ХАБАРИ ДОҒ

Наҷотбахши Русияи болшевикӣ

  • Ҷумъа, Авг 12 2016



Дӯсти бузурги СССР
Арманд Хаммер яҳудитаборро бешак метавон беҳтарин дӯсти СССР гуфт. Ӯ 2 ақидаи зоҳиран бо ҳам зид-капитализм ва марксизмро дар худ 1 кард. Хаммер аз сӯе яке аз доротарин шаҳрвандони ИМА ва аз сӯи дигар марксисти қавиэътиқоде будӣ. Ӯ ба таъбири баъзе аз муаррихин 2 бор таваллуд шуд. Бори аввал соли 1898 дар оилаи яҳудиёни муҳоҷири одессагӣ дар ИМА ва бори 2-ум соли 1921 дар утоқи кории Владимир Ленин дар Кремли Маскав. Ин тоҷири капиталист дар симои хӯҷаинони нави Кремл беҳтарин ва содиқтарин ҳамкоронро ёфт.

Ӯ ғайр аз Сталин дигар бо тамоми роҳбарони аввали СССР (Хрушев, Брежнев) вохӯрда буд. Роҳбарияти Шӯравӣ аз Ленин сар карда, то Андропов мекӯшиданд барои капиталисти дӯстдоштаи худ беҳтарин шароитро муҳайё созанд ва кулли лоиҳаҳои иқтисодиро амалӣ мекарданд. Вуруд ба Кремл барои Хаммер 2х2 буд! Барои хизматҳои шоёнаш Ленин ба ӯ хонаеро дар наздикии Майдони сурх ҳадя карда буд. “Боинги” шахсии Хаммер, ки ба меҳмонхонаи зебое монанд буд, иҷозаи доимии парвоз дар ҳарими ҳавоии СССРро дошт ва ба ӯ иҷоза дода буданд бо раиси Шӯрои Олии аввалин кишвари шӯроҳо дар ҳар мавриди лозима дар тамос шавад. Дӯстии самимонаи ӯ аз дидаи амрикоиҳои оддӣ пинҳон намонд ва аз ӯ ҳамеша инро мепурсиданд. Хаммер низ ҳамеша 1 ҷавобро медод: “Агар ман бо ҳар гуна Ленин, Сталин ва Чаушескуҳо муносибати тиҷоратӣ, яъне дӯстӣ дорам, ба хотири ин аст, ки бовар ҳаст “тиҷорат омили пешрафт ва сулҳ” буда, имкон медиҳад “хурофот ва бадбиниро” аз байн барад ва “тамаддунҳо ва халқҳоро ба ҳам мепайвандад”. Дар ҷои дигар мегӯяд: “Ман ба Русия рафтам, то русҳои мубтало ба доманаро табобат кунам ва Ленин қарор дод ба ман то чи андоза миннатдор будани синфи коргарро намоиш диҳад ва ба ҳайси инъом аз тори сарам тилло рехт”.

Досу болға
Зиндагиномаи капиталисти дӯстдоштаи болшевикон низ мавориди ҷолиби зиёде дорад. Владимир-бобокалони Арманд дар Русияи подшоҳӣ яке аз афроди доро будӣ ва барои флоти ҳарбии Русия киштӣ месохт, лек ӯ, ки бо тиҷорати намак машғул буд, соли 1875 аз тамоми сарвати падараш маҳрум шуд. Намояндагони ӯ тамоми намаки харидаашонро дар наздикии баҳри Каспий, дар анборҳои махсуси соҳилӣ нигаҳ медоштанд ва тӯфони ногаҳонӣ тамоми намаки бобои Хаммерро ба баҳр шуста бурд. Бобои Хаммер маҷбур шуд бо зан ва Юлиус-фарзанди хурдсолаш Русияро тарк кунад ва ба ИМА кӯч баст. Баъди чанде ӯ ба амрикоии асил табдил ёфта, ҳатто аз ҳизби ҷумҳурихоҳони ин кишвар ҷонибдорӣ кард. Лек Юлиус (падари Арманд) роҳи дигареро пеш гирифт, ки дар сарнавишти ояндаи фарзандаш нақши амиқе ифшо кард. Юлиус шуғли табибиро омӯхт ва бар хилофи падараш ба ҳизби кӯчаки коргари сотсиалистии ИМА, ки тамоюли марксистӣ ва чапгаро дошт, даромад. Падараш ӯро бо суннати пролетарӣ Арманд ном гузошт, ки маънои дос ва болғаро дошт. Падараш ӯро аз ҳамон оғоз бо нафрат ба капитализм тарбият кард. Юлиус Хаммер ҳанӯз аз соли 1907 бо Ленин риштаи дӯстӣ барқарор кард ва дар созмон додани ҳизби коммунистии ИМА саҳми калон гузошт, лек баъди чанде тиҷорати хонаводагии онҳо рӯ ба харобӣ овард. Падари Арманд соҳиби ширкати форматсевтӣ буд ва буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон тиҷорати доруро ба буҳрон дучор намуд. Арманди ҷавон маҷбур шуд ҳанӯз дар овони донишҷӯияш роҳбарияти ин ширкатро ба ӯҳда гирад ва тавонист дар муддати кӯтоҳ вазъи ширкатро ба сомон дарорад ва тиҷораташро идома диҳад.

Маклери иқтисоди сотсиалистӣ
Истеҳсоли дору диққати Хаммери ҷавонро ҷониби ватани аҷдодиаш-Русия кашид. Аввалин кишвари Шӯроҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ вазъи баде дошт. Таҷовузи байналмилалӣ, бунбасти сиёсӣ ва муҳосираи иқтисодӣ Русияро дучори буҳрони шадиди молӣ кард. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ гуруснагӣ ба инҳо зам шуд. Мардуми зиёд гирифтори бемориҳои сирояти буданд ва ниёзи шадид ба доруворӣ доштанд. Дар ин шароит ӯ қарор медиҳад ба Русия дору барад. Ширкати худро ба маблағи 2 млн доллар фурӯхта, бо ин маблағ бемористони саҳроии кӯҳна, доруворӣ ва таҷҳизоти дигари тиббиеро харида, озими Русия мегардад. Аммо рафтан ба Русия он шабу рӯз осон набуд. Арманд мебоист садду мамониати зиёдеро гузарад. Ӯро ҳатто дар Лондон ба ҳабс гирифтанд. Сафари ӯ ба Русия хело шубҳанок менамуд. Дарёфти визаи Шӯравӣ низ зиёд тӯл кашид. Хаммер ҳатто аз Берлин ба Маскав нотаи эътирозӣ фиристод. Танҳо баъд аз ин аз Маскав барояш виза фиристода шуд ва Хаммер ахир ба роҳ баромад. Зимистони соли 1921 вориди Маскав шуд ва аз дидани авзои воқеии аввалин кишвари Шӯроҳо хеле мутаассир гардид. Ӯ бемористони саҳроӣ ва дорувориро ба комиссари халқии тандурустӣ месупорад ва баъди чанде ба Хаммер пешниҳод мекунанд, ба ҳайси меҳмони ҳукумати Шӯравӣ баъзе манотиқи кишварро бубинад. Билохира, Арманд дар ҳайати 1 комиссияи хос ба навоҳии Урал рафт. Тамоми корхонаҳои Урал аз кор монда, аз сӯи дигар дар анборҳо сангҳои қимматбаҳо ва пӯсту пашми зиёде мавҷуд буд. Роҳбари комиссия ба Хаммер гӯшзад мекунад, ки агар дар ивази ин боигариҳо онҳо 1 млн тонна ғалла меёфтанд, Уралиҳо аз гуруснагӣ наҷот меёфтанд. Хаммер бошад медонист, ки имсол дар ИМА ҳосили хуби ғалла рӯёнида буданд ва амрикоиҳо намедонистанд ғаллаи зиёдатии худро чи кор кунанд. Он шабу рӯз дар ИМА 3 кг ғалла 1 доллар арзиш дошт. Ӯ дар ҳол ба комиссари халқии тандурустӣ ваъда дод, ки новобаста ба ҳамаи мушкилоти сиёсӣ ғаллаи лозимаро ба СССР меорад. Ва фавран ба бародараш номае роҳӣ намуд ва хост, барояш 3 млн тонна ғалла харида, ба Русия фиристад.

Дидор бо Илич
Баъди бозгашт ба Маскав Хаммерро Ленин ба ҳузур пазируфт. Ӯ дар ёддоштҳояш аз ин дидор муфассал ёд мекунад, ки Ленин аз таги мизаш маҷаллаи «Сайнтифик Американ»-ро баровард ва гуфт, ки Русия ниёзи шадид ба техника дорад. Ленин инчунин ба ӯ иброз намуд, ки мехоҳад бо ИМА муносибати беҳтаре дошта бошад ва сармояи амрикоӣ вориди Русия шавад. Хаммер фавран ба доҳии мазлумон аз мавҷудияти конҳои зиёди азкормонда дар Урал хабар дод ва Ленин низ ба ӯ пешниҳод кард, яке аз ин конҳоро ба кор андозад. Ӯ баъди каме андеша розӣ шуда, аввалин хориҷие гардид, ки дар Русияи шӯравӣ соҳиби корхонаи шахсӣ шуд. Баъди чанде корвони ғаллаи Хаммер низ вориди Петроград гашт ва бар ивази ғалла киштиҳо бо пашму сангҳои қимматбаҳо ва дигар масолеҳ ба ИМА баргаштанд. Дидори 2-уми Илич бо Хаммер тирамоҳи соли 1922 ба вуқуъ пайваст. Маҳз пас аз ин дидор муносибати зичи кишвари Шӯроҳо бо Хаммер, ки назирашро ҷаҳони капиталистӣ надида буд, сар шуд ва барои рушди робитаи иқтисодии Русия ва ИМА саҳми бориз гузошт. Хаммер бо Генри Форд “душмани қасамхӯрдаи сурхҳо” вохӯрд ва ӯро розӣ кард, ки бо СССР доду гирифт кунад. Дар натиҷа Форд тасмим гирифт Русияро бо тракторҳо (кишвари шӯроҳо он шабу рӯз ба онҳо сахт ниёз дошт) таъмин кунад ва мутахассисони корхонаҳои Форд дар шаҳри Горкий аввалин заводи тракторбарориро тарроҳӣ намуданд. Форд бо миёнаравии ӯ бо ҳукумати шӯравӣ қарордоди 35 млн доллараро оид ба таъмини таҷҳизоти тракторҳо ба имзо расонид ва маҳз ба шарофати талошҳои Хаммер ва афроди ба ӯ наздик аввалин кишвари Шӯроҳо аз бунбасти иқтисодӣ баромад.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter