ХАБАРИ ДОҒ

Моҳи июли соли 1918 шӯриши эссерони чап алайҳи болшевикон ба вуқӯъ пайваст. Эссерони чап зидди сиёсати болшевикон, хусусан сулҳи Брест, ба зӯр ситонидани озуқаворӣ аз деҳқонон ва кумитаҳои камбағалӣ (комбед), ки болшевикон дар деҳот ташкил карда буданд, баромад карданд. Шӯриши эссерон 6 июл бо қатли сафири Олмон-граф Вилгелм фон Мирбах аз ҷониби кормандони ВЧК Яков Блюмкин ва Николай Андреев, ки ҳар 2 аъзои ҳизби эссерони чап буданд, оғоз шуд.

 

Иттифоқчиён

Тирамоҳи соли 1917, дар арафаи инқилоби худ болшевикон ҳанӯз наметавонистанд дар танҳоӣ қудрати сиёсиро дар дасти худ нигаҳ доранд. Пайравони Маркс ниёзи шадид ба иттифоқчӣ доштанд ва ҳизби эссерони чап он қудрате шуд, ки ба ҳайси иттифоқчии болшевикон баромад намуд. Намояндагони зиёди ин ҳизб баъди Инқилоби октябрӣ вориди ҳукумати болшевикӣ (ШКХ) шуданд. Аммо дар оянда бо беҳтар гардидани вазъияташон болшевикон сиёсати яккаҳукмрониро пеша гирифтанд ва эссерони чап барояшон дигар нодаркор буданд. Ҳизби эссерони чап (инқилобиёни сотсиалист) чун як қаноти мухолиф дар дохили ҳизби эссерон дар солҳои ҷанги ҷаҳонии 1 пайдо шуд ва моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 чун ҳизби мустақили сиёсӣ созмон ёфт. Пешвоёни эссерони чап Мария Спиридонова, Борис Камков (Катс), Марк Натансон, Андрей Колегаев ва як қатор дигарон буданд. Моҳи октябри соли 1917 эссерони чап ба Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии Шӯрои Петроград ворид гаштанд ва дар сарнагунии Ҳукумати муваққат фаъолона ширкат варзиданд. Дар Анҷумани II умумируссиягии Шӯроҳо эссерони чап, инчунин ба ҳайати Кумитаи Марказии Иҷроия (КМИ) ворид шуданд. Эссерони чап дар оғоз аз даромадан ба ҳайати Ҳукумати шӯравӣ-Шӯрои Комиссарони Халқ сар боз заданд ва аз болшевикон хостанд, то онҳо як ҳукумати муштарак аз намояндагони ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ таъсис диҳанд. Лек пасон назари онҳо иваз шуд ва дар охири соли 1917 намояндагони эссерони чап ба ШКХ ворид шуданд. Эссерони чап дар таъсиси Артиши Сурх низ фаъолона ширкат варзида, теъдоди зиёди онҳо дар Комиссияи Фавқулоддаи Умумирусиягии (ВЧК) Феликси оҳанин фаъолият мекарданд. Аммо дар баробари ин, назари эссерони чап дар як қатор масоили калидӣ аз назари болшевикон ба куллӣ фарқ мекард. Аз ҳама ихтилофи сахт миёни ин 2 ҳаракати сотсиалист, бархурд дар масоли деҳқонон ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин эссерони чап дар саркуб кардани мухолифон барои болшевикон кӯмаки сахт карданд. Маҳз бо ёрии онҳо Ленин ва ҳаммаслаконаш бар кадетҳо, анархистон ва меншивикон пирӯз гардиданд. 

Сулҳи “беҳаё”

Марти соли 1918 бо имзои сулҳи Брест ихтилофи эссерони чап бо болшевикон ба авҷи шиддати худ расид. Эссерони чап ба нишони эътироз алайҳи сулҳи “беҳаё” ҳукумати шӯроҳоро тарк карданд. Дар Анҷумани IV Шӯроҳо эссерони чап зидди сулҳи брест овоз доданд. Аъзои КМ ҳизби эссерони чап Сергей Мстиславский, ки аъзои ҳайати вакилони шӯравӣ дар гуфтушуниди сулҳи Брест-Литовск буд, баъди анҷоми гуфтушунид мардумро бо шиори “Агар ҷанг нашуд, шӯриш кунед!” барои муқобила бо немисҳо даъват намуд. Бо вуҷуди баромаданашон аз ШКХ эссерони чап мавқеъҳояшонро дар чанд комиссариати халқӣ, ВЧК, артиш, шӯроҳо ва кумитаҳову комиссияҳои гуногун нигаҳ доштанд. 9.05.1918 КИМ Декретро дар бораи монополияи давлатӣ гардонидани истеҳсоли нон ба имзо расонид. Ин баҳонаи нави зиддияти эссерони чап бо болшевикон шуд. Декрети нави болшевикон зидди деҳқонони бой ва миёнаҳол, ки такягоҳи асосии эссерони чап дар деҳот маҳсуб мешуданд, равона гардида буд ва ин ногузир мухолифати эссеронро ба бор овард. Аммо ҷудоии қатъии 2 ҳизб ҳине сар зад, ки “комбед”-и болшевикон намояндагони эссерони чапро аз Шӯроҳои қишлоқҳо берун карданд.

Қатли Мирбах

Дар оғози моҳи июл эссерони чап Анҷумани III ҳизбиашонро доир карданд ва дар ин Анҷуман қарор доданд “бо роҳи инқилобӣ созишномаи барои инқилоби рус ва ҷаҳонӣ марговарӣ Брестро аз миён бардоранд” Пиёда сохтани қарорро Анҷуман ба зимаи КМ вогузор кард. 5.07.1918 Анҷумани V Шӯроҳо доир шуд. Эссерони чап дар ин Анҷуман низ зидди сиёсати пешгирифтаи болшевикон баромад намуданд. Яке аз пешвоёни ҳизби эссерони чап Мария Спиридонова болшевиконро “хоинони инқилоб” номид ва онҳоро бо намояндагони Ҳукумати муваққат қиёс кард. Умуман, вазъият дар ин Анҷуман бисёр тезутунд шуд. Ҳар 2 тараф ҳамдигарро муттаҳам мекарданд. 6 июл кормандони ВЧК Яков Блюмкин ва Николай Андреев (ҳар 2 аъзои ҳизби эссерони чап) бо мактуби қалбакӣ тавонистанд вориди сафорати Олмон шаванд. Тақрибан соати 14:50 диқиқа онҳоро сафири олмонӣ-Мирбах ба ҳузур пазируфт. Дар ҳайси гуфтугӯ Андреев Мирбахро мепарронад ва сипас ин 2 тан аз сафорат берун омада, дар ситоди дастаи ВЧК таҳти фармондеҳии Дмитрий Попов, ки дар маркази Маскав қарор дошт, паноҳ мебаранд. Баъди чанде роҳбари ВЧК Феликс Дзержинский ба ин даста ҳозир мешавад ва талаб мекунад, ки ҳамлагаронро ба ӯ супоранд. Аммо эссерони чап Феликси оҳанинро, баъди чанде Латсетис ва 27 болшевики намоёни дигарро низ гаравгон мегиранд. Шаби ҳамон рӯз эссерони чап инчунин телеграфи марказиро ишғол намуданд, аммо ин охирин иқдоми шӯришчиён шуд. Эссерони чап шаби 7-ум ба пирӯзӣ бисёр наздик буданд, вале мутаассифона натвонистанд аз вазъияти барояшон қулай истифода баранд.

Имкони аз даст рафта

Эссерони чап дар оғози шӯриш аз бартарии комили нерӯҳо бархурдор буданд. Ба дастаи Попов полки ба номи 1 Март ҳамроҳ шуд ва теъдоди нерӯи шӯришгарон ба 1800 пиёда, 80 савора, 4 мошини зиреҳпӯш ва 8 тӯп расид. Болшевикон бошанд он шабу рӯз дар Маскав танҳо 720 сарбоз, 4 мошини зиреҳпӯш ва 12 тӯп доштанд. Роҳбарияти болшевикӣ низ қисман ба ҳабс гирифта шуда, қисмати дигарашон дар як пакарӣ қарор доштанд. Дар зимн Ленин ба бовафоии қумандони тирандозони латиш (дар асл наҷотбахши болшевикон)-Латсетис боварӣ надошт. Сарвари ВЧК Феликси оҳанин низ аз боварии Илич баромада буд. Умуман, эссерони чап шаби 7-ум имкон доштанд ҳамаи вакилони анҷумани шӯроҳо ва ҳукумати шӯравиро ба ҳабс гиранд, аммо бо сабабҳои номаълум ин корро накарданд. Барои мисол дастаи чекистони Попов умуман ягон иқдоми фаъолона накард ва то торумор шуданаш аз бинле, ки дар он мустақар буд, берун наомад. Ин мавқеъи эссерон ба болшевикон фурсат дод, то худро наҷот диҳанд. Доҳӣ ва Н.Подвойский-роҳбари ҳарбии болшевикон, сарвари тирандозони латиш-И.Латсетис хеле зуд барои пахши шӯриш чора диданд. Коргарони Маскав барои пахши шӯриш сафарбар шуда, тирандозони латиш низ ба ҳолати омодабош даромаданд. Субҳи 7 июл Ватсетис бо нерӯҳои ба ҳукумати шӯравӣ содиқ ҳуҷуми ҷавобиро оғоз кард. Тирандозони латиш дар зарфи чанд соат шӯришгаронро шикаст доданд. Вакилони эссерони чап дар Анҷумани Шӯроҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Баъзе аз аъзои шӯриш бе ҳеҷ муҳокима парронда шуданд. Боқиро ҳабсҳои дарозмуддат интизор буд. 11 июл бошад ҳизби эссерони чап дар қаламрави Русияи шӯравӣ ғайри қонунӣ эълон карда шуд.

Меҳрубон Салимшо,

Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter