ХАБАРИ ДОҒ

Аз Туркистони бузург то Тоҷикистони хурд

  • Панҷшанбе, Нояб 03 2016

Тақсимоти миллӣ

Вақте болшевикон дар Русия қудрати сиёсиро ба даст гирифтанд, ба фикри бозсозии кишвар афтода, қарор доданд ин империяи собиқро ба шакли ҷадиде ба ҳам муттаҳид кунанд. Болшевикон қарор доданд, дар империяи собиқ ҷамоҳири миллии баробарҳуқуқро таъсис диҳанд.

Ҳанӯз с.1918 Дар барномаи 2-уми Ҳизби Коммунист (РКП(б)) болшевикон баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии озодии ҳамаи миллатҳо ва ҳуқуқи онҳоро барои таъсиси кишвари мустақили миллӣ, яке аз вазоифи асосӣ дар сохтмони 1 кишвари сотсиалистӣ эълон карданд. Сарварони ҳизби болшевикӣ аллакай с.1920 қарор дода буданд, дар ҳудуди Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-ҳудудиро роҳандозӣ кунанд. Ленин ва ҳаммаслаконаш аз ҳаракати ҷудоиталабии пантуркистон, ки орзу мекарданд, ин сарзаминро аз нуфузи Русия берун оранд ва дар он “Туркистони бузург”-ро созмон диҳанд, ба хубӣ огоҳ буданд ва ба ин васила мехостанд ба ин қазия хотима диҳанд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ он замон имкониятро аз дасти онҳо бурд. Баъди пирӯзии ҳукумати шӯроҳо дар Осиёи Миёна 3 ҷумҳурии сотсиалистӣ-Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркманистон (1918), Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Хоразм (1920) ва Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро таъсис шуданд. Аммо ҳеҷ як аз ҷамоҳир дар асоси аносури миллӣ созмон наёфта буд ва миллатҳои гуногун ба шакли омехта дар онҳо зиндагӣ мекарданд. Баъди пирӯзӣ дар ҷанг имкони дубораи ҳалли ин қазия барои болшевикон фароҳам шуд ва онҳо ба сиёсати худ идома доданд. Асоситарин вазоифи болшевикон дар ин давра аз миён бардоштани ҶШХ Хоразм ва Бухоро шуд. Ин 2 ҷумҳурӣ ба ҳайси 2 кишвари мустақил созмон ёфта, пантуркистон низ бештар дар онҳо ҷамъ гардида буданд. 

Ҷадидон ва Туркистони бузург

Баъди ҳамроҳ шудани Бухоро ба империяи Русия зиёиёни зиёди тотор, ки худро “навоварон” муаррифӣ мекарданд, дар қаламрави аморат пайдо шуданд. Маҳз фаъолияти тоторони навовар зербинои асосии ҳаракати “ҷавонбухориён” ё “ҷадидон” шуд. 1 идда аз ҷавонони ш.Бухоро, ки бештарашон тоҷик ва фарзандони ашрофзодагони шаҳр буданд, бо мақсади мудерн кардани ҷомеаи Бухоро 1 ташкилоти навро созмон доданд. Бештари ҷавонон таҳсилкардагони макотиби олии Истамбул буда, номи ҳаракаташон низ аз ҷавонтуркон маншаъ мегирифт. Роҳбарони ҷадидон роҳи ягона раҳоӣ аз бунбастро дар муттаҳид кардани тамоми халқҳои мусалмони Русия дар 1 кишвари воҳид медиданд. Аз ин рӯ, мубаллиғони ҷадидизми осиёимиёнагӣ фарзияи кишвари Туркистон ё Туронро пешбарӣ намуданд, ки на дар асоси муштаракоти “синфӣ” (мисли марксизм), балки дар асоси муштаракоти миллӣ ва динии халқҳои туркнажод бунёд меёфт. Бо ҳамин, ақоиди аввалияи панисломӣ дар афкори ҷадидон ба афкори пантуркистӣ табдил ёфт ва аз ҳама аҷиб сарчашмаи ин ҳаракатро зиёиёни тоҷикзабони Бухоро ташкил медоданд. Дар баробари ин, на ҳамаи ҷавонбухориён ақоиди пантуркистиро ҷонибдорӣ мекарданд. Дар арафаи омадани болшевикон ба ин минтақа, ҷадидони Бухоро ба 2 гурӯҳи ба ҳам зид тақсимбандӣ шуданд. 1 гурӯҳи ҷадидон бо сарварии миллионер-Файзулло Хоҷаев пурра аз пантуркизм ҷонибдорӣ мекарданд, гурӯҳи дуюм бо сарварии Абдуқодир Муҳиддинов, хоса, дар масоили миллӣ назари дигар доштанд. Мирзо Абдулқодир с.1892 дар оилаи яке аз сарватмандтарин тоҷирони Бухоро-Муҳиддин Мансуров ба дунё омада, ӯ дар Бухоро ва сипас дар Истамбул таҳсил кард ва яке аз роҳбарони ҳаракати ҷавонбухориён будӣ. Аз с.1917 аъзои Кумитаи Ҷавонбухориён буд ва аз моҳи май то 31.12.1919 вазифаи ҷонишини раиси Ҳизби коммунистии Бухороро бар ӯҳда дошт. Дар Бухоро ақидаи таъсиси 1 кишвари воҳиди мусалмонӣ аз маҳбубияти умумӣ бархурдор буд ва дар оғоз ҳамаи ҷадидон аз он ҷонибдорӣ мекарданд. Танҳо баъди зуҳури пантуркизм дар суфуфи ҷавонбухориён шикоф ва ҷудоӣ ба миён омад. Вақте болшевикон тақсимоти миллӣ-ҳудудиро матраҳ карданд, Хоҷаев ва тарафдоронаш шадидан бо он зид баромада, кӯшиданд Маскавро бовар кунонанд, ки дар ОМ 1 халқи ягонаи турк сукунат дорад ва узбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва халқиятҳои дигар дар асл қисматҳои ин халқи воҳид ба шумор мераванд. Аммо баъди чанде аён шуд, ки дар Марказ қарор доданд, тақсимоти миллӣ-ҳудудиро амалӣ гардонанд. Хоҷаев баъди ин низ ноумед нашуд ва гурӯҳи кориро ба Маскав фиристод. Ин гурӯҳ, ки бо Вакилони Туркистон (Туркделегатсия) маъруф аст ва аз мубаллиғони асосии Туркистони ягона иборат ёфта буд, кӯшиш кард роҳбарияти болшевикиро аз ин кор мунсариф созад. Баъди ин Ленин дастур дод, вазъияти миллиро дар минтақа мавриди омӯзиш қарор дода, тақсимоти миллӣ-ҳудудиро тавре амалӣ созад, ки ҳамаи миллатҳои минтақа ҳаққи давлатдориро соҳиб гарданд. Вақте лоиҳаи Туркистони бузург аз ҷониби болшевикон рад карда шуд, Хоҷаев ва тарафдоронаш ба роҳандозии лоиҳаи нав бо номи “Узбекистони бузург” ё ба таъбири дигар “Туркистони хурд” оғоз карданд. 

Темурмалик зидди Темурланг

Аммо вуҷуди аҳолии сершумори тоҷикзабон дар ҳудуди “Туркистони хурд” барои пиёдакунии ин лоиҳа, мушкилоти асосӣ шуд. Тоҷикони эронинажод ба ҳеҷ ваҷҳ дар лоиҳаи кашидаи ӯ ва тарафдоронаш ҷой надоштанд, ҳатто мавҷудияташон дар оғоз инкор мешуд. Тоҷикон дар маълумотҳои оморӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ низ, ки ба Марказ ирсол мешуданд, ёд намешуданд. Пантуркистон таблиғоти аҷиберо дар матбуоти маҳалии давр пиёда мекарданд, ки тибқи он тоҷикон дар гузашта узбек буданд ва таҳти таъсири тамаддун ва адабиёти эронӣ, баъдан забонашонро тағйир доданд. "Мо ба онҳо забон ва миллати аслиашонро бармегардонем". Пантуркистон мегуфтанд: “бо узбек кардани тоҷикон мо ба тамаддун хизмати бузурге мекунем”. Забони тоҷикӣ низ чун забони дин муаррифӣ шуд ва гуфта мешуд, ки сотсиализм бар ин забон барои ҳамеша хатти бутлон кашид. Ин шиорҳо ва амалҳои Хоҷаев ва тарафдоронаш ба мухолифати гурӯҳи Муҳиддинов дучор гардиданд. Муҳиддинов низ дар Маскав тарафдорони худро дошт ва тавонист лоиҳаи таъсиси Тоҷикистонро ҷудо аз Узбекистон ба сарони ҳизби болшевикӣ пешкаш созад. Инчунин вуруди болшевикони ҷавони тоҷик ба саҳнаи сиёсат, монанди Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва Чинор Имомов, ки аз тоҷикони шарқи Бухоро намояндагӣ мекарданд, ахир муҷиб шуд, тоҷикон низ ба ҳайси миллати мустақил дар тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ ширкат варзанд. Бо ҳамин, дар тақсимоти миллӣ-маҳаллии ОМ 2 лоиҳаи сиёсӣ-тоҷикӣ ва узбекӣ зидди ҳам қарор гирифта, ҳардуи лоиҳа ҳамдигарро комилан инкор мекарданд. Воқеан, амалисозии лоиҳаи “Туркистони хурд” ҳеҷ имконе барои давлатдории тоҷикон боқӣ намегузошт ва баръакс таъсиси Тоҷикистон дар миқёси паҳншавии аҳолии эронитабор (аз ҷумла Самарқанду Бухоро) бар рӯи Узбекистони бузург хатти бутлон мекашид. Мубориза миёни тарафдорони ин 2 лоиҳа ранги шадиде касб карда, миёни онҳо 1 навъ ҷанги иттилоотӣ сурат гирифт ва ҳар 2 самт мекӯшиданд эътибор ва тарафдории Маскаврро ба даст оранд. Муҳиддинов ва тарафдоронаш маҷбур буданд дар оғоз мавҷудияти миллатеро ба номи тоҷик собит кунанд. Талош арсаи илм, хусусан адабиёт ва таърихро низ фаро гирифт. Намояндагони ҷадидони туркгаро, мисли Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва Абдурауфи Фитрат барои тарғиби ақоиди худ китобчаҳоеро бо номи “Темурланг” ва “Чингизхон” рӯи чоп оварданд. Дар ҷавоби онҳо С.Айнӣ асари “Темурмалик”  ва “Намунаҳои адабиёти тоҷик"-ро чоп кард. Дар ин асарҳо қаҳрамонони шӯришҳои зиддимуғулӣ таърифу тавсиф ва Темурланг бошад чун 1 золими хунхор тасвир мешуд. Муҳиддинов баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон раиси Шӯрои Комиссарони Халқи мухторияти нав таъин шуд ва муборизаашро барои таъсиси Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон идома дод. Ӯ с.1929 бо номае ба роҳбарияти ҳизби болшевикӣ муроҷиат карда, дар он аз ҷумла навишта буд: “Мо низ дар гузашта таҳти таъсири пантуркистон қарор гирифта будем ва тоҷиконро чун узбеконе, ки забонашонро фаромӯш кардаанд, муаррифӣ мекардем. Мутаассифона, тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ низ таҳти ҳамин шиор амалӣ шуд. Акнун мо ботили ин ақидаро дарк кардем ва мехоҳем ин хатоии сиёсиамон ислоҳ карда шавад".

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter