Ичкерия
Чеченистон (1 қисмати Ҷумҳурии мухтори Чечену Ингуш) баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қисмати бисёр сангин рӯ ба рӯ шуд. Ҳаводис дар ин ҷумҳурии кучак баъди шикасти ГКЧП якбора суръати кайҳонӣ пайдо карданд. Роҳбарияти шӯравии чечену ингуш аз ГКЧП ҷонибдорӣ карда буд ва дар як он бештари мардумро мухолифи худ намуд. Дар ҷавоб мухолифини коммунистҳо-Дудаев (собиқ генерали нерӯҳои ҳавоии шӯравӣ), сарвари Анҷумани Умумимиллии Чечен (ОКЧН), 6.09.1991 ниҳодҳои ҳукуматии шӯравиро дар қаламрави Чеченистон ғайри қонунӣ эълон кард. Дастаи горди миллии Анҷуман бинои КБДи ҷумҳуриро ишғол кард ва 2000 автомат бо 2 млн адад тир ба дасти нерӯҳои ӯ афтид. Худи ҳамон рӯз гвардиячиёни дудаевӣ инчунин бинои Шӯрои Олӣ, маркази телевизионӣ ва Хонаи радиоро тасарруф карданд. Дар рафти ишғоли бинои ШО беш аз 40 депутат мавриди зарбу лати мардум қарор гирифта, раиси шӯрои шаҳрии Грозний Виталий Кутсенкоро бошад аз тиреза ба поин партофтанд ва ӯ аз ин ҷароҳатҳо ба ҳалокат расид. Маҷаллаи “Огонек” ҳаводиси он шабу рӯзи Грознийро чунин тавсиф мекард: "Чеченҳо давлати нави Чеченро таъсис доданд. Дудаев изҳор намуд, Ингушистон, ки дар интихоби чеченҳо ширкат наварзида буд, дар ҳар лаҳза метавонад ба ҷумҳурии нав шомил гардад ва ин кишвари нав Ҷумҳурии Вайнахҳо номгузорӣ хоҳад шуд”. Албатта таъсиси Ичкерияро дар Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоштанд. Дудаев низ инро ба хубӣ мефаҳмид ва медонист, ки муносибаташро бояд бо Маскав ҳарчи зудтар сарусомон бахшад. Президенти Ичкерия ба нақли шоҳидон, чанди бор кӯшид бо Елтсин гуфтугӯи мустақиме барпо кунад, аммо Елтсин бо сабабҳои гуногун аз гуфтугӯ ва дидор бо герерали собиқ сарфи назар мекард.
Алайҳи Дудаев бо ёрии мухолифин
Елтсин дар тасмимгириаш оид ба Чеченистон, танҳо ба маълумотҳои Хадамоти Федеролии Зиддиҷосусӣ (ФСК) эътимод мекард ва тамоми нақшаҳои давлати Елтсинро зидди Ичкерия ФСК тарроҳӣ мекард. Мушовирони ӯ дар аввал қарор доданд, низоми Дудаевро бе мудохилаи нерӯҳои федерол тавассути худи чеченҳо буғӣ кунанд. Дар кишваре, ки мардумаш ба авлоди қабилавӣ (тейп) бештар таваҷҷӯҳ мекард, ин кор сода ба назар мерасид. Худи Елтсин мегуфт: “Мо бояд коре кунем, ки мардум худ Дудаевро пеш кунанд”. Тибқи нақша, Русия мебоист мухолифон ва андешаҳои зиддидудаевиро вориди Грозний мекард. Онҳоро бо пул ва мутахассисон таъмин мекард, то ин мухолифин Дудаевро аз қудрат канор зананд. Албатта низоми ӯ мухолифини сиёсии зиёд дошт, аммо ҳукумати Елтсин, танҳо тобистони с.1994 ба нерӯҳои мухолифи Дудаев таваҷҷӯҳ канд ва чанд танро ба ҳайси роҳбари мухолифин эътироф кард. Инҳо Умар Автурханов, Бислан Гантимиров, Руслан Лабозанов ва Руслан Хизбулатов гардиданд. Ҳар кадом аз инҳо дорои дастаҳои мусаллаҳ ва ҳисобу китоби ҷудогона бо Дудаев буданд ва ҳеҷ барномаи мушаххасе барои ояндаи Ичкерия надоштанд. Танҳо чизе, ки онҳоро ба ҳам муттаҳид мекард, хоҳиши сарнагун кардани Дудаев буд ва ҳар кадом мехост ҷои ӯро ишғол намояд. Амалиёти навро “Оппозитсия” ном ниҳоданд.
Пашмфурӯш, мири Грозний ва Робин Гуд
Русҳо аз ҳама бештар ба Автурхонов-сарвари ноҳияи Надтеречнии Чеченистон наздикӣ доштанд. Ӯ собиқ корманди ВКД Абхазияи шӯравӣ баъди истеъфо аз милисагӣ ба зодгоҳаш баргашт ва то ба сари қудрат омадани Дудаев ба тиҷорати пашм машғул буд. Соли 1992 ӯ дар интихоботи ҳокимияти маҳаллӣ ширкат кард ва “мири” ноҳияи Надтеречний интихоб шуд. Умар барои зиддият бо низоми Дудаев сабаби ҷиддӣ надошт, аммо дар ноҳияи мазкур тарафдорони Завгаев (роҳбари шӯравии Чеченистон) зиёд буданд ва ин ба таври табиӣ Надтеречнийро зидди Дудаев қарор медод. Мухолифи дигари Дудаев Бислан будӣ. Ӯ баъди хатми синфи 8 ба техникум дохил шуд ва сипас дар хадамоти БДА кор мекард. Вай дар оғоз яке аз тарафдорони ашаддӣ ва тарроҳони инқилоби Дудаев буда, дар ҳукумати Дудаев вазифаи сардори ситоди Гвардияи миллиро ишғол мекард ва баъдан мири Грозний таъин шуд. Лек аз с.1993 муносибати ӯ бо Дудаев сард шуда, ба яке аз мухолифони сиёсияш табдил ёфт. Ба диди бархе, Дудаев баҳори с.1993 саҳми Бисланро аз пулҳои нафтӣ кам кард ва ин боиси норозигии ӯ гардид. Мухолифи сарсахти дигари Дудаев Лабазанов, ба лақаби Робин Гуди чечен буд. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ш.Краснодар буду бештари умри худро бо авбошӣ сипарӣ кард ва с.1991 ҳини омадани Дудаев ба сари қудрат дар зиндони Грозний маҳбус буд. Ӯ тавонист дар зиндон дастаи тарафдорони Дудаевро созмон дода, ҳамроҳи онҳо аз зиндон гурезад. Баъди раҳоӣ ба назди Дудаев омад ва генерал ӯро барои ин ҷасораташ, сардори муҳофизони шахсии худ таъин кард. Вай баъди расидан ба қудрат низ аз касбу кори асосиаш дур нашуд ва бо тиҷорати силоҳ дар саросари Қафқоз машғул шуд. Дере нагузашта Дудаев, ки аз рафтори Робин Гуд ба танг омада буд, фармони ҳабсашро содир кард. Аммо нерӯҳои ҳукуматӣ натавонистанд ӯро асир кунанд ва ҳини амалиёт бародарашро ба қатл расониданд. Вай худро хунхоҳи бародараш хонда, қасам хӯрд, ки Дудаевро мекушад. Бо ҳамин, тобистони с.1994 нерӯҳои асосии мухолифи Дудаев дар Надтеречний (Умар Автурхонов), Урус Мартан (Бислан Гантемиров) ва шаҳри Аргун (Руслан Лабозанов) мустақар шуданд. Дар баробари инҳо дар деҳаи Толстой Юрти н.Грозний гурӯҳи сулҳҷӯи Руслан Хисбулатов амал мекард, ки ӯ низ аз мухолифони Дудаев ҷонибдорӣ мекард. Ҳанӯз моҳи декабри с.1993 мухолифин Шӯрои Муваққатии Ҷумҳурии Чеченро (ВСЧР) бо сарварии Автурхонов таъсис дода буданд ва тобистони с.1994 ин Шӯро сарварии муборизаро зидди Дудаев ба ӯҳда гирифт. Аз моҳи августи с.1994 кумаки ҳукумати Елтсин ба оппозитсияи чечен пурзӯр шуд. Масалан, 30.07.1994 чархболҳои рус 1,5 млрд рублро ба пойтахти Автурханов-деҳаи Знаменское интиқол доданд. Умуман, русҳо тирамоҳ ва тобистони с.1994 ба Автурханов 150 млрд рубл кумакпулӣ доданд. Ин пулҳо чӣ гуна ва бо чӣ мақсад сарф шуданд, ҳанӯз касе намедонад.
Сужаи афғонӣ
Албатта ҳамлаи ноябрии оппозитсия ба Грозний амалиёти аввалин набуд. Бори якум дастаҳои мусаллаҳи Автурхонов 15.10.1994 аз ҷониби Сунжаи Кӯҳна вориди Грозний шуданд. Он замон ба мухолифин муяссар шуд, то наздикии Қасри президентии Дудаев пешравӣ кунанд, аммо бо фарорасии торикӣ ҷанг якбора хатм шуда, дастаҳои оппозитсия соати 3-и шаб Грознийро тарк карданд. Талафоти тарафҳо низ 7 кушта ва 1 тонку чанд БТРро ташкил дод. Бештари муаррихин ҳамлаи моҳи октябриро машқи ҳарбии ҳуҷуми ноябрӣ медонанд. Ба фикри онҳо дар Маскав сужаи чечениро айнан мисли сужаи афғонӣ тарҳ рехта буданд. Тибқи нақша нерӯҳо мебоист савор бар тонку БТРҳо вориди Грозний шуда, ҳукумати мусолиҳаи миллии Чеченро таъсис медоданд. Дудаевро бошад тибқи нақшаи онҳо қисмати Ҳафизулло Амин интизор буд. Генерал бояд ҳини ишғоли Қасри президент кушта мешуд. Аммо кор ранги дигар гирифт ва нақшаи чекистони рус ҷомаи амал напӯшид.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР