Аммо Фюрер ба таври мӯъҷизаосо аз ин суиқасд ҷон ба саломат бурд. Штауффенберг бо кифи бомбдор вориди қарогоҳ шуд ва онро дар наздикии ҷои фюрер зери миз гузошт ва худ бо баҳонае берун рафт. Лек ҳини оғози машварат яке аз ҳозирон кифи бомбдорро чанд метр дуртар тела дод ва маҳз аз ин Гитлер зинда монд. Дар натиҷаи таркиши сахт 4 нафар ҷони худро бохтанд ва боқимондаҳо ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Гитлер низ танҳо чанд ҷароҳат бардошту халос. Тафтиши оянда суиқасди васеъро ошкор кард. Беш аз 7000 тан ҳарбиён ба ҳабс гирифта шуданд, ки 200 нафарашон ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Муқовимати немис торумор карда шуд. Аммо ин аввалин суиқасд ба ҷони ӯ набуд. Дар солҳои 30 4 кӯшиши ҷиддӣ барои аз миён бардоштани Гитлер сурат гирифтанд. Ӯ дар миёни мардум маҳбубияти сахт дошт, аммо душманонаш низ кам набуданд. Аз миён ин 4 суиқасд, танҳо якеаш тавассути коммунистон роҳандозӣ шуд. 9.11.1939 Гитлер мебоист ба хотири солгарди “балвои пивоӣ”, ки соли 1923 ба нокомӣ дучор шуда буд, дар яке аз пивохонаҳои маъруфӣ Мюнхен баромад мекард. Коммунисти собиқ Георг Элзер, ки аз ин иқдоми фюрер бохабар буд, ба ҷони ӯ суиқасд кард. Элзер бомби хосро тайёр кард ва онро тарконд. Аммо Гитлер бо сабабҳои номаълум баромади худро пеш аз мӯҳлат ба охир расонид ва пивохонаро тарк кард. Дар натиҷаи таркиш чанд кас фавтида, беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин суиқасд фюрерро боз ҳам маъруфтар намуд ва акнун худи ӯ низ гумон мекард, ки тақдири баланде дорад.
Иттиҳоди ҳарбиён
Аммо аз ҳама бештар нисбати Гитлер ҳарбиёни немис зиддият доштанд. Онҳо, ки бештарашон ашрофзода буданд, ақидаи сотсиализми миллигароро хуш надошта, аз пурзӯр шудани нерӯҳои СС норозӣ буданд. Онҳо фикр доштанд, ки Олмон ба ҷанги бузург тайёр нест ва Гитлер кишварро ба сӯи нобудӣ мебарад. Аввалин иттиҳоди ҳарбиёни немис зидди фюрер ҳанӯз с.1938 ҳини ташаннуҷ ёфтани масъалаи Чехословакия сар зад. Ҳарбиёни немис бар ин буданд, ки низоъ бо Чехословакия ба ҷанг бо кишварҳои бузурги ғарбӣ-Фаронса ва Англия дучор мегардад ва артиши тозатаъсиси олмонӣ дар ин ҷанг ногузир шикаст мехурад. Аз ин рӯ, ҳарбиён қарор доданд Гитлерро баъд аз он, ки ӯ фармони ҳуҷум ба Чехословакияро содир кунад, аз вазифа сабукдӯш кунанд ва ҳукумати муваққатро созмон дода, интихоботи нави демократиро баргузор намоянд. Яке аз аъзои ин иттиҳод сардори ситоди нерӯҳои пиёданизом, генерал-полковник Людвиг Бек ба шумор мерафт. Бек бар ин ақида буд, ки Гитлер Олмонро дучори хатари аз ҳад зиёд мекунад. Июли соли 1938 генерал меморандуме ба номи сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник фон Браухич равона кард ва дар он ба роҳбарияти олии ҳарбии Олмон пешниҳод дод, ҳамагӣ ба истеъфо раванд ва ҷанги дарпешистодаро пешгирӣ кунанд. Дар меморандуми Бек аз ҷумла омада буд: “Мавҷудияти миллат дар хатар аст. Таърих роҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳро намебахшад агар онҳо ба вазифаи ҳирфаӣ, сиёсӣ-давлатӣ ва виҷдонии худ амал накунанд”. Мутаассифона, генералҳои дигари немис ин гуна ирода надоштанд ва иддае ҳам дар фикри қасос гирифтан буданд ва ба ин хотир аз Бек тарафдорӣ накарданд. Бек истеъфо дод ва тадриҷан ба яке аз саркардагони ҳарбиёни мухолиф табдил ёфт. Аммо сардори нави ситоди нерӯҳои пиёданизом Франс Галдер низ бо Бек ҳамфикр буд. Дар арафаи муноқиша бо Чехословакия инчунин фармондеҳи армияи 1, ки аз сарҳади Олмон бо Фаронса ҳини буҳрони Судет муҳофизат мекард ва яке аз пурзӯртарин нерӯҳои олмонӣ маҳсуб меёфт, генерал Эрвин фон Витслебен, сардори Абвер (хадамоти ҷосусии Олмон) Вилгелм Франтс Канарис, генерал Эрих Гёпнер, вазири молияи Пруссия Йоханес Попитс ва банкир Ялмар Шахт бо Бек ҳамақида шуданд. Сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом Браухич низ аз иттиҳоди ҳарбиён огоҳ буд. Ӯ аз иштирок дар суиқасд даст кашид, лек сирри иштирокчиёни иттиҳодро фош накард. Суиқасдчиён кӯшиданд бо англисҳо муносибат барқарор намоянд ва ҳини сар задани бӯҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ, вақте кишварҳои бузург зидди сиёсати Олмон бихезанд, ба амалиёти худ шурӯъ кунанд. Лек Англия ва Фаронса Чехословакияро дар конфронси Мюнхен таслими Олмон карданд ва ин кишвар зери фишори абарқудратҳо вилояти Судетро бе ҷанг ба Олмон дод. Дар натиҷа саросари Олмонро шодмонӣ фаро гирифт ва баромади ҳарбиён дигар бемаънӣ буд. Қисмати зиёди суиқасдчиён аз имкони бардоштани низоми гитлерӣ ноумед шуданд. Витслебен гуфт: “Барои ин мардуми бадбахти нодон Ӯ боз “фюрери дӯстдоштаи мо”, ягона аз ҷониби Худо фиристодашуда гардид ва мо бошем танҳо як иддаи кӯчаки афсарон ва сиёсатмадорони иртиҷоии норозӣ хоҳем буд, ки ҷуръат кардем дар лаҳзаи пирӯзии бузургтарин сиёсатмадори замон, садди роҳаш санг партоем”. Бори дигар иттиҳоди ҳарбиёни мухолиф пеш аз ҳуҷум ба Полша кӯшиданд фюрерро канор зада, кишварро аз ҷанг наҷот диҳанд. Галдер, Шахт ва чанд суиқасдчии дигар аз чанд роҳ ҳукуматҳои Бритониё ва Фаронсаро аз ҳуҷуми дарпешистодаи ӯ огоҳ намуданд. Аз ин болотар онҳо ба англисҳо ва фаронсавиён пешниҳоди чораҳои ҷавобиро карданд, ки Гитлерро аз ҳуҷум боз хоҳанд дошт. Аз ҷумла, пешниҳод карданд англисҳо флоти ҳарбиро ба баҳри Балтик барои ҳифзи Полша мефиристанд ва ба Фаронса нерӯи ҳарбӣ ворид кунанд. Аммо барои Англия ва Фаронса дар он шабу рӯз муҳим буд Гитлерро ҷониби СССР роҳӣ кунанд. Аз ин рӯ, тамоми пешниҳодоти мухолифини немисро сарфи назар карданд. Иқдоми дигар дар арафаи ҳуҷум ба Фаронса сурат гирифт. Маҳз дар он ҳангом адмирал Канарис ва ҷонишини сардори ситод генерал Карл Генрих фон Штюлпнагел кӯшиш карданд, Галдер ва Браухичро розӣ кунонанд, табаддулоти давлатиро сарварӣ кунанд. Лек ин 2 тарсиданд ва сар боз заданд. Он гоҳ суиқасдчиён ба яке дигар аз мухолифини сарсахти низоми гитлерӣ Карл Фридрих Герделер вазифаи канслери ояндаро ваъда доданд. Аммо ӯ низ аз ширкат дар кудато рӯ тофт. Акнун фюрер метавонист озод нафас кашад. Комёбиҳои ногаҳонии Гитлер ва вермахт дар Полша, Дания, Норвегия, Ҳолланд, Фарноса ва баъдан дар СССР бошанд, ҳаракати муқовимати немисро комилан ноумед сохт. Баъзеҳо ба “ситораи бахти” фюрер бовар карда, дигарон бошанд рӯҳафтода ва ноумед шуданд. Яке дигар аз мухолифини сарсахти сиёсати фюрер сафири собиқи Олмон дар СССР граф Вернер фон Шуленбург будӣ, ки ӯ ҳанӯз пеш аз ҳуҷуми Гитлер ба СССР майи соли 1941 Маскавро аз ҳуҷуми ояндаи Олмон огоҳ карда буд. Ӯ ба ҳайси сафир барои пешгирии ҷанг кӯшиш карда, Берлинро аз нерӯи азими ҳарбӣ-саноатии СССР огоҳ менамуд, аммо Гитлер ба ҳарфи ин сиёсатмадор гӯш надод. Баъди шикасти немисҳо дар наздикии Маскав ва барбод рафтани “блитскриг” Шуленбург ба Гитлер номае фиристода, пешниҳод намуд бо Маскав оид ба бастани сулҳи сепаратӣ гуфтушунид кунад, аммо ба ин мактубаш низ ҷавоб нагирифт. Маҳз баъд аз ин Вернер ба ҳаракати муқовимат пайваст ва ба ҳайси номзад ба вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати оянда пешбинӣ шуда буд.
Амалиёти “Аланга”
Намояндаи дигари ҳарбиёни мухолиф бо фюрер ашрофзодаи пруссиягӣ, афсари Ситоди генералӣ Хеннинг фон Тресков буд, ки ҳанӯз пеш аз ҷанг ақида дошт, танҳо аз миён бардоштани физикии фюрер Олмонро наҷот медиҳад. Ӯ ба ин фикр буд, ки онҳо бояд дар ҳар сурат бишӯранд. Ҳатто агар мегуфт, кӯшиши нобуд кардани Гитлер ва кудатои ҳарбӣ ба нокомӣ дучор гардад, онҳо бадномиро аз Олмон мебардоранд ва ба тамоми дунё нишон медиҳанд, ки на ҳамаи немисҳо бо сиёсати сотсиалистони миллигаро розиянд. Тресков дар ситоди гурӯҳи армияҳои “Марказ” дар фронти Шарқӣ хизмат мекард ва чанд суиқасдро зидди фюрер нақша кашид. Барои мисол 13.03.1943 ҳине ки Гитлер аз гурӯҳи армияҳои “Марказ” дидан кард, Тресков ва ҳамдастонаш дар тайёраи фюрер бомб гузоштанд. Амалиётро “Аланга” ном гузоштанд. Ин бомб мебоист ҳини бозгашти фюрер аз Смоленск ба Берлин метаркид. Аммо суиқасдчиён боз ноком шуданд. Бомб бо сабабҳои ноаён натаркид. Он гоҳ дӯсти Тресков барон Рудолф Кристов фон Герсдорф баргузории амалиёти навро ба ӯҳда гирифт. Герсдорф ба хадамоти ҷосусии гурӯҳи армияҳои “Марказ” сарварӣ мекард ва тайёр буд барои наҷоти кишвар аз ҷони худ низ даст кашад. 21.03.1943 Гитлер ҳамроҳи дигар лидерони Рейхи 3 мебоист намоишномаи техникаи ҳарбии ба ғанимат гирифта дар осорхонаи Цейхгаузро медид. Техникаро мебоист полковник Герсдорф намоиш медод. Ӯ 2 мини магнитиро зери либосҳояш ҷо кард ва мехост худро назди Гитлер тарконад. Таркиш мебоист баъди 20 дақиқа ба вуқӯъ мепайваст, аммо бахти фюрер ин бор низ баландӣ кард. Гитлер баъди 15 дақиқа ногаҳон бинои осорхонаро тарк кард ва ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом ёфт. Герсдорф қариб худаш метаркид ва бо заҳмати зиёд аз таркиш ҷилавгирӣ кард.
Террорҳои ноком
21.03.1943 Гитлер бо ҳамроҳии дигар сарварони Рейхи 3 мебоист аз намоишномаи техникаи ҳарбии ба ғанимат гирифта дар осорхонаи Цейхгауз дидан мекард. Техникаро полковник Герсдорф намоиш медод. Ӯ 2 мини магнитиро зери либосҳояш ҷо кард ва мехост худро назди Гитлер тарконад. Таркиш мебоист баъди 20 дақиқа ба вуқуъ мепайваст, аммо бахти фюрер ин бор низ баландӣ кард ва баъди 15 дақиқа ногаҳон бинои осорхонаро тарк намуд ва ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом ёфт. Герсдорф қариб буд худаш метаркид ва бо заҳмати зиёд таркишро пешгирӣ кард. Афсарони дигари немис низ буданд, ки ин лаҳза ҷони худро фидо кунанд ва фюрерро ба ҳалокат расонанд. Яке аз ин афсарон Аксел фон Буше будӣ. Ин афсари ҷавон низ ба ташкилоти Тресков шомил буд ва ноябри с.1943 ҳини намоиши либоси нави ҳарбии артиш мехост Гитлерро ба ҳалокат расонад. Ҳангоми намоиш Буше норинҷакеро зери либосаш руст кард ва ният дошт дар вақти наздик шудани Гитлер онро тарконад. Аммо Гитлер бо сабабҳои номаълум ба намоиш либоси ҳарбӣ ҳозир нашуд.
Амалиёти “Валкирия”
Бо вуҷуди ин ҳарбиёни немис аз нияти худ даст накашиданд ва ба амалиёти нав омодагӣ медиданд. Зимистони соли 1942 яке аз суиқасдчиён Фридрих Олбрихт ба тарроҳии амалиёти “Валкирия” сар кард. Тибқи нақшаи ӯ дар ҳудуди Олмон мебоист Армияи захиравӣ таъсис дода мешуд, ки асоситарин вазифааш пахши шӯришҳои ҳарбиён ё баромади омавии мардуми норизо ба шумор мерафт. Олбрихт нақшаи худро ба Гитлер пешниҳод намуд ва ӯ онро тасдиқ кард. Олбрихт бошад пас аз ризоияти Гитлерро гирифтан нақшаашро тавре тарроҳӣ намуд, ки Армияи захиравӣ ба асоситарин нерӯи зарбазани суиқасдчиён табдил ёфт. Тибқи амалиёти “Валкирия” ин армия баъд аз кушта шудани Гитлер мебоист тамоми иншоотҳои асосиро дар пойтахти кишвар ишғол мекард ва роҳбарияти ҳизби нозиро ба ҳабс мегирифт. Суиқасдчиён ният доштанд баъди ҳалокати фюрер ҳукумати муваққатро таъсис диҳанд. Тибқи нақша генерал Бек мебоист сарварии ҳукумати навро ба ӯҳда гирифта, генерал-фелдмаршал Витслебен бошад, сарфармондеҳи олии нерӯҳои низомӣ таъин мешуд. Ҳукумати нав бояд интихоботи демократиро баргузор менамуд, бо кишварҳои ғарбӣ сулҳ мебаст ва ҷанг дар шарқ бошад (зидди СССР) идома меёфт.
Қаҳрамони африқоӣ
Августи соли 1943 полковник Тресков бо қаҳрамони асосии амалиёти “Валкирия” ошно шуд. Тақдир Тресковро бо подполковник Клаус Штауффенберг ба ҳам овард. Клаус ашрофзодаи немис ва намояндаи асили ҳарбиёни олмонӣ буда, дар корпуси африқоии “рӯбоҳи биёбон” Эрвин Роммел хизмат мекард ва дар яке аз задухӯрдҳо чашми чап, дасти рост ва 2 ангушти дасти чапашро аз даст дода буд. Ӯ ҳини ошноӣ бо Тресков аллакай фаҳмиа буд, ки Гитлер Олмонро ба нобудӣ мебарад ва аз миён бардоштани ӯ хайри азимест барои халқи немис. Июни соли 1944 бахт ба суиқасдчиён хандид ва Клаусро сардори ситоди Армияи захиравӣ таъин карда, рутбаи полковникӣ доданд. Акнун дар вазифаи нав ӯ имкон пайдо кард, дар машваратҳои ҳарбии фюрер, ки дар қароргоҳи асосии ӯ “Волфшанце” (Хонаи гург) доир мешуданд, ширкат варзад.
Хонаи гург
Роҳбарони олирутбаи Рейхи 3 дар Аврупо якчанд қароргоҳи муввақатӣ доштанд ва дар масофаи дур аз шаҳрҳо, дар оғӯши ҷангалзорҳои анбӯҳ, ки бо кӯлҳо ва ботлоқзорҳои касногузар иҳота шуда, ҷойгир буданд. Қароргоҳи асосии фюрер “Хонаи гург” низ аз ин қоида истисно набуд. Ин қароргоҳ дар Пруссияи Шарқӣ-аз нигоҳи муҳофизатӣ яке аз пурзӯртарин округи мудофиавӣ, сохта шуда буд. Тарроҳии қароргоҳ ба зимаи муҳандиси немис Фритс Тодл вогузор карда шуд. Сохтмон аввали баҳори соли 1941 оғоз шуд ва немисҳо онро бо сохтмони комбинати химиявӣ пинҳон мекарданд. Дар оғоз роҳҳои нав ва майдони ҳавоӣ сохта шуданд, сипас ба қароргоҳ роҳи оҳан кашида шуд. Худи қароргоҳ дар зери замин қомат афрохт. Масоҳати умумии биноҳо 250 га ва масоҳати ҷангалҳои атроф 800 га-ро ташкил медоданд. Тамоми қароргоҳ бо системаи симҳои хордор ва майдонҳои мини паҳноиашон аз 50 то 100 метр иҳота шуда буд. Вежагиҳои асосии қароргоҳи “Хонаи гург” аз он иборат буд, ки дар тамоми муддати ҷанг на артиши шӯравӣ ва артишҳои иттифоқчиён аз вуҷуди ин қароргоҳ дарак наёфтанд. Ҳатто сокинони маҳаллӣ аз мавҷудияти он дар ҷангалзор намедонистанд. “Хонаи гург” 27.01.1945 аз ҷониби артиши 31-и генерал Шафранов ишғол ва қароргоҳи асосии фюрер ошкор карда шуд. Маҳз дар ҳамин қароргоҳ суиқасди маъруф зидди фюрер иттифоқ уфтод. Бори аввал суиқасдчиён ният доштанд 6 июл амалиётро доир кунанд. Дар ин рӯз онҳо бомбаи тайёркардаро ба қароргоҳи ӯ оварданд, лек фюрер боз дар вақти муаяншуда ба машварат ҳозир нашуд. Кӯшиши дуввум 15 июл мебоист анҷом мешуд. Клаус дар “Хонаи гург” маърузаашро ба охир расонид. 1 соат пеш аз машварати ӯ суиқасдчиён фармони амалиёти Валкирияро содир карданд, аммо ин бор низ кӯшишашон бе натиҷа анҷом ёфт. Клаус баъди маъруза барои тамос бо Олбрихт берун рафт ва вақте баргашт Гитлер дар толор набуд. Фюрер боз ногаҳонӣ машваратро тарк кард. Клаус фавран Олбрихтро аз қазия огоҳ кард ва фармони амалиёт бекор карда шуд.
Таркиш
Машварати оянда мебоист 20 июл дар қароргоҳи "Хонаи гург" барпо мешуд. Бомбаи Класуро Тресков ва афсари зертобеъи ӯ майёр Иоахим Кун-муҳандисӣ ҳарбӣ омода карда буданд. Таркиши 2 бомб дар бинои маҳкам, ки аз 2 кг маводи тарканда иборат буд, ба фюрер ҳеҷ умед боқӣ намегузошт. Дар қароргоҳи ӯ Клауси маъюб тавонист бо дасти чапи нисбатан солимаш танҳо қисмати таркандаи 1 бомбро ба кор дарорад. Гарчи таркиши 1 бомб бомби 2-ро низ ба кор медаровард, лек Клаус бо сабабҳои номаълум онро аз кифаш берун овард. Маҳз ин сабаби наҷоти ҷони Гитлер шуд. Дар ин машварат масъалаи мусаллаҳсозии “ихтиёриёни халқӣ” баррасӣ мешуд ва Клаус бевосита бо таъсиси ин нерӯҳо машғул буд. Бо ҳамроҳии ӯ ба қароргоҳ инчунин сардори алоқаи артиши олмонӣ генерал Фелгибел ва лейтенант Хефтер, ки ҳар 2 шомили ташкилоти суиқасдчиён буданд, ҳозир шуданд. Вақте машварат сар шуд Филгибел ва Хефтер дар маркази алоқаи қароргоҳ бо баҳонаи гуфтугӯ бо Берлин боқӣ монданд ва Клаус ба толори машваратӣ рафт. Маърузаи ӯ аввал сар мешуд ва Клаус иҷоза хост барои чанд дақиқа ба маркази алоқа берун равад. Ӯ кифи худро зери миз, наздикии ҷойгиршавии Гитлер гузошт ва берун рафт. Аммо чанд сония қабл аз таркиш полковник Хайнтс Брандт кифи бомбдорро каме дуртар тела дод ва мизи бузурги булӯрин фюрерро аз мавҷи таркандаи бомб ҳифз кард. Гитлер харитаи дар болои миз густурдаро тамошо мекард, ки таркиш сар зад. Адютанти Гитлер Гюнше ва майёр Ион, ки назди тиреза қарор доштанд, бо мавҷи таркиш берун париданд. Генералҳо Шмундт, Кортен ва полковник Брандт бо ҷароҳатҳои сахт баъди чанде фавтиданд. Фюрер бошад ҳанӯз назди миз рост меистод. Бо мавҷи тарканда шими фюрер пора пора шуда буд, аммо осеби ҷиддӣ ба ӯ нарасид. Клаус, Филгебел ва Хефтер садои таркишро шунида, зуд бо мошин “Хонаи гург”-ро тарк ва ба Берлин парвоз кунанд. Клаус ва Хефтер ба ситоди яке дигар аз аъзои суиқасди афсарон генерал Фромм ҳозир шуда, гуфтанд, ки Гитлерро куштанд ва суиқасд бо муваффақият анҷом ёфт. Аммо Фромм аллакай аз натоиҷи таркиш огоҳ буд ва Клаус ва Хефтер дар он ҷо ба ҳабс гирифта шуданд. Фромм, ки худ узви суиқасд буд, аз тарси он, ки номашро ифшо накунанд, фармон медиҳад ҳардуро дар ҳавлии бинои ситоди артиши захиравӣ қатл кунанд. Ин 2 худи ҳамон рӯз парронда шуданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР