Баҳонаи расмӣ барои оғози ин даргирии хунин куштори эртсгерцоги австриягӣ Франс Фердинанд дар шаҳри Сараево шуд, ки 28.06.1914 аз ҷониби ифротии 19-солаи серб Гаврила Принтсип сар зад. Дар натиҷаи ҷанг 4 империя (Русия, Австро-Венгрия, империя Усмонӣ ва Олмон) аз миён бардошта шуданд. Талафоти умумии кишварҳои ҷанганда 10 млн аскар ва 12 млн аҳолии осоиштаро ташкил дод. Беш аз 55 млн нафар бошанд дар натиҷа захмӣ шуданд. Аммо заминаҳои асосии ҷанги оянда ҳанӯз солҳо қабл дар Аврупо ба вуҷуд омаданд. Империяи Олмонӣ, ки соли 1870 баъди ҷанги немису фаронсавиҳо пайдо шуд, дар оғоз чандон тамоюле ба ҳукумати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Аврупо надошт. Лек дар зарфи 10 сол немисҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳарбӣ сахт нерӯ гирифта, ба яке аз асоситарин бозигарон дар қитъаи Аврупо табдил ёфтанд. Албатта то он ҳангом абарқудратҳои дунё (Англия, Фаронса ва Русия) бештари мамолики Шарқ ва Африқоро зери дасти худ гирифта, сарвату энержии азими немис дигар ҷое барои рафтан надошт. Барои рафъи ин мамониат ба немисҳо тақсими нави ҷаҳон ва он ҳам ба нафъи Олмон ва сарвати олмонӣ мисли ҳаво зарур буд. Барои ин Олмон пеш аз ҳама мебоист абарқудратҳоро дар Аврупо торумор ва мавқеашро дар ин қитъа мустаҳкам менамуд. Дар авохири асри 19 ва аввали қарни 20 нақшаҳои ҷанҷӯёнаи Олмон барои ҳамсояҳояш низ ошкор шудан гирифтанд. Дар ҷавоб Русия ва Фаронса-2 абарқудрати вақт соли 1891 миёни ҳам иттиҳоди ҳарбиеро ба имзо расониданд, ки Англия низ соли 1907 ба он ҳамроҳ шуд. Иттиҳод бо номи "Антанта" ("Ризояи дилҳо") маъруф гардид. Немисҳо низ барои нақшаҳои оянда ниёз ба иттифоқчӣ доштанд. Австро-Венгрияи ҳамсоя иттифоқчии Олмон гашт. Ин империя, ки дар раъси он боз ҳам олмониҳо (хонадони Габсбургӣ) қарор доштанд, аз миллатҳои гуногун таркиб ёфта, меҳвари асосии ҳамаи нооромиҳо дар Аврупо будӣ. Австро-Венгрия аз ҳама бештар бо Русия зиддият дошт, чун русҳо табиатан аз славянҳои болконӣ (хусусан сербҳо) дифоъ карда, ин мардум таҳти султаи губсбургҳо қарор доштанд. Аммо тӯъмаи аз ҳама лазиз Ховари Наздик ба ҳисоб мерафт. Империя Усмонӣ дар остонаи суқути худ қарор гирифта, ғарбиён мехостанд аз ин вайронаҳо ҳар кадом саҳми бештареро соҳиб шаванд. То оғози ҷанг ҳар 1 аз тарафҳо ба ғалабаи худ бовар дошт ва ҳама танҳо дар интизори 1 чошнӣ ё баҳонае буданд ва Сербия ин нақшро ба хубӣ ифшо кард.
Ултиматуми июлӣ
Мардуми Босния ва Гертсоговин, ки аз ҷониби Австро-Венгрия тасхир шуда буданд, бо габсбургҳо муносибате хубе надоштанд ва аз ҳама бештар сербҳоро ҳузури австриягиҳо дар ин манотиқ озурда мекард. Сербҳо ҳамеша дар орзӯи Югославия бузург буданд ва тавонистанд ба русҳо низ ин фикрро талқин кунанд. Русия бошад барои пиёда кардани аҳдофи ниҳоии сербҳо ёрӣ медод ва баъди чанде дар гӯшаву канори гуногуни импеияи габсбургҳо ташкилоти гуногуни махфӣ пайдо шуданд. Ҳамаи ин ташкилотҳо бо пули русӣ таъмин шуда, ба таъбири имрӯза фаъолияти васеъи террористиро дар қаламрави империяи австро-венгерӣ ба роҳ монданд. Вақте валиаҳди империя эртсгертсог Франс Фердинанд дар авохири моҳи июни соли 1914 барои назорат аз машқҳои ҳарбӣ ба Босния сафар кард, яке аз ин ташкилотҳо "Млада Босния" нақшаи қатли ӯро кашид. Ба андешаи муаррихин эртсгертсогро худи австриягиҳо ба қавле "подставит" карданд. Машқҳои ҳарбӣ дар Босния 28 июн оғоз мешуданд, ки ин рӯз мутобиқ буд бо иди миллии сербҳо "Рӯзи Видов". Сербҳо дар ин рӯз кушташудагони худро дар майдони Косово (ҷанги таърихии туркҳо бо сербҳо дар соли 1389) ёд мекунанд ва ин ид барояшон мисли 9 май барои собиқ СССР муқаддас будӣ. Австриягиҳо инро хуб медонистанд, лек бо вуҷуди ин аз корашон даст накашиданд. Баъзе муътақиданд, ки император Франс Иосиф дидаву дониста ҷиянашро ба куштан дод. Чанд тан аз қотилон дастгир шуданд ва якеашон ҳини пурсуҷӯ иқрор кард, ки силоҳу лавозимотро барои амалиёт ҳукумати Сербия дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Чун дар суиқасд Сербия гумонбар шуд, Австро-Венгрия ба ҳукумати ин кишвар бо талаби таҳдидомез баромад кард, ки дар таърихнигорӣ бо "ултиматуми июлӣ" маъруф аст. Сербия танҳо 1 банди ин ултиматумро напазируфт, аммо бо вуҷуди ин Австро-Венгрия ба Сербия эълони ҷанг кард. 1 август кайзери Олмон ба Русия, ки ба дифоъ аз сербҳо иқдом карда буд, ҷанг эълон намуд ва бе эълони ҷанг ба Люксембург дарафтод. Сипас олмониҳо ба Фаронса эълони ҷанг карда, аз шоҳи Белгия талаб намуданд, барои гузаштани артиши олмонӣ ба сӯи Фаронса иҷозат диҳад. Аммо шоҳи Белгия розӣ нашуд ва немисҳо ба ин кишвар низ эълони ҷанг карданд. Фаронса аз Англия ёрӣ хост, аммо ин кишвар дар оғоз худро бетараф эълон кард ва танҳо баъди дархости шоҳи Белгия англисҳо низ ба Олмон ҷанг эълон карданд. Ҳамин тариқ оташаке, ки тавассути чанд ифротӣ дар Сараево афрӯхта шуд, ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Аз Марна то Тонненберг
Олмониҳо ният доштанд то анҷоми даъвати ҳарбӣ дар Русия фаронсавиҳоро торумор кунанд. Фармондеҳии олмонӣ барои ин кор нақшаеро тартиб дод, ки бо "нақшаи Шлифен" маъруф аст. Амалиёт дар оғоз барои немисҳо бобарор буд. Дар тӯли моҳи август немисҳо тавонистанд ба фаронсавиҳо ва англисҳо чунон зарбаи сахт зананд, ки танҳо ҳуҷуми русҳо дар шарқ ва парондани аскарҳои гуреза Фаронсаро аз торумор наҷот дод. Немисҳо ҳеҷ умед надоштанд, ки русҳо ба зудӣ даъвати оммавиро ба анҷом мерасонанд. Ҳуҷуми русҳо ба Пруссия немисҳоро водор намуд на фақат аз ҳуҷум ба Париж даст кашанд, балки нерӯҳояшонро саросема аз ғарб ба шарқ партоянд. Акнун навбати немисҳо фаро расид. 1.09.1914 ҳавонаварди фаронсавӣ ҳани парвоз муайян сохт, ки бузургтарин гурӯҳи зарбазани немис ба ҷои ҳаракат ба самти пойтахти Фаронса, масирашро тағйир дода, рӯ ба ҷануб овардааст. Нерӯҳое ҳам, ки мебоист ақибгоҳ ва қаноти чапу рости ин гурӯҳи зарбазанро ҳифз мекарданд, ба шарқ интиқол ёфта буданд. Фаронсавиҳо аз ин истифода бурданд ва чун вақт хеле танг буд, барои зудтар бурдани нерӯҳо аз таксиронҳои Париж ёрӣ хостанд. 600 таксии Париж дар интиқоли нерӯҳои фаронсавӣ ширкат варзиданд ва маҳз ба шарофати таксиронҳо фаронсавиҳо дар назди Марна немисҳоро боздоштанд. Дар Шарқ бошад соли аввал 2 ҷанги шадид иттифоқ уфтод, ки асоситаринаш задухӯрди Тонненберг аст. Дар ин ҳарб ба немисҳо муяссар шуд, артиши русро, ки таҳти фармондеҳии генерал Самсонов амал мекард, ба муҳосира гиранд. Дар натиҷа артиши ӯ торумор шуд ва худи фармондеҳ худкушӣ кард. Ҳарби Тонненберг аз он ҷиҳат боиси аҳамият аст, ки немисҳо дар он нерӯҳои 2 карат зиёди русро торумор карданд. Аммо барои немисҳо таассуфовар он буд, ки нерӯҳои аз Ғарб гирифта шуда ба Тонненберг сари вақт нарасида, ҳеҷ нақше набозиданд. Дар Ғарб бошад маҳз набудани ин нерӯҳо ба фаронсавиҳо ва англисҳо имкон дод, артиши олмониро дар соҳили Марна боздоранд ва пойтахти Фаронсаро наҷот диҳанд. Ахир, ба кайзери Олмон Вилгелм муяссар нашуд, наҳорро дар Париж ва хӯроки шомро дар Питер тановул кунад. Торумори ҳамаи душманон навбат ба навбат муяссар нашуд. Дар Ғарб тарафҳои даргир ба замин худро гӯр карданд ва ҷанг ба ҷанги "хандақӣ" табдил ёфт. Дар шарқ бошад занозанӣ бо муваффақияти тағйирёбанда идома пайдо кард.
Натоиҷ
Ин ҷанги ҷаҳонӣ билохира 4 соли тӯлонӣ идома дошт ва муҳимтарин натоиҷи онро мешавад дар чанд ҷумла хулоса кард: Суқути 4 империя, пайдо шудани ҷойгузин (алтернатива) барои империализм, рушди бесобиқаи ИМА (амрикоиҳо ба василаи таъминоти ҳарбӣ сарвати зиёд ба даст оварда, заминаи рушди ояндаи худро поярезӣ карданд), поин рафтани нуфузи Бритониё, Фаронса соҳиби Элзос ва Лотарингия мегардад, инқилоб дар Русия. Немисҳо бошанд ба ҷои заминҳои нав гуруснагӣ ва вазъи бисёр зиллатбореро касб карданд, ки билохира сабаби сар задани ҷанги нав (ҶБВ) шуд. Аммо ин дигар қиссаи ҷудогонаест.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР