ХАБАРИ ДОҒ

Созишномаи Варшава ва девори Берлин

  • Душанбе, Сен 26 2016

С.4

14.05.1955 Иттиҳоди Шӯравӣ, Албания, Болгария, Венгрия, Олмони Демократи (ГДР), Полша, Руминия ва Чехословакия дар пойтахти Полша-шаҳри Варшава созишномаи ҳарбиро ба имзо расониданд, ки дар таърихнигории муосир бо номи Созишномаи Варшава (СВ) маъруф аст. Инчунин Ташкилоти созишномаи Варшава таъсис дода шуд, ки барои 36 сол ҷаҳонро ба ҷаҳони 2-қутба табдил дод.

СВ 5.06.1955 ба ҳукми қонун даромад ва 26.04.1985 барои 20 соли дигар дароз карда шуд. Аммо бо сабаби дигаргуниҳо дар аввалин кишвари Шӯроҳо ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ 25.02.1991 ширкаткунандагони СВ ниҳодҳои ҳарбии онро мансух карданд ва 1.07.1991 бошад дар Прага Протоколро дар бобати комилан қатъ шудани СВ ба имзо расониданд. СВ оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва муовинат (ёрии ҳамдигарӣ) баъди 6 соли таъсисёбии НАТО (Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ) ба имзо расонида шуд. Бояд гуфт, ки ҳамкории ин кишварҳо ҳанӯз пеш аз ба имзо расонидани СВ ба роҳ монда шуда буд. Баъди анҷоми ҶБВ дар бештари ин кишварҳо низомҳои коммунистӣ сари кор омаданд. Албатта дар ин амр нерӯҳои Артиши Сурх, ки дар ин кишварҳо мустақар шуда буданд, мусоидат карданд. Соли 1949 миёни ин кишварҳо Шӯрои муовинати иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки мебоист масоили иқтисодиро миёни онҳо ҳаллу фасл мекард. Бо вуҷуди ин баъди марги муллои гурҷӣ дар соли 1953 дар 1 қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ нишонаҳои норозигии оммавӣ аз сиёсати номуайяни СССР ба миён омаданд. Дар Чехословакия ва Венгрия гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва корпартоиҳо ба вуқӯъ пайваста, дар Олмони демократӣ бошад, гирдиҳамоиҳо чунон серодам буданд, ки роҳбарияти шӯравӣ маҷбур шуд барои пахши баромади коргарон аз тонкҳо истифода кунад. Баъди фавти Сталин роҳбарияти нави Шӯравӣ барои дарки беҳтари вазъият аз бештари кишварҳои лагери сотсиалистӣ дидан намуд ва ба имзо расидани СВ низ натиҷаи ҳамин дидорбиниҳо шуд. Ба СВ ҳамаи кишварҳои аврупоишарқӣ ғайр аз Югославия, ки мавқеъи бетарафиро ишғол карда буд, дохил шуданд. Сабаби асосии ба имзо расидани СВ пеш аз ҳама пайдоиши таҳдиди низомӣ дар натиҷаи тасдиқ шудани қарордодҳои Париж дар соли 1954, ки таъсиси иттиҳоди Аврупоиғарбӣ ва ҳамроҳшавии Олмони Ғарбиро ба НАТО пешбинӣ мекарданд. Аммо 9.05.1955 Олмони Ғарбӣ (ФРГ) шомили НАТО шуд ва 1 қатор ВАО хабари таъсиси "евроартиш"-ро аз ҷониби кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба нашр расониданд. Баъди ин таъсиси ташкилоти ҳарбӣ-сиёсии кишварҳои сотсиалистии аврупоӣ амри ногузир шуд. Мақсади асосии СВ таъмини амнияти кишварҳои иштирокчии он ба шумор мерафт. СВ аз муқаддима ва 11 боб иборат ёфта, тибқи шароити он ва Низомномаи ООН тамоми кишварҳои ба СВ имзо гузошта, мебоист дар сиёсати байналмилалӣ аз таҳдид ё истифодаи ошкори нерӯи ҳарбӣ даст мекашиданд ва дар сурати муноқишаи низомӣ ба ҳамдигар бо тамоми васоили дастрасашон кумак мекарданд. Инчунин кишварҳои иштирокчии СВ барои мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона бо ҳам, барои рушди равобити фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни якдигар мекӯшиданд ва бо ҳурмат аз истиқлоли миллии якдигар ба сиёсати дохилии ҳамдигар дахл намекарданд. Лек бояд гуфт, ки аъзогӣ дар Ташкилот на ҳамеша ихтиёрӣ буд ва кӯшишҳои нодири баромадан аз он шадидан пешгирӣ мешуданд (масалан Венгрия, Полша ва Чехословакия). Инчунин мавқеъи махсусро дар лагери сотсиалистӣ Руминия ишғол мекард. Дар ин кишвар талаботи миллӣ аз дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ бештар ба назар мерасид. Соли 1958 ба Руминия муяссар шуд нерӯҳои артиши шӯравиро аз ҳудуди худ берун кунад ва дар бисёр маврид аз кӯмаки роҳбарияти СССР сарфи назар мекард. Баъди ба имзо расидани СВ, инчунин ниҳоди олии Ташкилоти СВ-Кумитаи сиёсии машваратӣ созмон дода шуд. Вазифаи асосии ин ниҳод гузаронидани машваратҳо оид ба масоили баҳсбарангез, ки дар чаҳорчӯби пиёда кардани СВ ба миён меомаданд, маҳсуб меёфт, лек фаъолияти Ташкилоти СВ на ҳамеша муваффақият дошт. Маҳз зиддияти ин Ташкилот бо НАТО сабабгори авҷи 2 буҳрони бузург шуд ва қариб Ҷанги ҷаҳонии 3 сар мезад.

 

Бӯҳрони Берлин

Бӯҳрони аввал, ки бо Бӯҳрони Берлин маъруф аст, соли 1959 ба вуқӯъ пайваст. Сабаби ин бӯҳрон кӯчонидани оммавии сокинони Олмони Шарқӣ ба Берлини Ғарбӣ шуд. СССР аввалин шуда сектори ишғолкардаи худро дар Берлин ба Олмони демократӣ супурд, аммо Берлини ғарбӣ зери султаи артиши амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ боқӣ монд. Аз нигоҳи СССР ин вазъият истиқлолияти давлатии Олмони демократиро зери суол мебурд ва монеи ворид шудани Олмони шарқӣ ба фазои ҳуқуқи байналмилалӣ мегашт. Ба ин хотир СССР бар хилофи қарордоди Потсдам қатъи идораи чоркишвараи Берлинро талаб кард, ки Берлини Ғарбӣ ба шаҳри беяроқи озод табдил дода шавад. Дар сурати иҷро нашудани талабҳои худ СССР эълон кард, ки назорати вуруд ба шаҳрро ба ҳукумати Олмони шарқӣ вогузор мекунад ва бо ин кишвар созишномаи сулҳи ҷудогонаро ба имзо мерасонад. Қонеъ кардани ин талабот метавонист дар оянда ба ҳамроҳшавии Берлини Ғарбӣ ба Олмони демократӣ мунҷар шавад. ИМА ва Фаронса талаби СССРро рад карданд, аммо ҳукумати англис бо сарварии Гаролд Макмилан тайёр буд бо СССР дар ин масъала созиш кунад. Пас аз гуфтушунидҳои бенатиҷа бо ИМА дар Кэмп-Дэвид дар соли 1959 ва дар Вена дар соли 1961 СССР аз талабҳои таҳдидомези худ даст кашид, лек ба ҳар васила ҳукуматдорони Олмони Шарқиро таҳрик медод, то назоратро аз болои сарҳади Берлини Шарқӣ ва Ғарбӣ пурзӯр кунад. Ахир маҳз ин таҳрикҳо сабаб гаштанд, то миёни Берлини шарқӣ ва Ғарбӣ девори бузурге қад боло кунад, ки бо девори Берлин маъруф шуд. Моҳи феврали соли 1958 Хрушев пешниҳод кард конфронси "4 кишвари бузург" даъват шавад ва дар он ҳолати Берлини Ғарбӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Аммо Ғарб ба ин пешниҳод розӣ нашуд. Бо вуҷуди ин ба Хрушев муяссар шуд ҳини боздидаш аз ИМА сентябри соли 1959 бо президент Эйзенхауер ба тавофуқ бирасад ва ин конфронс дар Париж маймоҳи соли 1960 баргузор шавад. Аммо 1.05.1960 дар ҳудуди СССР тайёраи ҷосусии амрикоӣ U-2 зада афтонда шуд ва ин амалкард монеи даъвати конфронси Париж гашт. 7.04.1961 Хрушев боз бо талабҳои таҳдидомези нав оид ба масъалаи Берлин баромад ва эълон кард, ки СССР то охири сол бо Олмони Шарқӣ созишномаи сулҳро ба имзо мерасонад ва тамоми неруро дар қисмати шарқии Берлин ба Олмони Шарқӣ вогузор мекунад. 5.08.1961 Кумитаи Сиёсии Машваратии Ташкилоти Созишномаи Варшава (ТСВ) аз Олмони Шарқӣ даъват намуд бар зидди "фаъолияти тахрибкоронаи" Берлини Ғарбӣ чораҳои қатъӣ андешад. 28.07.1961 президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ гуфт, ки ИМА ба ҳар васила аз Берлини Ғарбӣ муҳофизат мекунад. 16 август 113 қисми Горди миллии ИМА ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд ва Ҷон дастур дод ба Берлини Ғарбӣ нерӯҳои иловагии ҳарбӣ фиристода шаванд. 12 август рафтуои озодонаи аҳолӣ аз Берлини Шарқӣ ба Берлини Ғарбӣ манъ карда шуд. Коммунистони немис хеле ҷасурона амал мекарданд. Бо бонги хатар кулли аъзои қатории ҳизб ба по хезонда шуданд ва онҳо 1 навъ занҷири зиндаро қад-қади марзи Берлини Шарқӣ бо қисмати ғарбии он ба вуҷуд оварданд. Онҳо то замоне, ки тамоми Берлини Ғарбӣ бо девори бетонӣ ва нуқтаҳои назоратӣ муҳосира шуд, дар ҷои худ мустақар буданд. Ин девор барои солҳои тӯлонӣ рамзи тақобул гардид. Акнун маҳз дар ин ҷо марзи иттиҳодҳои ба ҳам зидд ҷойгир шуда буд. 24 август дар ҷавоб ба барпо кардани девор, қад-қади он наздики 1000 сарбози амрикоӣ бо тонкҳо ҷойгир карда шуданд. 29 август бошад СССР низ нерӯҳои худро дар Олмони шарқӣ ба ҳолати омодабош овард ва аз хизмати ҳарбӣ рухсатии сарбозонро аз артиши Шӯравӣ муваққатан ба таъхир андохт. 13 сентябр 2 тайёраи қиркунандаи шӯравӣ ба сӯи 2 тайёраи боркаши амрикоӣ, ки ба Берлини Ғарбӣ парвоз мекарданд, тирпаронии огоҳкунанда ба амал овард. Сентябри соли 1961 бошад нерӯҳои амрикоӣ дар Берлини Ғарбӣ то 40.000 нафар зиёд карда шуданд. 26-27.10.1961 дар Берлин воқеъае рух дод, ки бо номи "ҳодиса дар назди КПП (ННУ) Чарли" маъруф шуд ва қариб буд ихтилоф ба ҷанги тарафайн мунҷар шавад. Хадамоти ҷосусии шӯравӣ ба Хрушев хабар дод, ки тарафи амрикоӣ мехоҳанд ғави марзиро дар наздикии Фридрехштрассе аз миён бардоранд. Рӯзи дигар ба назди КПП "Чарли" 3 ҷипи амрикоӣ бо сарбозон ва аз қафои онҳо булдозерҳои пурзӯр ва 10 тонк ҳозир шуданд. Дар ҷавоб фармондеҳии шӯравӣ ба Фридрехштрассе ротаи 7-и тонкии капитан Войтченкоро фиристод. Нишонаҳои фарқкунанда дар тонкҳои шӯравӣ бо лой гилмолӣ шуданд, то амрикоиҳо гумон кунанд тонкҳо ба Олмони Шарқӣ тааллуқ доранд. Тонкҳои шӯравӣ ва амрикоӣ тамоми шаб бар зидди якдигар сангар гирифтанд. Субҳи 28 октябр бошад роҳбарияти шӯравӣ тонкҳои худро ақиб бурд ва амрикоиҳо низ аз иқдоми худ даст кашида, тонкҳояшонро бозгардониданд. Бӯҳрони Берлин бо ҳамин хотима ёфт.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter