ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: пагоҳ корвони нахустини кӯмак хоҳад расид

  • Чоршанбе, Май 11 2016

Аз рӯзи 12 май марҳилаи нахустини расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ аз ҷониби ташкилоту созмонҳои хориҷӣ оғоз хоҳад гардид.

1 қатор ташкилотҳои байналмиллалӣ рӯзи 11 май зимни мулоқоти худ бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Рустам Назарзода омодагии хешро барои расонидани кӯмаки аввалия ба зарардидагонип офати табии ин шаҳру ноҳия эълом доштанд ва кӯмакҳои нахустин аз пагоҳ ба ин минтақаи офатдида равон мегардад. Дар ин бора ба мухбири СССР  Ориф Нозимов, сардори хадамоти матбуотии кумитаи мазкур хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 9 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоти пай дар пай дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷамоати Урметан сел ба амал омад, зани 41-сола ва писари 17 солаи ӯ, ки ҳарду сокинони ин деҳа буданд, чорвои худро дар теппа нигоҳ медоштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумита дарёфт ва ба хешовандонаш супорида шуд. Инчунин дар натиҷаи ин офати табиӣ ба чорводорони деҳаи мазкур хисороти моддӣ расонида шуд.

 Худи ҳамин рӯз, дар деҳаи Шурча, Куктоши  ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент, дар натиҷаи боронҳо  ярч фаромад, ки ба  як қатор биноҳои истиқоматӣ ва иншооти саноатӣ зарар расонида, 2 км роҳи автомобилгард, 2 пул ва 60 гектар майдонҳои кишт шуста шуд.

Айни замон, аз ҳисоби роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раис генерал-майор Р.Шоҳиён дар ҷойи ҳодиса қарор дорад. Барои ёри расонидан ба аҳолии зарардида ситод ва комиссияи махсус ташкил карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома доранд. Кумита бори дигар ба шаҳрвандон мерасонад, ки ҳушёриро дар минтақаҳои эҳтимоли фаромадани сел ва сангрезаҳо аз даст надиҳанд.

Мувофиқи маълумоти Сардори Ситод оид ба ҲФ ва МГ шаҳри Панҷакент, рӯзи 09.05.2016 соати 1710 дар натиҷаи ба амал омадани борони пуршиддат аз сои Зебон сел омад, ки бештар ба Ҷамоати Халифа Ҳасан деҳаҳои Шӯрча, Савр, Қӯштеппа, деҳаи Шашқати Ҷамоати деҳоти Рӯдаки, деҳаи Дашти Қозӣ, Киштудаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Амондара Лоиқ Шералӣ маҳаллаҳои Сои Мисрак, Зардолузор, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳр зарари калон расонид. 

Аз рӯи ҳисоботҳои пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи ин офати табиӣ ба 147 хонаҳои истиқомати селоба даромада, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншоотҳои шаҳрвандонро хароб намуд. Мутобиқи санадҳои тартибдодашуда аз 27 хонаи истиқоматӣ, 10 хона пурра вайрон шуда, 17 хона қисман вайрон гардид. Бояд қайд намуд, ки дар 10 хонаи пурра харобшуда 10 оила ва дар 17 хонаи қисман вайроншуда 17 оила зиндагонӣ мекунанд. 

Қобили зикр аст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 10-15 майи соли ҷорӣ  ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришоти зиёди борон,  жола,  ба амал омадани  раъду барқ, дар доманакуҳҳо омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, сангрез  ва фаромадани ярч дар назар дошта шудааст.   

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter