ХАБАРИ ДОҒ

Дари бастаи тадобири амниятӣ ба журналистон

  • Чоршанбе, Май 04 2016

Тадобири амниятӣ дар вил.Хатлон барои пешгирӣ аз ифротгароии ҷавонону наврасон, ин бор пушти дарҳои баста ва бе даъвати хабарнигорон баргузор мешавад, аммо тамоми муллою эмомхатибони масоҷиди 5-вақта дар ин ҷаласа ширкат мекунанд.

Чанд дақиқа пеш ҷаласаи корӣ дар бинои "Кохи Лоҳути" бо иштироки Маърифат Хидирзода, мақомоти амниятӣ ва қудратии вил.Хатлон баргузор шуд. Як масъули ҳукумати вилоят дар суҳбат ба хабарнигори СССР гуфт, ки ин маротиба ҷаласа хело ҷиддӣ ва бо иштироки тамоми руҳониёни хатлонӣ барро мешавад ва онҳо мушкили пайвастани ҷавонони ифротиро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ баррасӣ мекунанд, ки хабарнигорон даъват нашудаанд. Шумораи ҷавонони хатлонӣ дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 200 нафар гуфта мешавад, ки занону кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд, вале мояи нигаронӣ ҷавонони ифротие мебошанд, ки аз қаламрави вилоят бо нишони ҳамраъйӣ бо ДОИШ боздошт мешаванд. Як мақоми дигар аз ҳукумати Хатлон гуфт, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ 50 тан сокинони вилоят бо ҷурми пайвастан ба ҳаракати салафия боздошт шудааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter