Фоли Шолл
17.05.1941 ҷосуси маъруфи шӯравӣ “Рамзай”, коммунисти олмонӣ Рихард Зорге, Маскавро аз теъдоди нерӯҳои олмонӣ, ки барои ҳуҷум ба СССР тайёрӣ медиданд, огоҳ карда, ҳатто рӯзи ҳуҷумро 22 июн номбар мекунад.
Аммо мутаассифона, Сталин ба ин хабар гӯё аҳамият намедиҳад. Дар солҳои 1990 дар таърихнигории шӯравӣ ақидаеро пиёда карданд, ки тибқи он Хадамоти ҷосусии Шӯравӣ дар оғози ҶБВ бисёр фаъолияти сермаҳсул дошт ва қариб ҳамаи асрори “Рейхи саввумро” ошкор кард, лек Сталин ба ин хадамот бовар намекард ва 100% мӯътақид буд, ки Олмон ба СССР дар соли 1941 ҳуҷум намекунад. Аммо бархе ин ақидаро рад карда мегӯянд, Хадамоти ҷосусии шӯравӣ ҳеҷ вақт дар Берлин ҷосусе ба дараҷаи Штирлитс, ки озодона тавонад ба утоқи Борман ё Гимлер ворид шавад, надошт. Инҳо мегӯянд, тибқи асноди ба даст омада, аз ҳама пинҳонкорони баландмартаба ва воқиф дар пойтахти Рейхи саввум, обер-лейтенант Харро Шултсе-Бойзен (бо тахаллуси Старшина), аз ситоди Геринг ва референти вазорати иқтисод Арвид Харнак (“Корсиканетс”) буданд. Онҳо ба Маскав маълумоти муҳими зиёдеро ирсол карданд, аммо ба “асрори волои рейх” огоҳӣ надоштанд. Аз сӯи дигар Сталин низ чандон одами “бефаҳм” набуд ва факту рақамро бисёр гиромӣ медошт. Хабари маймоҳии Зорге низ дар асл чизи дигареро мегуфт. Дар хабари маъруф чунин омада буд: “Интизории ҳуҷум дар наздикиҳои 15 июн ба маълумоте такя мекунад, ки подполковник Шолл аз Берлин овардааст... Шолл гуфт, ки зарбаи аз ҳама сахт аз ҷониби ҷиноҳи чапи Артиши олмонӣ зада хоҳад шуд”. Зорге 1 июн хабари дигареро низ ба Маскав фиристод, ки дар он гуфта мешуд: “Қосид (хаткашон)-и сафорати олмонӣ ба намояндаи ҳарбӣ гуфт, ки ӯ муътақид аст, ҷанг алайҳи СССР мумкин то авохири июн ба таъхир уфтад. Намояндаи ҳарбӣ (атташе) намедонад ҷанг мешавад, ё не”. Аз ин 2 хабар бармеояд, ки Зорге ҳеҷ чизро бо боварии 100% иддао намекунад ва рӯзи оғози ҳуҷумро ҳам намегӯяд. Лек аз ин муҳимтар манбаи маълумоти Зорге-подполковник Шолл, ки чанде қабл (6 май) намояндаи ҳарбии Олмон дар Таиланд таъин шуда буд ва сари қадам дар Токио таваққуф кард, барои Маскав чандон боэътимод набуд. Аз сӯи дигар аз рӯзи ҳуҷум (22 июн) ҳатто фармондеҳони ояндаи гурӯҳи армияҳо дар Шарқро танҳо 30 апрел огоҳ карданд. 1 подполковники қаторӣ наметавонист ба ин навъ маълумот дастрасӣ ёбад ва агар ҳам метавонист ҳеҷ гоҳ ин навъ ахборро ба гӯши кормандони сафорат, ки ҳаводиси Аврупо ба онҳо тааллуқ надошт, намерасонд. Шолл танҳо бо ҳамватанонаш дар мавриди хабарҳои охирини Берлин сӯҳбат мекард ва пешгӯиҳои ӯ арзиши фоли 1 таҳлилгари имрӯзаро доштанд. Табиист, ки немисҳо наметавонистанд махфиёна он миқдор нерӯро, ки барои амалиёти “Барбаросса” зарурӣ буд, ба марзи СССР фиристанд, хосса, баъди моҳи апрел. Берлин ин амалкарди худро “истироҳат ва аз нав таъсисдиҳии қисмҳо пеш аз ҳуҷум ба Англия” маънидод мекард. Аммо Сталин низ ором намегирифт ва немисҳо маълумот доштанд, ки нерӯҳои шӯравӣ ҷониби сарҳадоти ғарбии худ дар ҳаракатанд ва Маскав расман ин амалкарди худро “тафтиши кори ниҳоди роҳи оҳан” қаламдод менамуд.
Пешгӯӣ
Баҳори соли 1941 кулли доираҳои дипломатӣ, таҳлилӣ ва хабарнигории тамоми дунё аз ҷангу ҳуҷуми ояндаи Олмон бо СССР мегуфтанд. Барои пешгӯии ҷанги оянда зарурат набуд, ки кас нобиға бошад. Албатта хадамоти ҷосусии шӯравӣ низ бекор набуд. Ахбор аз тамоми ҷаҳон халта-халта ба Маскав меомаданд, лек ҳамаи онҳо ё аз ҷоивазкунии ин ё он қисми алоҳидаи ҳарбӣ, ё аз ироаи сӯҳбатҳои намояндагиҳои шӯравӣ бо дипломатҳои хориҷӣ ё хабарнигорон иборат меёфтанд ва ҳеҷ кадомашон ба саволи асосӣ “дар куҷо, бо чӣ теъдод нерӯ, аз ҳама асосӣ, кай” ҷавоб намедоданд. Дар асл хадамоти ҷосусии СССР ҳеҷ гоҳ нақшаи “Барбаросса"-ро ба даст наоварда буд. Ин нақша танҳо дар 9 нусха буд ва 6 нусхаи он то охири ҷанг дар сейфи шахсии фюрери олмонӣ нигаҳдорӣ мешуд. 3 нусхаи боқимонда бошад, декабри соли 1940 ба Геринг, Браухич ва Редер фиристода шуданд. Дар баробари ин фюрер фармондеҳонро сахт огоҳ кард, то замони муайян, ҳеҷ ҳуҷҷате дар иртибот бо нақша омода накунанд ва ҳамаи назариёти худро даҳонӣ ба ӯ бигӯянд. Дар баробари ин санаи ҳуҷум ҳатто дар нақшаи Барбаросса ҳам набуд. Фюрер танҳо 30 апрел рӯзи ҳуҷумро муайян кард ва он ҳам боз метавонист тағйир дода шавад. Гитлер дар вақташ ҳуҷум ба Полша ва Фаронсаро чандин дафъа тағйир дода буд. 18 июн ба нерӯҳо аломати шартии “Дортмунд” расонида шуд, баъд аз он ҳайати қумондонӣ (то қумандонҳои полк) вазифагузорӣ шуд ва бо ин чанд ҳазор каси дигар аз ин сирр огаҳӣ ёфтанд. Барои аскарон фармони фюрерро соати 13:00-и 21 июн қироат карданд. Аммо баъди ин низ дар Маскав аз ҳуҷуми немисҳо на тавассути ҷосусон, балки аз аскарони немис, ки ба тарафи шӯравӣ гурехта буданд, огоҳ шуданд.
Бозӣ
Абвер-хадамоти ҷосусии немис низ дар арафаи ҷанг бозии бисёр муваффақеро барои гӯл задани роҳбарияти шӯравӣ, дар бобати ҳуҷуми ояндаи немисҳо амалӣ намуд. Ин гӯлзанӣ дар 4 самт роҳандозӣ шуд. 1.Немисҳо ба фазои хабарӣ санаҳои гуногуни оғози ҷангро мепартофтанд, то Маскав ҳушёриашро аз даст диҳад. 2.Немисҳо тавонистанд ба фармондеҳии Артиши Сурх ва худи Сталин ин фикрро талқин кунанд, ки дар сурати оғози ҷанг, онҳо зарбаи асосиро дар Украина ва дар шимол аз Пруссияи Шарқӣ, ҳатто аз Финляндия хоҳанд зад. Дар натиҷа армияи 4-и шӯравӣ, ки дар самти асосии ҳуҷуми оянда (Брест) қарор дошт, ягона армияи саҳроии қатори 1 шуд, ки дар ҳайати худ бригадаҳои тӯпи зиддитонкӣ надошт. 3.Немисҳо сахт ин ақидаро, ки пеш аз оғози ҷанг Берлин ба Маскав бо талаби таҳдидӣ (ултиматум) муроҷиат мекунад, расонаӣ мекарданд. 4.Немисҳо тарафи шӯравиро бовар кунониданӣ буданд, ки мақсади ояндаи онҳо нафти Ховари Миёна аст. Аз 20 то 21 май немисҳо амалиёти ишғоли ҷазираи Критро пиёда карданд, ки барояшон бисёр гарон ва дар арафаи ҳуҷум ба СССР нодаркор буд. Моҳи апрел Абвер дар Ироқ табаддулот доир намуд ва дар ин кишвар ҳукумати Рашид Алиро, ки ба Олмон таввҷҷӯҳ дошт, ба сари қудрат овард. Маршал Жуков дар ёддоштҳояш менависад, ки маймоҳи соли 1941 дар яке аз сӯҳбатҳо бо Сталин ба назди харитаи дар девор овезон омад ва бо дастаи чубуқаш ба Ховари Миёна ишора намуда гуфт: “Ана, ба куҷо онҳо равонаанд”. Аммо ин нуктаи назар низ, ки аз маълумоти Зорге комилан сарфи назар қарор дода шуд, чандон дуруст наметофт. Дар ситоди аршади нерӯҳои шӯравӣ кори аналитикии зиёде анҷом дода мешуд. Танҳо дар 3 ҳафтаи моҳи июн комиссари халқии мудофиа маршал Тимошенко ва сардори ситоди генералӣ Жуков 7 маротиба бо Сталин дидор карданд. Тибқи ёддоштҳои Жуков, онҳо пайваста аз Сталин тақозо мекарданд, ки нерӯҳои ҳарбиро ба “ҳолати омодабоши ҷангӣ” биёранд. Ё ба андешаи баъзе аз муаррихини муосир, ҳуҷуми дарпешистодаи немисҳоро бо ҳуҷуми Артиши Сурх пешгирӣ кунанд. Яъне аввалин шуда, зарба зананд, лек Сталин ин андешаҳоро тарсӯӣ қаламдод карда, барои ин фикраш асоси мантақӣ низ дошт ва он таносуби воқеии қувваҳо ба шумор мерафт.
Фюрери назарногир
СССР дар оғози ҷанг аз нерӯи ҳарбии бузурге бархурдор буд. Теъдоди Артиши Сурх (АС) дар соли 1941 5 млн 774 ҳазору 200 нафарро ташкил медод. Инҳо дар 303 дивизия ва 19 бригадаи нерӯи заминӣ ва десантӣ (ВДВ) муттаҳид шуда буданд. Аз лиҳози техникӣ бошад АС 25 784 тонк, 24 488 тайёра, 117 581 тӯпу миномёт дошт. Сталин танҳо дар эшелони аввали мудофиавӣ 190 дивизия, 3 млн. 289 ҳазору 851 ҷанговар, 15 687 тонк, 10 743 тайёра ва 59 787 адад тӯп дошт. Дар баробари ин нерӯи азим, Артиши фюрер ҳамагӣ аз 145 дивизия бо 3 млн. 920 ҳазору 100 ҷанговар, 3754 тонк, 4322 тайёра ва 40 354 тӯпу миномёт иборат шуда буд. Хадамоти ҷосусии шӯравӣ бошад, теъдоди ин нерӯҳоро аз 120 то 122 дивизия меномид. Ҳеҷ сиёсатмадори солимақл бо ин таносуби қувваҳо кишвари дигареро мавриди ҳуҷум қарор намедод. Сталин инро ба ҳайси 1 сиёсатмадор дарк мекард, лек фюрер билохира инсони истисноӣ буд. Ин ориёии бузург, ки славянҳоро одамӣ дараҷаи 2 медонист, аслан артиши Сталинро ҳарифи ҷиддӣ намедонист ва ният дошт онро дар зарфи 3 моҳ шиканад. Он замон Сталин аз ин хусусиёти фюрери олмонӣ бехабар буд ва ин гуна фикр ба сараш намеомад. Дар ҳар сурат ҳуҷум ба СССР бо ин теъдод нерӯ худкушӣ будӣ. Пасон аён шуд, ки хадамоти ҷосусии немис-Абвер, дар назарсанҷиаш нисбати нерӯи ҳарбии СССР ба иштибоҳоти зиёд роҳ додааст. Барои мисол немисҳо аз мавҷудияти тонкҳои миёна ва вазнини СССР Т-34 ва КВ, инчунин аз миномётҳо Катюша, танҳо баъди оғози ҳуҷумашон огоҳ шуданд. Сардори ситоди герералии артиши олмонӣ Галдер аллакай 11.08.1941 гуфт: “Вазъияти умумӣ беш аз беш нишон медиҳад, ин хӯшаи гилин Русия, ки бошуурона ва дидаву дониста ба ҷанг тайёрӣ медид, аз ҷониби мо баҳодиҳии арзанда нашуд”. Эрхард Раус яке дигар аз генералҳои немис баъди ҷанг гуфта буд: “Кулли компанияи русӣ 1 бадеҳаи бузургеро мемонд. Командирони болоӣ аслан немедонистанд бо чӣ дучор хоҳанд шуд”. Фюрер пас аз ин ба адмирал Канарис ва хадамоти ӯ дигар бовар намекард ва дар яке аз сӯҳбатҳояш бо Гудериан, тирамоҳи соли 1941 иброз карда буд: “Агар медонистам, ки русҳо ин қадар тонки зиёд доранд, шояд ин ҷангро сар намекардам”.
ГРУ ва нархи гусфанд
Дар арафаи ҷанг боз 1 ҳодисае рӯй дода буд, ки онро то ҳол дар макотиби ҷосусии дунё меомӯзанд. Мегӯянд, сардори Хадамоти Асосии Ҷосусии (ГРУ) АС Филип Голиков ё яке аз муовинони ӯ меъёри ақлонии ба фикрашон мантиқиеро кашф карданд, ки мебоист дар бобати нияти роҳбарияти Олмон ҳукм мекард. Филип ва ёронаш фикр мекарданд, ки тайёрӣ ба ҳуҷум зидди Русияи хунук бояд албатта, забҳи оммавии гӯсфандонро барои дӯхтани сару либоси зимистонаи сарбозӣ дар бар гирад ва тибқи қонуни бозори иқтисодӣ нархи гӯсфанд дар Аврупо бояд боло равад. Ҳазорон ҷосуси шӯравӣ дар Аврупо аз болои нархи гӯсфанд назорат мекарданд ва чун ин нархҳо дар соли 1941 собиту устувор боқӣ монданд, дар ГРУ ба хулосае омаданд, ки соли 1941 Олмон ин ҷангро сар намекунад. Ҷавоби ин муаммо низ баъдан рӯшан шуд. Соли 1943 фелдмаршали асири немис Фридрих Паулюс, ки тарроҳи асосии нақшаи Барбаросса ба шумор мерафт, гуфт, ки фюрер аслан дар фикри ҷанг дар зимистон набуд ва вақте Паулюс ин нуктаро ба ӯ ёдрас кард, Фюрер бо ғазаб ба сараш дод мезанад: “Ҳеҷ гуна ҷанги зимистона сурат нахоҳад гирифт. Ман қатъан шуморо аз ҳарф задан дар мавриди ҷанги зимистона манъ мекунам”. Бо ҳамин, фюрери олмонӣ сабаби наҷоти ҷони гӯсфандони зиёде шуд ва ГРУи шӯравиро низ фиреб дод. Аз сӯи дигар яке аз кормандони Хадамоти ҷосусии (кашфи) берунии Русия В.Карпов ҳанӯз соли 2001 гуфта буд: “Хадамоти ҷосусии мо танҳо аз тайёрии ҳарбии Олмон ва санаҳои эҳтимолии ҳуҷум хабардор буд. Аммо мақсадҳои Гитлер, характери ҷанги оянда, самти зарбаҳои асосӣ барои мо маълум набуданд. Инчунин то ба охир аён набуд, ки Олмон худаш ба танҳоӣ бо мо меҷангад ё иттиҳоде алайҳи мо таъсис медиҳад”. Ҳатто теъдоди дивизияҳои немис низ тахмин муайян шуда буданд. Бар замми ин фюрер нерӯҳои тонкиашро танҳо 2 рӯз қабл аз ҳуҷум ба сарҳади СССР фиристод. Карпов инчунин хабари маъруфи Зоргеро дар бобати оғози ҷанги дурӯғе, ки дар замони Хрушёв пайдо шуд, муаррифӣ кард.
Оби тоза
Зорге барҳақ зиндагии бисёр пурҷӯшу хурӯшеро пушти сар кард. Ин коммунисти немис баъди он, ки Ҳизби коммунистӣ дар Олмон манъ шуд, ба аввалин кишвари Шӯроҳо омада, узви Комминтерн ва ба сафи муборизон барои ғалабаи ҷаҳонии коммунизм шомил шуд. Табиист, ки коммунистони хориҷӣ пеш аз ҳама зери назари хадамоти ҷосусӣ ё кашфи берунии шӯравӣ қарор мегирифтанд. Он ҳангом асоси ин хадамотро тирандозони собиқи латиш ташкил медоданд. Яке аз онҳо Константин Басов буд. Маҳз ин тирандози латиш истеъдодҳои нуҳуфтаи Зоргеро ёфт ва ӯро ба кори ҷосусӣ пешбарӣ кард. Номи пурраи ӯ Аболтин Ян Янович буд ва аз соли 1918 дар сафи АС хизмат мекард. Қисми ҳарбии ӯ аз соли 1918 то соли 1919 дар Арзамаси Мардова мустақар шуда буд ва Басов дар Арзамас барои хидмати оянда ба хадамоти ҷосусӣ гузашт. Маҳз вай барои Зорге тахаллуси Рамзайро интихоб намуд. Рамзай яке аз мавзеъҳои зебоманзари Арзамас ба шумор мерафт ва аз мордовӣ ба русӣ чун “оби тоза” тарҷума мешуд. Аввалин сафари хидматии Рамзай соли 1929 ба Англия ва Ирландия иттифоқ уфтод. Зоргеро дар Англия қапиданд, аммо ҳеҷ далоиле зиддаш наёфтанд. Баъди 1 сол ГРУ Рамзайро ба шаҳри Шанхайи Чин мефиристад. Зорге дар Шанхай бо журналист ва ҷосуси амрикоӣ Агнес Смедлӣ ва журналисти ҷопонии коммунистӣ, Хотсуми Одзакӣ ошно мешавад. Мегӯянд, Зорге ҳини фаолияташ дар Чин ба хулосае омад, ки дар оянда ИМА дар минтақаи Осиёи Дур нақши асосиро ифшо хоҳад кард. Ӯ навишта буд: “Ба ман аён шуд, ки дар оянда ИМА ҷои Англияро дар Уқёнуси Ором мегирад”. Роҳбарияти ГРУ соли 1933 қарор дод, ки Зоргеро ба Япония фиристад. Зорге 6.09.1933 ба ҳайси мухбири рӯзномаҳои маъруфи олмонӣ “Бёрзен курер” ва “Франкфуртер цайтунг” вориди Токио шуд. Пеш аз омадан ба Япония Рамзай аз Фаронса дидан намуд ва бо намояндаи хадамоти ҷосусии шӯравӣ вохӯрд. Сипас ба ИМА рафт ва дар ин ҷо дар асоси тавсияномаи профессори Мюнхенӣ Клаус Хаусхофер ба сафири Япония дар ИМА Кацио Дибусӣ тавонист аз сафорати ҷопонӣ тавсиянома ба вазорати корҳои хориҷии Япония бигирад. Лек соли 1938 Басов чун узви гурӯҳи аксулинқилобӣ парронда шуд ва назари роҳбарият дар Маскав нисбат ба шогирди ӯ низ тағир ёфт. Маймоҳи соли 1938 Рамзай ҳини дучархасаворӣ ба садама дучор шуд, аммо тавонист қабл аз ҳуш рафтан ҳуҷҷатҳои махфӣ ва долларҳои бо худ доштаро ба ёрдамчиаш Макс Клаузен бидиҳад. Ин кор гурӯҳи ӯро аз ошкор шудан наҷот дод. Аммо дар Маскав гумон мекарданд, ки гурӯҳи Зоргеро ҷопониҳо ошкор кардаанд ва маҳз ба хотири ин дар роҳбарияти ГРУ ба Рамзай чандон эътимод надоштанд. Аммо баъди оғози ҷанг вазъият дигаргун шуд. Сталин ба хабари 2-уми Рамзай оид ба ҳуҷум накардани Япония ба СССР дар соли 1941 бовар кард ва дивизияҳои Шарқи Дурро ба назди Маскав фиристод.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР