ХАБАРИ ДОҒ

Ҷанги сурху сафед

25.10.1922, соати 4 қисмҳои Артиши халқӣ-инқилобии Ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии сарлашкари сурх-Уборевич ба шаҳри Владивосток даромаданд. Ишғоли Владивосток аз ҷониби Артиши Сурх чун санаи анҷоми Ҷанги граждании Русия шинохта шудааст.

 

Ҷанги граждании Русия яке аз хунинтарин даргириҳои қарни ХХ шинохта шуда, он миёни нерӯҳои мусаллаҳи болшевикон ва тарафдорони онҳо “сурхҳо” ва нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон, ки бо “ҳаракати сафедҳо” маъруф аст, ба вуқӯъ пайваст ва дар таърихнигорӣ бо номи ҷанги сурхҳо бо сафедҳо инъикос ёфтааст. Барои болшевикон саркуб кардани муқовимати мухолифон роҳи ягонаи нигаҳдории қудрат дар 1 кишвари деҳқонӣ буд. Онҳо ният доштанд Русияро ба таҳкурсии инқилоби сотсиалистӣ табдил диҳанд ва дар оянда ҷомеаи бе синфи коммунистиро ҳам дар Русия ва ҳам дар Аврупо барпо кунанд. Барои бештари иштирокчиёни ҳаракати сафедҳо бошад ин ҷанг роҳи ягонаи бозгардонидани ҳукумати худ ва барқарор кардани ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоиашон ба шумор мерафт. Бо ин мақсад сафедҳо дар манотиқи таҳти назораташон мекӯшиданд артиш ва дастгоҳи идораи шаҳрвандиро созмон дода, ҳуқуқи моликияти шахсӣ ва савдои озодро барқарор кунанд. Сафедҳо низ мекӯшиданд тарафдории оммаи васеъи мардумро ба даст оранд ва бо такя ба он ҳукумати болшевикиро сарнагун намоянд. Гарчи миёни мухолифони болшевикон якдилии ақидатӣ набуд, аммо мақсади ниҳоии онҳо даъвати нави Маҷлиси муассисон, ки мебоист тақдири ояндаи Русияро муайян мекард, эълон шуда буд. Яке аз омилҳои асосӣ дар рафти Ҷанги граждании Русия мавқеи деҳқонон шуд. Деҳқонон, ки 80% аҳолии Русияро ташкил медоданд, гоҳ тарафи сафедҳо, гоҳ тарафи сурхҳоро мегирифтанд. Аммо ахир шиорҳои инқилобии болшевикон дар бобати замин ба деҳқонон таъсир расонид ва натиҷаи ҷангро ба нафъи болшевикон хотима дод. Яке аз хусусиёти хоси Ҷанги гражданӣ истифодаи васеъи зӯрӣ ва хушунат барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ аз ҷониби ҳар 2 тарафи даргирӣ ба шумор меравад. Яке дигар аз қисматҳои таркибии ин ҷанг ҳарби мусаллаҳонаи канораҳои миллии имературии собиқ, барои расидан ба истиқлолияти худ ва ҳаракати шӯришии оммаи васеъи мардуми ин канораҳо зидди нерӯҳои тарафҳои асосии даргирӣ, чи сурхҳо ва чи сафедҳо будӣ. Чун кӯшиши эълони истиқлолият аз ҷониби миллатҳои гуногуни импературии собиқ ҳам ба мухолифати “сафедҳо”, ки шиорашон “Русияи ягона ва тақсимнопазир” буд ва ҳам ба мухолифати “сурхҳо”, ки рушди миллигароиро хатар барои музаффариятҳои инқилоб медонистанд, дучор мешуд. Халқҳои зиёди ин импературии собиқ дар натиҷаи инқилоб ва гражданка бори аввал истиқлолияти сиёсии худро ба даст оварданд. Ҳукуматҳои ин давлатҳои навтаъсис манофеи миллии худро дифоъ ва бо сиёсати худ нерӯҳои зиддиболшевикиро заиф карда, аз сӯи дигар экспорти инқилоби болевикиро низ маҳдуд сохтанд. Ин ҷанги хунин, на танҳо дар ҳудуди импературии собиқи Русия, балки берун аз он низ (дар Эрон, Муғулистон ва Чин) бурда мешуд.

