ХАБАРИ ДОҒ

1 «лайк» ҷавононро ба маҳбас бурд

  • Панҷшанбе, Май 05 2016

 

4 сокини ҷамоати "Обшорон"-и ноҳияи Ёвон ба далели ба даъватҳои ифротгароён дар шабакаи "Одноклассники" "класс" гузоштан, боздошт шудаанд.

Аз ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон хабари боздошти 14 сокини ҷамоати деҳоти "Обшорон" -ро тасдиқ кардаанд. 

Як манбаъ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 22 феврал ба СССР қайд карда буд, ки 10 нафари онҳо баъди бозпурсии 2 ҳафтаинаи мақомоти амниятӣ озод шуданд ва 4 нафари дигар дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.

 Имрӯз соати 16:00 мурофиаи судии  4 нафари сокинони ноҳия Ёвон, ки барои  «класс» гузоштани  ба далели  ба  даъватҳои ифротгароён дар шабакаи интернети «Одноклассник» бо 2 моддаи ҷинойи айбдор карда шудаанд.

Модари Ҷаҳонгир, яке аз боздоштшудагон дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки писараш шаҳрванди Русия аст ва чандин маротиба чемпиони Русия шуда дар ҳар як ғолибияташ парчами Тоҷикистонро мебардоршт ва фахр мекарди, ки ӯ зодаи Тоҷикистон аст.Моҳи феврал писарам  мехост биёяду дар мусобиқаҳои идонаи наврӯзи иштирок кунад, лекин хурсанди оила дер давом накард. Ман муддати 3 моҳ мешавад, ки фарзандамро надидаам ва намедонам, ки вай дар ҳолат аст. Аксариятҳо мегӯянд барои «класс» мондани расмҳои ифротӣ ва дигарон бошад мегӯяд, ки ӯро бо ҷурми салафия боздошт намудаанд.

Баҳодур Уроқов СССР,  Қӯрғонтеппа  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter