23.04.1985 дар Пленуми навбатии КМ ҲКИШ Горбачёв аз нақшаи ислоҳоти худ аъзои дигари ҳизбро огоҳ намуд. Маҳз дар ин Пленум ӯ бори аввал истилоҳи “бозсозӣ”-ро ба забон овард. Дар Анҷумани ХХVII-и ҲК, ки моҳи феврали соли 1986 доир шуд, вай истилоҳи дигари маъруфи худ “ошкорбаёнӣ”-ро эълон кард. Моҳи январи соли 1987 дар пленуми дигари ҳизбӣ 5 самти асосии ислоҳотро дар соҳаи сиёсии давлат матраҳ намуд. Онҳо иборат буданд аз: 1.Табдил додани ҲКИШ аз сохтори давлатӣ ба ҳизби сиёсии воқеӣ. 2.Бештар кардани озодиҳои демократӣ дар дохили ҳизб. 3.Ширкати номзадҳои ғайриҳизбӣ дар интихобот. 4.Баргузории интихоботи Шӯроҳо дар асоси рақобат ва бекор кардани интихоботи пешина. 5.Табдил додани Шӯроҳо ба ниҳодҳои аслии ҳукуматӣ.
Барои ҷанбаи қонунӣ бахшидан ба ин ислоҳот ӯ қарор дод, Конфронси умумиттифоқии ҳизбиро даъват кунад. Масъалаи даъвати чунин 1 конфронс ҳанӯз дар оғози соли 1987 миёни доираҳои ҳизбии шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, аммо расман қарор дар бобати даъвати 1 Конфронс моҳи июни соли 1987 дар пленуми навбатии ҳизбӣ қабул карда шуд. Тайёрии бевосита барои баргузории Конфронс бошад, танҳо моҳи феврали соли 1988 сар шуд. Таҷрибаи баргузории конфронсҳои ҳизбӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби октябрӣ миёни болшевикон роиҷ шуда буд. Конфронсҳо вақте зарурати тағйир додани роҳи сиёсии ҳизб пеш меомад, дар давраи миёни Анҷуманҳо доир мешуданд. То миёнаҳои солҳои 1930 ин суннат миёни болшевикон роиҷ буд ва кофронсҳо мисли Анҷуманҳои ҳизбӣ тез-тез даъват мешуданд. Лек пас аз соли 1934 дар аввалин кишвари Шӯроҳо танҳо 1 конфронс-Конфронси ХVIII-и ҳизбӣ марти соли 1941 баргузор шуда буд. Акнун Горбачёв қарор дод ин суннати куҳани болшевиконро дубора эҳё кунад. Вазъият дар кишвар бо шиддат тағйир меёфт ва ин тағйиротҳо дар зиндагии сиёсӣ ва иқтисодии мардум бештар хусусиёти ғайримуташаккилона доштанд. Дар дохили худи ҳизб мухолифине вуҷуд надоштанд, чун Низомномаи ҲКИШ созмон додани гурӯҳҳо ё фраксияҳоро дар дохили ҳизб манъ карда буд. Аммо ин ҳизб дигар 100% якраъй ва якфикр ҳам, ҳатто дар КМ ҲКИШ ва Бюрои сиёсӣ набуд. Худи ӯ аз мавҷудияти 2 ҷараён дар дохили ҳизб-ислоҳотчиён ва кӯҳнапарастон хабар дода, дар асл вазъи сиёсӣ дар дохили ҳизб ба маротиб мушкилтар, печида ва номуайян буд. Дар бисёр маврид ин печидагӣ аз номуаянӣ ва норавшании худи ислоҳоти ба нақша гирифта вобастагӣ дошт. Маҳз ба ин хотир аксарияти аъзои ҳизб бар ин бовар буданд, ки даъвати кофронси ҳизбӣ ба фаъолияти ояндаи ҳизб равшанӣ меандозад ва самти ҳаракати ояндаро муайян мекунад. Мутаассифона, ин орзӯи коммунистон ҷомаи амал напӯшид.
Ҳукумат ба Шӯроҳо
Тезизҳои КМ ҲКИШ барои Конфронси XIX-и ҲКИШ дар Пленуми КМ ҲКИШ 23.05.1988 қабул шуданд ва 27 май, яъне танҳо 1 моҳ пеш аз баргузории конфронс дар рӯзномаи “Правда” нашр карда шуданд. Тезисҳо барои конфронс натиҷаи заҳамот ва гузаштҳои зиёд буданд, лек масоили зиёди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар онҳо аслан инъикос наёфта буд, чун мураттибонаш намедонистанд ин масоилро чи гуна тақвият бахшанд. Барои кормандони кадрии ҳизбӣ аз ҳама қисмати муҳими тезисҳоро, масъалаи иваз кардани мунтазами кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ ташкил медоданд. Ин пешниҳодот ҳанӯз дар замони Н.С.Хрушёв дар анҷумани XXII-и ҲКИШ қабул шуда буданд, аммо баъди суқути Хрушев ба фаромӯшӣ супурда шуданд. Дар Тезисҳои нав зикр мешуд, ки ҳеҷ як аз роҳбарони ҳизбӣ аз 2 дафъа бештар наметавонад ва ҳақ надорад дар мансаби худ боқӣ монад. Барои котибони КМ ҲКИШ ин давра ду 5-соларо ташкил мекард, аммо котибони аввали вилоятӣ, танҳо 2 дафъа, 2 солӣ метавонистанд мансаби худро ишғол кунанд. Барои кормандони ташкилотҳои идеологии ҲКИШ аз ҳама қисмати муҳими “Тезисҳо”-ро масъалаи “гуногунандешии сотсиалистӣ” ташкил медод. Дар ин қисмат диққати асосӣ ба озодии сухан, матбуот, озодии баҳс ва маълумот, аммо дар чаҳорчӯби интихоби сотсиалистӣ дода мешуд. Касе ҳақ надошт асли сотсиализмро дар ин мубоҳисот зери савол барад. Аммо баҳсу мунозироти воқеӣ дар кишвар аллакай моҳҳои апрел-майи соли 1988 аз чаҳорчӯби муайянкардаи ин “Тезисҳо” берун рафта буд. Аммо аз ҳама қисмати асосӣ ва аз тарафе номуайяни “Тезиҳоро”, талаби додани тамоми қудрати сиёсӣ дар кишвар ба Шӯроҳо ташкил медод. Ин шиор, ки шиори Ленинро дар соли 1917 такрор мекард, чӣ маъно дошт, касе намедонист. Дар ин муддат сохтори ниҳодҳои Ҳукумати шӯравӣ комилан тағйир ёфта буд. Барои мисол, Шӯрои ш.Маскав (Моссовет) ба Шӯрои вилоятии Москвагӣ итоат намекард ва ин ҳар 2 низ ба Шӯрои Вазирони СССР итоат намекарданд. Шӯрои Олии СССР дар ин систем танҳо ниҳоди қонунбарор маҳсуб меёфт ва ҳеҷ имконияте барои идораи ҷорӣ надошт. Ниҳодҳои ҳизбӣ-аз райком то КМ ҲКИШ кайҳо боз вазоифи идоракунии давлатиро анҷом медоданд ва дар шароити давлати якҳизбӣ ва идеологӣ чораи дигаре вуҷуд надошт. Бо қарори КМ ҲКИШ интихоби вакилон барои ширкат дар конфронси ҳизбӣ бояд дар маҷлисҳои ҳизбӣ ё конфронсҳои ноҳиявӣ, аммо дар асоси алтернативӣ сурат мегирифтанд. Ин низ як навоварии дигар қаламдод мешуд. Пештар интихоби вакилон ба анҷумани ҳизб тибқи рӯихат, ки дар дастгоҳи КМ ҲКИШ ва дар якҷоягӣ бо дастгоҳҳои вилоятии ҳизбӣ тартиб дода мешуданд, амалӣ мегардид. Акнун рӯихати ягона набуд ва ба ҳар 1 ҷои номзад 5-6 нафар довталаб вуҷуд дошт. Ин имкон дод ашхосе, ки ба сиёсати ҳизбӣ зид буданд, низ ба ҳайси вакил интихоб шаванд. Барои мисол дар яке аз конфронсҳои ҳизбӣ дар Свердловск Борис Елтсин соҳиби чунин ваколатнома шуд. Дар Маскав Елтсин ба ҳар сурат соҳиби ваколатнома намешуд, лек дар Свердловск аз маҳбубияти зиёд бархурдор буд ва касе наметавонист бо ӯ рақобат кунад.
Оғози анҷом
Конфронси XIX-и ҲКИШ аз 28 июн то 1.07.1988 дар пойтахти аввалин кишвари шӯроҳо-ш.Маскав барпо шуд. Конфронсро худи Горбачёв ифтитоҳ бахшид ва бо маърӯзаи дурудароз дар назди ҳозирин баромад кард. Конфронс дар охирин рӯзи кориаш 5 қарор қабул кард, ки масоили демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ, мубориза бо бюрократизм, муносибати байни миллатҳо, ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти ҳуқуқиро дар бар мегирифтанд. Бештари муаррихин бар инанд, ки маҳз ҳамин конфронс сабабгори асосии оғози шикасти системи сотсиалистӣ шуд. Натоиҷи ин конфронс ислоҳоти Шӯрои Олӣ ва ворид кардани тағйиротҳо дар қонунгузории интихоботӣ гардид. Ба худи Сарқонун низ чанд дигаргуни ворид карда шуд. Яке дигар аз натоиҷи ин конфронс оғози раванди таъсиси Анҷумани вакилони халқӣ буд. Бо вуҷуди ин, Конфронси XIX-и ҳизбӣ натавонист ба усулҳои бунёдии сиёсати ҳизбӣ рӯшанӣ андозад ва ваҳдатро дар суфуфи ҳизбӣ таъмин кунад. Ҳар гурӯҳ ва ҳар ҷараён дар роҳбарияти ҲК дар ақидаи худаш боқӣ монд ва дере нагузашта ин гуногунандешӣ сабаби пошхурии абарқудрате бо номи СССР гардид.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР