мушкилоташон истифода карда метавонанд. Дар баъзе мавридҳо барои мадад ва ҳал намудани мушкилоти мардум нақлиёти махсус сафарбар карда мешавад.    

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter