Дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар ҷанги зидди фашистони гитлерӣ аз Тоҷикистон зиёда аз 300.000 нафар (25% аҳолӣ) ҷавонмардон баҳри дифои давлати хеш бархоста буданд. Баъди хотимаи ҷанг доманаи 100.000 нафар ба зодбуми хеш барнагашт (8% аҳолии РСС Тоҷикистон фавтид дар ҶБВ). Ин дар ҳолест, ки соли 1941 аҳолии Тоҷикистони Шуравӣ 1 млну 300 ҳазорро ташкил медод. Пас, хулосае бармеояд, ки беш аз 8-9% аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз нобуд шудаанд (Фарзи мисол, ҳоло 8-9% аҳолии кишвари мо 1 млн нафарро таъсис медиҳад!!!). Вале миллати шарафманди Тоҷик ҳамту намурдааст. Балки аксарият қаҳрамонона ҷангидаанд! Ҳамаи 300.000 ҷангии Тоҷик ордену медалҳо гирифтаанд. Барои диловарӣ, ҷонфидоӣ бошад, 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони олии давлати абарқудрати дунё-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гашта, 21 нафар (19 маълумот то соли 2015) сарбозону афсарони пурдил дорандагони 3 дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд, ки автоматӣ Қаҳрамони Иттифоқи советӣ маҳсуб мераванд.
То ба ҳамин наздикиҳо шумораи қаҳрамононро аввал 54, баъд 58 нафар мегуфтанд. Шурӯъ аз соли 2015 бино бар гуфтаи муҳаққиқ Умари Шерхон шумораи онҳо 66 нафар (албатта, бо ҷамъи 5 нафар тоҷикони бурунмарзӣ) расид. Аммо ин фикр ниҳоӣ нест. Ба қавли доктори илмҳои таърих Сайфиддин Раҳимов шумораи барандагони ин унвони олӣ ба 72 нафар («Вечерний Душанбе» 8.5.2014) мерасад. Сар аз шумораи навбатӣ газетаи СССР дар бораи 66 тан тоҷикистонӣ-Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ (версияи Умари Шерхон) мухтасаран пешниҳод мегардад. Хонед ва қазоват баред, ки Мо метавонем!