ХАБАРИ ДОҒ

Барои 1 «лайк» Ҷаҳонгир Қурбоналиеви 23-сола аз н.Ёвон ва ҳамзамон ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва нигоҳ доштани навору адабиёти таблиғотии гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ, ба 9 сол зиндон маҳкум шуд. Дар аввали соли ҷорӣ 14 нафари аз н.Ёвонро ба гумон тамошои наворҳо ва расмҳои дорои хусусияти ифротӣ боздошт шуда буданд.

Мақомоти ноҳия барои исботи бегуноҳӣ 10 нафарро озод кард. Аз ин 3 нафар-Шӯҳрат Қарақулови 23-сола, Шамсӣ Қарақулиеви 24-сола ва Фирӯз Ҷӯрақулови 24-сола муттаҳам дониста дониста шуда, тибқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, 307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ муттаҳам дониста мешаванд. Додгоҳи вил.Хатлон баъд аз зӯҳр ҳукми худ нисбати Ҷаҳонгирро содир кард. Бар пояи ин ҳукм, Ҷаҳонгир Қурбонов дар маҳбаси низомаш сангин нигаҳдорӣ мешавад. Аммаи маҳкумшуда Сайрон Солеҳова дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «Ҷаҳонгир шаҳрванди Русия низ ҳаст ва дар наврасӣ ҳамроҳи падараш ба муҳоҷират рафт ва он ҷо аз варзишкорони муваффақ ва ҳангоми ҳар як ғолиб шуданаш парчами Тоҷикистонро мебардошт ва мефахрид, ки шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон аст. Ҷаҳонгир дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ аз Русия баргашт ва мехост дар иди Наврӯз дар мусобиқаи  гуштӣ иштирок кунад, ва ҳоло қурбони тӯҳмат шуд. 4 ҷом дораду медалҳои зиёд". Аловиддин Қурбоналиев, падари Ҷаҳонгир, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Маскав аст, гуфт, дар мурофиаи писараш вакил ҳатто ширкат накардааст ва аз ҳукм ва баргузории мурофиаи додгоҳӣ қаноатманд нестанд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter