Салом ба СССР-и азиз! Дар ҳамаи суханрониҳо Сарвари давлат таъкид медоранд, ки ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд, аммо сад афсӯс, ки ҷавонон аз хизмати аскарӣ мегурезанд. Дар мактабҳо дарси ҳарбӣ нест, амсоли дигар чорабиниҳои патриотӣ. Дар даврони советӣ дар мактабҳо пайваста бо иштироки қаҳрамонону ветеранҳои ҶБВ ва ҷанговарони башардӯст вохӯриҳо мегузарониданд, ин низ барои боло рафтани ҳисси ватандӯстии наврас мусоидат мекард. Ҷавонон ба хизмат ҳаматарафа тайёрӣ медиданд. Ҳоло ҳатто даъватнома надода облава мешаванд, ин кори осон асту чандин нафар аз ин манфиат мебинанд. Ба фикри ман бояд дарси омодагии ҳарбӣ роҳандозӣ ва ҷоннок карда шавад. Ҷавонон то ба хизмати ҳарбӣ нараванд, ба кор ба идораҳои давлатӣ ва роҳбарӣ роҳ дода нашаванд. Агар дигар хел нигоҳ кунем, аксари хизматчиёни давлатӣ хизмат кардагӣ нестанд. Хизмат танҳо барои фарзандони деҳқону камбағал аст.
Ҳомид Расулов,
Н.Мастчоҳ,
Тел: 92 729 32 90