Сабабҳо

Дар бобати сабабҳои ин ҷанг низ дар таърихнигории муосир фикрҳои гуногун матраҳ шудаанд. Муаррихин яке аз сабабҳои асосии онро ихтилофоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва миллӣ-этникӣ, ки баъди инқилоби Февралӣ дар Русия ба вуҷуд омаданд, медонанд. Барои мисол то октябри с.1917 2 масъалаи муҳим-итмоми ҷанги ҷаҳонӣ ва масъалаи аграрӣ ҳалли худро наёфтанд. Инқилоби пролетарии болшевикон ва Ҷанги граждании Русия низ ба иддаои муаррихин бо ҳам зич алоқаманданд. Ленин ва дигар роҳбарони болшевик инқилобро бо ҷанги гражданӣ дар 1 саф қарор дода, инқилобро “рахнаи сулҳи шаҳрвандӣ” муаррифӣ мекарданд. Масалан, Николай Бухарин дар асараш “Назарияи диктатураи пролетарӣ” навишта буд: “Инқилоби пролетарӣ дар амал рахнаи сулҳи шаҳрвандӣ, яъне ҷанги гражданист”. Болшевикон ҷанги гражданиро чун давраи “болоӣ ва “тезу тунди” муборизаи синфӣ-мубориза миёни буржуазия ва пролетариати халқии бе ватан қаламдод мекарданд. Ин нукта дар “Манифести” маъруфи ҳизби коммунист барало қайд шудааст: “Коммунистҳоро маломат мекунанд, ки онҳо ватан ва миллатро бекор карданианд. Коргарон ватан надоранд. Пас аз онҳо чизеро, ки надоранд, намешавад гирифт”. Табдил додани ҷанги байнимиллӣ ба ҷанги байнисинфӣ (гражданӣ) яке аз асоситарин назарияҳои болшевикон буд ва онҳо ин назарияро солҳо қабл аз расиданашон ба қудрат матраҳ мекарданд. Аз ин рӯ, онҳо ҳам аз назари равонӣ ва ҳам аз назари маданӣ ба ин ҷанг омода буданд ва ҳанӯз с.1914 ба хотири табдил додани ҷанги ҷаҳонӣ ба инқилоби ҷаҳонӣ шиори “Ҷанги империалистиро ба ҷанги гражданӣ табдил медиҳем” матраҳ карданд. Баъди сари қудрат омадан роҳбарияти кишвари шӯравӣ 1 қатор иқдомоти сиёсиро пиёда кард, ки ба диди муаррихин сабаби сар задани ин ҷанги хонумонсӯз шуд. Аз ҷумла: милликунонии васоити истеҳсолот, бонкҳо ва замин, ки муқовимати заминдорони калон ва синфи ҳукмрони собиқро ба бор овард; парокандакунии Маҷлиси муассисон; баромадан аз ҷанг ва имзои сулҳи Брест бо Олмон ва фаъолияти дастаҳои озуқаҷамкун ва кумитаҳои камбағалӣ (комбед) дар деҳот, ки муносибати деҳқононро бо Ҳукумати шӯроҳо тезутунд кард, сабабҳои сар задани ҷанг муаррифӣ шудаанд.

Оғоз ва давраҳои асосӣ

Бештари муаррихони рус аввалин даргирии ин ҷанги хонумонсӯзро задухӯрдҳои моҳи октябри с.1917 дар Петроград муаррифӣ кардаанд. Иддаи дигар даргириҳои аввалро задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳини инқилоби Февралӣ медонанд ва дар ин миён давраи “тайёриро” аз моҳи феврал то ноябри с.1917 ҷудо мекунанд. Лек бо вуҷуди ин куллан Ҷанги гражданиро ба 3 давра тақсимбандӣ мекунанд, ки бо шиддати даргириҳо иштирокчиён ва вазъияти байналмилалӣ аз ҳам фарқ доранд. Давраи аввал аз октябри с.1917 то моҳи ноябри с.1918 арзёбӣ шудааст. Дар ин давра аслан таъсису бунёдгузории нерӯҳои мусаллаҳи тарафайн ва фронтҳои асосии даргирӣ миёни онҳо созмон ёфтанд. Хусусиёти асосии ин давра аз он иборат буд, ки Ҷанги гражданӣ дар якҷоягӣ бо ҷанги ҷаҳонии 1 идома дошт ва нерӯҳои кишварҳои Антанта ва Иттиҳоди 4-гона ногузир вориди ҷангҳои дохилирусӣ шуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҳукумати муввақат Милюков онро чун давраи муборизаи якҷояи нерӯҳои зиддиболшевикӣ ва зиддиинқилобӣ муаррифӣ мекард. Давраи 2-ум аз ноябри с.1918 то моҳи апрел-майи с.1920 муаррифӣ шудааст. Дар ин давра задухӯрдҳои асосӣ миёни Артиши Сурх ва артишҳои Сафед ба вуқӯъ пайваста, дигаргунии қатъӣ дар рафти ҷанг ба амал омад. Хусусиёти дигари ин давра, коҳиши амалиётҳои ҳарбӣ аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ буд. Дар оғози ин давра даргириҳо бештари манотиқи кишварро печида, сафедҳо дар оғоз пирӯз шуданд, лек баъд сурхҳо тавонистанд ҳуҷуми душманро боздошта, сафедҳоро шикаст диҳанд. Давраи 3-ум аз марти с.1920 то октябри с.1922 идома дошт. Дар ин давра муборизаи асосӣ ба канораҳои кишвар кӯчида, ба ҳукумати болшевикон хатари бевосита надошт.

Сабаби ғалабаи болшевикон

Сабабҳои асосии шикасти нерӯҳои зиддиболшевикӣ дар Ҷанги гражданӣ солҳои тӯлонӣ мавриди муҳокимаи таърихнигорон қарор доранд. Сабаби асосии шикасти “сафедҳо” парокандагии сиёсӣ-географӣ ва нотавонии роҳбарияти онҳо барои муттаҳид кардани ҳамаи нерӯҳои зиддиболшевикӣ муаррифӣ шудаанд. Яке аз муаррихони муосири рус Н.Карпов сабаби асосии шикасти сафедҳоро дар заъфи сиёсии ин ҳаракат медонад. Сарварони Ҳаракати сафедҳо то охири ҷанг натавонистанд ҳатто мақсадҳои асосии худро ба мафкураи мардум ироа кунанд. Ин ҷунбиш миёни мардум аслан кори сиёсӣ намебурд ва мутахассисони ин соҳаро ҳам доро набуд. Дар Артиши Сурх бошад ба ин масъала диққати зиёд дода мешуд ва беҳтарин аъзои ҳизби болшевикӣ, ки тайёрии хос дида буданд, барои ин кор равона мешуданд. Карпов барои исботи иддаояш диди нависандаи амрикоӣ А.Вилямсро далел меорад. Ба андешаи Вилямс: “Аввалин Шӯрои Комиссарони Халқӣ (СНК) агар танҳо ба теъдоди китобҳое, ки аъзои он навиштаанд ва забонҳое, ки онҳо медонистанд, такя кунем, аз нигоҳи маърифат ва дониш аз ҳар кобинаи вазирон дар ҷаҳон болотар меистод”. Роҳбарони Ҳаракати сафедҳо, ҳатто онҳое, ки дар болотарин зинаҳо қарор доштанд аз нигоҳи сиёсӣ дар баробари роҳбарони болшевик оҷиз буданд. Ба диди фармондеҳи артиши казакҳои Кубан, генерал А.Шкуро “Хеле хандадор аст, ғоя ва мафкураи ҳаракати ихтиёриён (сафедҳо)-ро дар суханрониҳоии табрикотии Деникин, ки дар ин ё он маврид баён шудаанд, ҷуст ва муқоисаи сатҳии ин суханрониҳо бо назарпардозии роҳбарони болшевик, заъфи ҷаҳонбинии сиёсии муаллифини онҳоро ба ҳама собит мекард”. Ҳукумати болшевикӣ манотиқи сераҳолии марказиро таҳти назорат қарор дод ва ин ба болшевикон имкон медод, теъдоди зарурии ҷанговаронро ба майдонҳои набард сафарбар кунанд ва баръакс манотиқе, ки сафедҳоро дастгирӣ мекарданд (монанди Дон ва Кубан) аз ҳама бештар аз “террори сурх” зарар дида буданд. Сафедҳо ҳамеша бо ҳукуматҳои миллӣ ва ҷудоихоҳ дар канораҳои импературӣ зиддият доштанд, аз ин рӯ, маҷбур буданд, дар 2 ҷабҳа биҷанганд. Инчунин муаррихин шарти асосии ғалабаи Артиши сурхро дар доштани маркази ягонаи роҳбарӣ, дар шакли Шӯрои мудофиа медонанд. Ғайр аз ин болшевикон аз мутахассисони ҳарбии артиши собиқи подшоҳӣ васеъ истифода мекарданд, ки ба андешаи бархе, яке аз омилҳои асосии ғалабаи болшевикон дар ҷанг шуд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter