ХАБАРИ ДОҒ

Нишасти зиддитеррор дар Хатлон

  • Душанбе, Май 02 2016

Доманаи фаъолияти сомонаҳои ифротгаронаву характери террористӣ дошта то рафт васеъ шуда фаъолшавии онҳо дар аксар кишварҳо боиси мураккаб шудани  авзои ҷомеъа, алалхусус мафкураи ҷавонон гардида истодааст.

Бо ин ҳадаф рӯзи 30.04.2016 дар толори кохи Ватани ш.Қӯрғонтеппа ҳамоиши вилоятӣ дар самти пешгирӣ кардани гаравидани ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористиву экстремистӣ бо ширкати ҷавонони шаҳру навоҳири вилоят доир гардид. Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки терроризм ҳамчун вабои аср ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, муборизаи мо дар муқобили он дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, зиндагии осоиштаи халқамон мебошад. Дар ҳамоиш прокурори вилоят Насрулло Маҳмудов гуфт, ки терроризм ин зӯровари нисбати шахсони воқеъӣ буда аз соли 1997 14 гурӯҳи террористӣ дар миқёси вилоят ошкор карда шуд. Дар 3 соли охир бошад 351 ҷиноят ошкор гардид. Дар 3 моҳаи аввали соли равон 132 ҷинояти хусусияти террористӣ дошта ошкор ва нисбати 165 нафар шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Дар н.Шаҳритус нисбати 12 нафар ноболиғон  парвандаи ҷиноӣ кушода ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, аз ноҳия Қубодиён 44 шаҳрвандон аз ҳудуди 1 ҷамоат 14 нафар, аз н.Восеъ аз 1 оила 9 нафар ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ шаҳрвандон ба чунин амалҳои номатлуб даст задаанд. 

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори СССР аз Қурғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter