ХАБАРИ ДОҒ

Ҷанги 2 қудрат

3-4 октябри с.1993 дар маркази ш.Маскав ва назди маркази телевизионии “Останкино” задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибдорони Президенти Русия Борис Елсин ва ҳукумати иҷроия (Шӯрои Вазирон бо сарварии Виктор Черномирдин ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков низ аз Елсин ҷонибдорӣ мекарданд) аз 1 сӯ ва ҷонибдорони Шӯрои Олии кишвар бо сарварии Руслан Хасбулатов аз ҷониби дигар сар зад. Рӯзи дигар нерӯҳои мусаллаҳи ба Елсин содиқ Хонаи Шӯроҳои Русияро тассаруф карданд, ки дар натиҷа афроди зиёди ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Баъзе аз муҳаққиқон ин ҳаводисро ҷанги 2-уми шаҳрвандӣ дар Русия (аммо дар қаламрави 1 шаҳр) қаламдод мекунанд. Аммо решаи ин ҳаводис ҳанӯз с.1992 кошта шуд. Маҳз аз он давра душмании 2 шохаи ҳукуматӣ дар Русия-қудрати иҷроия (Елсин ва ҳукуматаш) ва қудрати қонунгузор (Хасбулатов, витсе-президенти Русия Александр Рутской, бештари вакилони мардумӣ) оғоз гашт, ки ахир ба қатлу куштор дар пойтахти ин кишвар мунҷар шуд. Тибқи омори расмӣ дар ҳаводиси моҳи октябр дар пойтахти Русия 147 нафар ҳалок ва 372 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аммо шоҳидон аз ҳазорон қурбонӣ ном мебаранд. 

Сарқонун-маншаъи низоъ

Тибқи моддаи 104-и Сарқонуни Русия, дар ин кишвар ниҳоди олии ҳокимияти давлатӣ Анҷумани вакилони мардумӣ маҳсуб меёфт ва ин ба таври табиӣ мақоми Шӯрои Олиро боло мебурд ва ҳокимияти иҷроияро зери таъсири худ қарор медод. Елсин ва командааш аз ин сахт азият мекашиданд. Ӯ Сарқонуни кишварро “дупаҳлӯя” хонд ва талаб намуд онро иваз кунанд. Сарқонуни нав мебоист ҳокимияти президентиро тақвият мебахшид ва дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ халал намерасонид. Шӯрои Олӣ бошад, аз Сарқонуни феълии кишвар дифоъ мекард ва сабаби асосии хушунати Елсинро дар нокомии ислоҳоти иқтисодиаш медонист. Масалан, Хизбулатов дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд: “Вақте ҳамаи ин ислоҳоти гайдарӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуданд, Елсин ва тарафдоронаш қарор доданд ҳама чизро болои Шӯрои Олӣ бор кунанд. Онҳо иддао мекарданд, ки Шӯрои Олӣ зидди ислоҳоти мутараққии иқтисодист”. Бӯҳрони сиёсӣ моҳи декабри с.1992 дар Анҷумани VII вакилони мардумӣ сар шуд. Дар он вакилони мардумӣ ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ ҳукумати Егор Гайдарро зери танқиди сахт гирифт ва номзадии Гайдарро ба ҳайси Раиси Шӯрои Вазирони кишвар рад кард. Баъди ин Елсин дар Анҷуман баромад кард ва дар навбати худ кори вакилони мардумиро зери танқиди шадид қарор дод. Елсин фикри баргузории раъйпурсии умумирусиягиро матраҳ намуд ва бо берун бурдани вакилони тарафдораш аз Анҷуман кӯшиш кард дар кори он халал эҷод кунад. Марти с.1993 дар Маскав Анҷумани VIII вакилони мардумӣ ифтитоҳ ёфт. Дар ин Анҷуман вакилон қарори №4626-1-ро бо номи “Чораҳо оид ба баргузории ислоҳоти конститутсионӣ дар Федератсияи Русия” ба имзо расониданд. 20.03.1993 Елсин тариқи ТВ ба мардум муроҷиат ва эълон кард, ки фаъолияти Сарқонун қатъ ва барои идораи кишвар “тартиби махсус” ҷорӣ мегардад. Суди конститутсионӣ муроҷиати президентро амали хилофи Сарқонун ва чун асос барои аз вазифа гирифтани Елсин қаламдод кард. 28.03.1993 Анҷумани вакилони мардумӣ дар масъалаи нобоварӣ ба президент овоздиҳиро роҳандозӣ кард. Аммо ин кӯшиш ба нокомӣ анҷомид. Дар айни овоздиҳӣ матни аслии Қарори Елсин дар дастрасии вакилон қарор гирифт ва ин қарор бо муроҷиати қаблии телевизиониаш фарқ дошт. Ин қарор ҳеҷ тазодде бо Сарқонун надошт. Бо вуҷуди ин ба тарафдорӣ аз нобоварӣ 689 вакил (яъне аз 3/2 нафар) ва зидди он 268 вакил овоз доданд.

Фармони №1400, ё табадуллоти давлатӣ?

Ахир муқобилаи тарафайн тирамоҳи с.1993 ба авҷи аълои худ расид. 21.09.1993 Елсин Фармони маъруфи №1400 “Дар бобати ислоҳоти зина ба зинаи конститутсионӣ дар Русия”-ро ба имзо расонид. Банди аввали фармон вазоифи қонунгузорӣ, амрдиҳанда ва назоратии Анҷумани вакилони мардумии Русия ва Шӯрои Олии кишварро қатъ кард. Тибқи он Анҷумани вакилони мардумӣ ва Шӯрои Олӣ мебоист фаъолияти худро қатъ мекарданд ва ба истеъфо мерафтанд. Дар кишвар системи муввақатии ниҳодҳои ҳукуматӣ роҳандозӣ мешуд ва 11.12.1993 мебоист интихобот ба Думаи Давлатӣ баргузор мешуд. Бо судури ин фармон Елсин ба таври автоматикӣ тибқи моддаи 121.6-и Сарқонун де-юре аз вазифаи Русия маъзул шуд. Худи ҳамон рӯз Раёсати Шӯрои Олӣ, ки аз болои иҷроиши Сарқонун назорат менамуд, ҷамъ шуд ва ин амрро ироа дод. Баъд Суди Конститутсионӣ бо қарори худ амалкарди ӯро хилофи Сарқонун муаррифӣ кард. 22.09.1993 Шӯрои Олӣ дар асоси моддаҳои 121.6 ва моддаи 121.11-и Сарқонун салоҳиятҳои президентро аз лаҳзаи судури фармони №1400 қатъ кард ва онҳоро ба зиммаи витсе-президент Рутской вогузошт. Ноябри с.1993 мебоист Анҷумани Х-уми вакилони мардумӣ доир мешуд. То ин замон вакилони бештаре ба мухолифони Елсин ҳамроҳ мешуданд ва вазъият тавре ҷараён дошт, ки дар Анҷуман ҳукумати Елсин мебоист ногузир ба истеъфо мерафт. Ба ақидае бархе командаи ӯ чорае ҷуз зарбаи пешакӣ задан надошт. Фармони ӯ бошад, аввалин иқдоми ин амалиёт қаламдод мешуд. Дар асл ҷанги байни фармонҳои президент ва парлумон оғоз ёфт. Ҳар кадом бо фармони худ қарори тарафи зидро бекор мекард. 24 сентябр Анҷумани Х-уми вакилони мардумӣ билохира ба кори худ сар кард ва қарори Шӯрои Олиро дар бобати қатъи салоҳиятҳои президентии Елсин ба тасвиб расонид ва амалкарди ӯ ва тарафдоронашро табадуллоти давлатӣ муаррифӣ кард. Анҷуман қарор дод интихоботи якҷояи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумиро, на дертар аз моҳи марти с.1994 барпо кунанд.

Боқимондаҳои коммунизм

Елсин мудом Анҷуман ва Шӯрои Олиро охирин “боқимондаҳои ҳукумати шӯравии коммунистӣ”, ки ба ҳаракат ҷониби ояндаи беҳтар халал мерасонанд, муаррифӣ мекард. Тааллуқ доштан ба ҲКИШ дар замони ӯ 1 навъ ҷурм қаламдод мешуд. Лек худи Елсин ва бештари аъзои ҳукуматаш собиқ фаъолони низоми коммунистӣ маҳсуб мешуданд. Ҳатто с.1995 тибқи маълумотҳои Институти сотсиологии АУ Русия, 75% дастгоҳи Елсин ва 74,3% ҳукумати ФР аз номеклатураи ҳизбии собиқ ташкил ёфта буд. Ягона аъзои ҳукумати елсинӣ, ки аъзои ҲКИШ набуд, С.Ю.Глазев вазири муносиботи иқтисодии беруна буд. Бо амри тақдир Глазев ягона вазирест, ки амалкарди Елсинро маҳкум ва аз Шӯрои Олӣ тарафдорӣ кард. Ба андешаи бархе, Елсин чун сабаби қонунӣ барои пароканда кардани парлумон надошт, аз оғоз имкони ҳар навъ созишро рад кард. Аз ин рӯ, ӯ пешниҳоди 3 ниҳоди қудратманди дигари Русия-Суди конститутсионӣ, машварати роҳбарони субъектҳои ФР ва Калисои Православиро дар бобати баргаштан ба вазъияти то фармони 21 сентябр ва интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва парлумон рад кард. Тарафдорони президент қарор доданд ба чораи охирин даст зананд ва барои баъдан сафед кардани худ тарафдорони парлумонро барои муқовимат таҳрик кунанд. Аввалин иқдом дар амалисозии ин нақша, пурзӯр кардани муҳосираи “Хонаи сафед” (бинои Шӯрои Олӣ) буд. Ин амалкард намоишҳои эътирозиро ба вуҷуд овард. Ин намоишҳоро ОМОН бо бераҳмии хос пароканда намуд. 3 октябр дар майдони Октябри Маскав беш аз 100.000 одам ҷамъ шуд. Соати 15:45 дақиқа ногаҳон издиҳоми мардум тирборон карда шуд. Дар натиҷа 7 нафар кушта ва 63 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. То ҳол касе аз тарафайн ин тирандозиро ба ӯҳда нагирифтаанд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter