Соли 1983 дар таърихи муносибатҳои СССР бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф шудааст. Дар ин сол президенти ИМА-Роналд Рейган бори аввал Иттиҳоди Шӯравиро “императории шарр” муаррифӣ кард ва ВАОи ғарбӣ ин истилоҳро ба таври васеъ зидди аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ ва ба сохтани мушакҳои нави болистикии байниқитъавӣ оғоз кард. Танҳо чанде қабл аз ин ҳодиса 1.09.1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ тааллуқ дошт, зада афтонд. Дар натиҷа 269 мусофир, ки аксар кореягӣ, ҷопонӣ ва амрикоӣ буданд ва аз Аляска ҷониби Сеул парвоз доштанд, ҳалок шуданд. Ҷасадҳо низ то ҳол пайдо нашудааст. Рейган боз тамоми гуноҳро ба гардани “Императории шарр” бор кард ва ин ҳодиса ба таъбире дасти ИМАро боз намуд. ИМА мушакҳои дуриашон миёнаи худро дар Аврупо ҷойгир кард. Ин вазъиятро боз ба нафъи ИМА тағйир дод. СССР низ мушакҳои худро дар Олмони Шарқӣ ва Чехословакия мустақар кард, аммо мушакҳои шӯравӣ боз ҳам ба ҳудуди Амрико намерасиданд. Вале ИМА метавонист тамоми қисмати аврупоии СССРро мушакборон кунад. Бо вуҷуди ин Андропов-ГенСеки вақти шӯравӣ ваъда дод, ки СССР дар кӯтоҳтарин вақт ба Амрико посухи муносиб хоҳад дод.
Дасисаи СРУ
Аммо Ҷонатон Сандерс-профессори факултаи журналистикаи Донишгоҳи Стоуни-Брук (ИМА) ҳодисаи тайёраи кореягиро дасисаи СРУ (Хадамоти ҷосусӣ) муаррифӣ мекунад ва ин кор танҳо вазъияти бадро боз ҳам батар кард. Ба диди ӯ чанде қабл аз суқути “Боинг” дар болои Камчатка воқеан тайёраи ҷосусии амрикоӣ дар парвоз буд. Навбатдори шӯравӣ ба сарнишини тайёраи қиркунанда фармони зада афтондани онро дода буд. “Боинги” кореягӣ бошад дувуним соат дар фазои ҳавоии шӯравӣ қарор дошт ва 600 км аз роҳи муқарраршудааш ба самти иншоотҳои махфии ҳарбии шӯравӣ канор рафта буд. Қисмати ин тайёраро дар болотарин зинаҳои ҳукуматии СССР ҳаллу фасл карданд ва Андропов қарор дод, онро базананд. Албатта ин аввалин ҳодиса набуд. 5 сол муқадам (апрели соли 1978) айнан чунин ҳодиса бо тайёраи дигаре кореягӣ, ки он ҳам шомили ширкати “Кориэн Эйрланз” буд, дар осмони Мурманск иттифоқ уфтод. Ин “Боинги 707”-и кореягӣ аз Париж ба самти Анкориҷ парвоз дошт. Ин хатти ҳавоӣ аз навоҳии қутбӣ мегузашт, лек он роҳгум зад ва ба ҷои Аляска дар болои нимҷазираи Колск ошкор карда шуд. Аз ҳама аҷиб, тамоми нуқоти нигаҳдории киштиҳои атомии зериобии (АПЛ) шӯравӣ рост дар самти роҳи ин тайёраи “раҳгумзада” қарор гирифта буданд. Боинг ба фармонҳои ниҳодҳои зиддимушакии шӯравӣ ҳеҷ посух намедод ва дар Маскав қарор доданд, онро ба замин фароранд. Барои ин кор дастаи тайёраҳои қиркунанда ба ҳаво баланд шуданд. Яке аз тайёраҳои “Су-15”-и шӯравӣ ба қадре ба Боинг наздик шуд, ки кулли мусофирон инро диданд, лек сарнишинони “Боинг-707” инро гӯё намедиданд. Пас аз ин Боинг якбора хатти парвози худро тағйир дода, ҷониби Финляндия меравад. Аз замин бошад ба сарнишинони шӯравӣ фармон медиҳанд, нагузоранд тайёра ҳудуди ҳавоии кишварро убур кунад. Яке аз мушакҳои қиркунанда қисмате аз қаноти Боингро канда гирифт. Аммо ба командири сарнишинони Боинг-Ким Чанг Кю, ки летчики бисёр моҳир буд, муяссар шуд ҳавопаймояшро болои кӯли яхбастае фуруд орад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 2 нафар ба ҳалокат расида, 13 мусофири дигар ҷароҳат бардоштанд. Ким бошад 70 парвоз дар болои хатсайри қутбӣ дошт, худро ба нодонӣ зада, ба ҳамаи саволҳо танҳо 1 посух медод: “Ман чизеро нашунидам”. Баъд аз гузашти солҳо аён шуд, ки ин парвоз санҷишӣ буд.
Чанд дақиқа то қиёмат
Юрий Андропов-роҳбари СССР он шабу рӯз аллакай сахт бемор ва дар маҷмӯъ бештари аъзои Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС низ пир ва фартут будандӣ. Аммо ин мӯсафедон ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари ИМА суст намеомаданд. Дар худи ҷомеаи шӯравӣ низ фишори амрикоиҳоро ба кишвар чандон таҳаммул намекарданд. Миёни мардум роиҷ шуда буд, ки кишваре, ки ҶБВро пушти сар карда аст, душвор аст бо чизе тарсонидан. Аммо ҳама чиз мисле ки дар болои 1 мӯи борике қарор дошт. Пас аз ҳодисаи “Боинг” дар ИМА ва кишварҳои дигари ғарбӣ даъват мекарданд, ки аз СССР интиқом гиранд. Петров дар маркази фармондеҳии Серпухово-15 аналитики асосӣ ба шумор мерафт. Таҳлилгарон танҳо 2 бор дар моҳ навбатдорӣ мекарданд ва хушбахтона шаби 26 октябр маҳз рӯзи навбатдории ӯ буд. Дар ин шаб системаи огоҳкунии ҳамлаи мушакӣ партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. Вақте асбобҳо парвози мушакро ба қайд гирифтанд, тамоми дидаҳо дар марказ ҷониби Петров равона шуданд. Петров мӯ ба мӯ тибқи дастурамал амал кард. Аввал коршоямии тамоми асбобҳоро санҷид. Ҳамаи системҳо кор мекарданд ва компютер хабар медод, ки мушак ҷониби СССР дар парвоз аст. Бадбахтона баъди чанд лаҳза системаҳо боз партови чанд мушакро аз ҳамон база ба қайд гирифтанд. Дар ҷамъ компютер парвози 5 мушакро нишон медод. Пас аз ин тибқи дастурамал Петров мебоист аз ҳуҷуми ИМА Андроповро огоҳ мекард. ГенСек бошад баъди огоҳ шудан 10-12 дақиқа вақт дошт, то ба хулосае биояд ва фармони зарбаи ҷавобиро содир кунад. Идомааш аз касе пӯшида набуд. Ҳар 2 кишвар ба ҷанги атомӣ фурӯ мерафтанд. Ба андешаи бисёриҳо Андропов дар баровардани ҳукм пеш аз ҳама ба маълумоти ҳарбиён такя мекард ва эҳтимоли зарба ба ИМА хело зиёд буд.
Компютери “беақл”
Шояд навбатдори маъмулӣ дигар хел рафтор мекард, лек таҳлилгари асосӣ Петров, ки солҳои тӯлонӣ бо ин система сару кор дошт, ба компютер бовар накард. Пас аз солҳо ӯ мегуфт, ба ин андеша, ки компютер ақл надорад, такя зад ва ба система бовар накард. Эҳтимоли хато кардани системаро 1 амри дигар тақвият мебахшид. ИМА ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуҷумро зидди СССР бо партоби мушак, танҳо аз 1 база оғоз намекард. Аммо системаи огоҳкунӣ партоби мушакҳоро аз базаҳои дигар намедид. 1 қиссаи дигаре низ буд, ки Петров ҳанӯз аз овони донишҷӯияш дар хотир дошт. Октябри соли 1962 ҳини бӯҳрони Кариб киштии зериобии шӯравӣ дар соҳилҳои Куба зери бомбаборони амрикоиҳо қарор гирифт ва маҷбур шуд ба чуқурии зиёд фарояд ва алоқааш бо соҳил канда шуд. Ин киштии зериобӣ 2 ҳафта аз Маскав хабаре дарёфт намекунад. Фармондеҳи киштӣ ба хулосае меояд, ки Ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ сар шудааст ва қарор медиҳад тамоми захоири мушакии худро ҷониби Амрико партояд. Хушбахтона фармондеҳи киштиро ёрдамчиаш аз роҳ мезанад. Ӯ пешниҳод мекунад аввал болои об баромада, сипас мушакҳоро партояд. Вақти баромадан баҳрнавардони шӯравӣ фаҳмиданд, ки қариб буд ҷанги атомиро оғоз мекарданд. Дар натиҷа Петров қарор дод, огоҳии ҳуҷум хатои компютерӣ ҳисобида шавад ва ҳамаи хадамотро аз ин қарори худ тариқи телефон огоҳ кард.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР