ХАБАРИ ДОҒ

Таҳдиди 20 соли маҳбас барои даъвати оммавии экстремистӣ

  • Душанбе, Май 09 2016

Як манъба дар додгоҳи вилоти Хатлон дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР қайд намуд, ки алайҳи ин чаҳор нафар шаҳрванд, ки аввали соли 2016 боздошт шудаанд, тибқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- 307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, парванда боз шудааст.

Тибқи ин моддаҳо, ба ин афрод маҳкумият аз озодӣ то 20 сол таҳдид мекунад. 

Манбаъи СССР гуфт, ки бо ҳамроҳи Ҷаҳонгир Қурбоналиев яке аз боздоштшудагон боз се нафари дигар -- Шӯҳрат Қарақулови 23-сола, Шамсӣ Қарақулиеви 24-сола ва Фирӯз Ҷӯрақулови 24-сола, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Оби Мукии ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и Ёвон мебошанд, дар курсии айбдорӣ нишастаанд. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Қӯрғонтеппа

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter