ХАБАРИ ДОҒ

 Салом СССР! Воқеаҳои Қазоқистонро аз Интернет дидаму воқеаҳои солҳои 1992-1997 худамон пеши назар омад. Пас аз пош хӯрдани майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе худро ҳокими кулли Тоҷикистон меҳисобиданд. Бечора Ҳувайдуллоевро дар рӯзи равшан дар назди мардум террор карданд. Р.Набиевро ба ном ҷавонони Душанбе, аммо дар асл гурӯҳи Мулло Абдуғаффор, ки намояндаи фаъоли ҲНИ буд, дар фурудгоҳ маҷбур ба истеъфо равон карданд. Дар ноҳияи собиқ Кофарниҳон яроқ фармондеҳ буд. 1 воқеа аз ёдам намеравад: 2 бародар аз деҳаи Арбобӣ дар Россия муҳоҷир буданд. Якеаш ба Ватан меояду дигараш мегӯяд, ки бинем муҷоҳидин шабона барои пул ба ҳавлии мо меоянд ё не. Паролашон ин буд, ки агар биёянд тавассути телефон гӯед, ки «шабҳо кам-кам борон меборад». Баъди омадан, дуввумӣ ба додараш занг мезанад, ки «наоед, ҳатто тобистон борон меборад!».

Ҳамаи қумондонҳову муҷоҳидин дар Ваҳдат буданд. Дар минтақаи Ромиту Симиганҷ ҷойи обод намонд, ҳамаро талаву тороҷ намуданд. Шукр, ки ҳокимият барқарор шуду ин ғоратгарон гум шуданд. Имрӯз боз ҳамон асосгузорони хунрезии солҳои 1992-1997 овозҳои худро бароварда истодаанд. Лекин мардум, хосса мардуми Ваҳдатзамин аз рӯи хунукашон безор аст. Зинда бод, Истиқлолият! Зинда бод ободиву осудагии Ватан!

Ин бехабарон, шаурмахӯрон, гадоёни ҲНИ, ки дар Аврупо қарор доранд, аз ҳодисаҳои ахири Қазоқистон шоду масрур ҳастанд. Аз куштори якчанд сарбоз, сар буридани кормандони ҳукумат, хурсандии худро пинҳон намекунанд. Цукерберг рӯзи фейсбукро барҳам медиҳад, чун намедонад, ки ин гуна инсонҳои пастфитрат дар ҷаҳон арзи ҳастӣ доранд.

Бо арзи эҳтиром Амониддини Хайриддин,

муҳоҷири меҳнатӣ аз ш.Санкт-Петербург

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter