ХАБАРИ ДОҒ

Қурбони Мирзоёр Узви КИМ СССР

  • Чоршанбе, Июл 26 2023

 

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, дар таърихи башарият нахустин инқилоби музаффари сотсиалистист, ки моҳи ноябри соли 1917 синфи коргари Россия бо деҳқонони камбағалтарин иттифоқ баста, таҳти роҳбарии Партияи коммунистӣ бо сардории В. И. Ленин ба амал баровард.

Револютсияи Октябр ҳокимияти буржуазия ва помешиконро сарнагун, диктатураи пролетариатро барқарор ва давлати советии сотсиалистиро бунёд намуда, дар таърихи инсоният давраи нав - давраи аз капитализм ба сотсиализм гузаштанро кушод.

 То Револютсияи Октябр ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба қисмҳои ҷудогонаи маъмурӣ - ҳудудӣ тақсим шуда, ноҳияҳои шимолӣ ва Помир ба кишвари Туркистон ва ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ (Бухорои Шарқӣ) ба аморати Бухоро дохил буд. Ҳокимияти Советӣ дар ин қисмҳои Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, дар як вақт не, балки дар солҳои гуногун ғалаба кард…

2 сентябри соли 1920 шӯришгарон ва Армияи Сурх тамоми Бухорои куҳнаро ба даст дароварданд. Револютсияи халқӣ дар Бухоро ғалаба кард. 6-8 октябри соли 1920 Съезди 1-уми умумибухороии намояндагони халқ доир шуд, ки созмон ёфтани Республикаи Халқии Советии Бухороро эълон кард…

 

Туман

Аскарони Сурхи коргару деҳқон ва калтакдорони сурх бар зидди босмачиён ва иртиҷоиёни хориҷӣ муборизаи беамон бурда, дороии бойҳо ва заминдоронро ба камбағалон тақсим мекарданд. Ҳукумат нафарони гарданшаху саркашро бадарға ва ё мепаронданд.

Ҳукумати нав ба булукоти Кангурту водии Данғара низ расид. Тибқи маъхазҳо, мувофиқи маълумоти бойгонии кишвар ба 5 декабри соли 1925 ва аввали соли 1926 дар вилояти Кӯлоби онвақта 5 туман, 16 кент ва 49 деҳа мавҷуд буд.

Дар тумани Балҷувон кенти Кангурт (4 ҷамоат), кенти Кулли Сӯфиён (4 ҷамоат), кенти Судара (4 ҷамоат) ва кенти Оқсу (4 ҷамоат) ташкил шуд.

 

Пушинг

Ба ҳамин минвол дар деҳаи Пушинг низ мисли мавзеҳои дигари ҷумҳурӣ нишонаҳои нахустини хоҷагиҳои ҷамъиятӣ – Иттифоқи деҳқонони яккадаст, ТОЗ-ҳо, артелҳо ва колхозҳо арзи вуҷуд намуд...

Баҳори соли 1929 ҳукм меронд. Саҳни мактаби ибтидоии деҳаи Пушинг маҷлисгоҳро мемонд. Зери сояи чанори умрдидаи сершоху барг сокинони деҳа: пиронсолон, деҳқонон, ҷавонон, собиқ аъзои отрядҳои ихтиёриён рӯйи алафзор чорзону зада байни ҳам суҳбат доштанд.

Намояндаи ҳукумати нав ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, мақсади гирдиҳамоиро фаҳмонд. Интихоби раиси хоҷагӣ, муовини ӯ, хазинадор, раиси совети ҳосилот. Чанд тан номзадии шиносҳои худро ба ин ё он вазифа пешниҳод карданд. Баногоҳ садои марғуладори деҳқони номошно Далидини Абдул баланд шуда иҷозаи сухан хост:

- Аз номи совети ҷамоа пешниҳод мекунам, ки Қурбони Мирзоёр раиси хоҷагӣ интихоб карда шавад. Қурбон заҳматкаш, марди бовиҷдон ва деҳқони ботаҷриба аст…

- Номзади шоиста…

- Мо розӣ…, - баланд шуда нидоҳои ҷонибдорӣ…

Бо овоздиҳии кушода, бо тарафдории қариб сад фоизи ҳозирин Қурбони Мирзоёр раиси хоҷагии коллективии деҳаи Пушинг интихоб шуд. Ҳамон рӯзҳо, соли 1929 синну соли раиси тозаинтихоб ба 55 дака хӯрда буд.

 

Қурбони Мирзоёр

Талхиву сардиҳои зиндагиро бисёр чашидаву аз хурдсолӣ дар хонаи бойҳои заминдору чорводори булукоти Кангурт дастёрӣ мекард. Чун як тани бесоҳибу бесарпаноҳ ҳоли вазнин дошт...

Ҳукумати советӣ ӯро аз зери зулму истибдоди бойҳо раҳо кард. Қурбони бебизоат бологузар шуд. Кунун дар ширкати ғалла - кумитаи камбағалон ва совети ҷамоа фаъолият дошт. Роҳбарони ниҳодҳои давлатии ҳукумати нав аз роҳбари хоҷагӣ қаноатманд буданду эҳтиромашро қоил.

Қурбони Мирзоёр новобаста ба вазифаи хеш пешаи деҳқониро пеши по назад. Вай мисли ҳама замин шудгор мекард, ғалла мепошид, баробари ҳама гандум медаравид, ҳосил ҷамъ меовард. Ба ҷуз ин ҳама раис пас аз ҷамъбасти корҳои рӯзона, солҳои 1926-1928 шабона дар курси маҳви бесаводӣ (ликбез)-и мактаби деҳа хонда хатту савод баровард. 

 

Узви КИМ СССР

Соли 1927 Қурбон Мирзоёровро аз Ҷумҳурии Худмухтори Советӣ сотсиалистии Тоҷикистон ба пойтахти Ҳукумати Советӣ, ба шаҳри Москва раҳнамун сохтанд. Ҳайати вакилон таҳти роҳбарии Раиси Комитети Иҷроияи Марказии РАСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум тавассути қатора, баҳри иштирок дар Анҷумани Совети Умумииттифоқӣ равон шуданд. Қурбон бори нахуст ба оташароба (поезд) нишаставу шаҳрҳои аҷибу ғариб, даштҳои васеъ, кушку қасрҳои муҳташамро медид. Аз ҳайрат гиребон ғунча мекард, ки дар дунё чи гуна шаҳрҳо арзи вуҷуд доштаанд.

Бо тавсияи роҳбарияти Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон Қурбон Мирзоёровро узви Комитети Иҷроияи Марказии СССР интихоб намуданд. Нишони хурдакаки сарисинагӣ ва гувоҳномаи аъзогиро аз дасти «Оқсақоли» Иттиҳоди Шуравӣ Михаил Иванович Калинин гирифта, дастони пири номдорро боэҳтироми зиёд фишурд. Аз ғояти хурсандӣ ба гуфтае ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Ашки шодӣ гирди чашмонаш ҳалқа зад…

То ба солҳои наздик ҳуҷҷатҳои раис дар бойгонии нахустфарзандаш, муаллими мактаби миёнаи деҳаи Пушинг Саид Қурбонов маҳфуз буданд…

 

Қурбони аъзо

Баъди бозгашт аз Анҷуман, аз пойтахти давлати Советӣ шаҳри Москва, раис аз дидаву шунидаҳо бо ҳаяҷон ба аъзои хоҷагӣ, пирони деҳ ва сокинони ноҳияи Кангурт бо шавқ нақл мекард. Ҳамин хел, мардум ӯро акнун бо исми «Қурбони аъзо» мешинохтанд ва ин тахаллус тамоми умр ӯро ёр шуд.

Қурбон Мирзоёров солҳои зиёд ба симати раиси колхоз софдилона меҳнат кард. Дар пешрафту тараққии колхоз саҳми шоиста гузошт. Колхози ба номи Каганович дар байни хоҷагиҳои дигари ноҳияи Данғара ва баъдтар дар миқёси ҷумҳурӣ бо натиҷаҳои баланд ва дастовардҳо ном баровард.

Аҳли деҳаи Пушинг, аз хурд то бузург раиси номварро эҳтиром мекарданду эҳтиромашро қоил буданд. Узви КИМ СССР Қурбон Мирзоёров умри пурбаракат дида, дар 96-солагӣ даргузашт ва дар оромгоҳи зодбум мадфун гашт.

Имрӯз низ сокинони солманди деҳаи Пушинг ва ноҳияи Данғара Қурбони аъзоро ба некӣ ёд меоранд.

 

Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter