ХАБАРИ ДОҒ


Асри тиллоии милиса
13.12.1984 Николай Анисимович Шелоков-яке аз чеҳраҳои тобони ҳукумати брежневӣ, вазири ВКД СССР даст ба худкушӣ зад.

Ӯ ба диди бархе, қудратмандтарин раҳбари ВКД, на танҳо дар Шӯравӣ, балки дар таърихи Русияи пешазинқилобӣ будӣ ва ин курсиро аз ҳама бештар (16 сол) дар даст дошт. Даврони Шелоков асри тиллоии милитсионерони шӯравӣ ба шумор мерафт. Ӯ бо тамоми нерӯ мекӯшид осудаҳолӣ, вазъи хуби иҷтимоии зертобеон ва эътибори хадамоташро таъмин кунад. Лек даврони ӯ инчунин бо ҷанги воқеии ВКД бо КГБи СССР маъруф аст ва дар ин ҳарб ҳарифи ӯ шахси қудратманди дигар, сарвари КБД Юрий Андропов будӣ. “Ҷанг”-и ин 2 16 сол тӯл кашида, ахир Андропов баъди ба қудрат расидан, Шелоков ва хадамоташро торумор кард. Ногуфта намонад, ки замони Сталин ҳеҷ гуна рақобате миёни нерӯҳои қудратӣ имкон надошт. Сталин ин 2 хадамотро зери 1 чатр-НКВД муттаҳид карда, милисаҳои шӯравӣ дар Раёсати асосии милитсияи коргарӣ-деҳқонии НКВД муттаҳид шуда буданд. Дар солҳои ҷанг Сталин НКВДро ба 2 қисм ҷудо намуд: НКГБ вазифаи таъмини амнияти давлатиро ба ӯҳда гирифт ва НКВД, ки акнун бо масоили таъмини бехатарии ҷамъияти машғул буд. Аммо баъди чанде дубора ҳар 2 хадамотро ин бор бо номи Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) якҷо кард. Лек замони Хрушев ин 2 хадамотро боз дигаргуниҳо интизор буданд, чун атрофи ӯ аз ин аждаҳои қудратманди Берия ҳарос доштанд ва ба хотири костани нуфузи ниҳодҳои қудратӣ онҳоро бори дигар тақсим карданд. КБД аз тобеъияти вазорат бароварда шуд ва бевосита ба КМ ҲКИШ итоат мекард. Кумитаи нав боз бо масоили бехатарии давлатӣ машғул шуд, аммо ин бор ин масоил доираи васеътаре касб карда, аз мубориза бар зиддӣ дигарандешӣ гирифта, то муҳофизати сарҳадоти давлатӣ ва аъзои Бюрои сиёсӣ. Ба зиммаи ВКД бошад, боз муҳофизати тартиботи ҷамъиятиро ҳавола карданд. Соли 1960 бошад ВКД чун ниҳоди ягонаи умумииҷтиҳодӣ аз миён бардошта шуд ва вазоифи онро ба ӯҳдаи ВКДи ҷумҳуриҳо вогузоштанд. Бо ҳамин, дар тӯли якчанд сол КБД умуман рақибе надошт. Аммо замони Брежнев вазъият боз тағйир хӯрд ва ӯ барои эҷоди таодул боз хадамоти милисаҳоро барқарор кард, аммо ин бор бо номи дигар: Вазорати муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ. Соли 1968 бошад номи қаблии вазорат барқарор карда шуд ва он аз нав ВКД шуд. Дар тамоми даврони роҳбарияти Брежнев роҳбарияти ин ниҳодро Николай Шелоков ба ӯҳда дошт.

Одами боэътимод
Парвози касбии котиби музофотии кумитаи шаҳрии Днепропетровск Шелоков аз замони котиби вилоятии Днепропетровск таъин шудани Брежнев оғоз шуд. Ин 2 бо ҳам пеш аз ҷанг ошно шуда, аз он давр дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо нашуданд. Бисёриҳо бар онанд, ки Шелоков ва Брежнев дӯстони қарин набуданду ӯ ба доираи наздики дӯстони Иличи 2-ум шомил набуд, аммо Брежнев ӯро чун одами боэътимоде мешинохт ва ба ин хотир, баъди ҳар таъиноти навбатиаш Шелоковро бо худ мебурд. Танҳо дар Қазоқистон ӯ Иличро ҳамроҳӣ накард. Баъд аз он, ки Брежнев сари қудрат расид, ӯро аввал вазири муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, баъдан вазири ВКД таъин кард. Замони сари кор омадани ӯ милисаҳои шӯравӣ дар вазъи ногуворе қарор гирифта, бештари кормандони ВКД колхозчиёни дирӯза, ки баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ба милиса ба кор омада буданд. Бар иловаи мушкилот дар соҳаи кадрӣ, дар тамоми миқёси Шӯравӣ танҳо 1 муассисаи олии милиса-Мактаби олии ВКД буду халос. Ҳатто дар элитаи ин хадамот-кофтукоби ҷосусӣ замони омадани Шелоков танҳо 15% кормандон дорои маълумоти олӣ буданд. Милиса то замони ӯ ҳеҷ гоҳ дар дар доираи таваҷҷӯҳи номенклатураи ҳизбӣ набуд. Чун ба андешаи болшевикони аввалин, шаҳрвандон мебоист худ ихтиёрӣ аз тартиботи ҷамъиятӣ муҳофизат карда, милиса барои онҳо нақши 2-умдараҷа дошт. Шелоков бошад бо истифода аз наздикӣ ба Брежнев, қарор дод вазъиятро ба куллӣ дигар кунад. Мактаби олии ВКД ба Академия табдил дода шуд ва филиалҳои он дар якчанд ҷамоҳири иттиҳодӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ба ӯ муяссар шуд бо розигии роҳбарият милисаро бо техникаи муосир, васоили алоқа, нақлиёт таъмин гардонанд. То ин вақт милиса аз доштани ин васоил маҳрум буд. Шелоков худаш кам-кам рассомӣ мекард, аз ин рӯ, бо ҷаҳони санъат наздик буда, аз қудрати фарҳанги оммавӣ (поп) ба хубӣ огоҳӣ дошт. Бо ташаббуси ӯ дар СССР дар бораи фаъолияти рӯзмарраи милиса филмҳои зиёде ба намоиш гирифта шуда, милисаҳоро чун одамони содиқу поквиҷдон муаррифӣ мекарданд. Маҳз дар ин солҳо 1 тасвири мусбӣ аз милисаи шӯравӣ ба ҷомеа дода шуд. Дар замони ӯ таҷлили Рӯзи милиса низ дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешуд. Лек ин сикка тарафи дигаре ҳам дошт. Ӯ тамоми ҳаёти хадамотро махфӣ кард, ҳатто маълумот оид ба ҷиноятҳо ба сирри давлатӣ табдил ёфт. Ҷинояти милисаҳоро бошад шахсан назорат мекард ва намегузошт, бӯи асрор аз деворҳои вазорат берун равад.
Одами бегона
Баъди 1 соли таъини Шелоков ба вазифаи вазири ВКД Брежнев ба курсии раиси КБД одами «бегона»-Юрий Андроповро таъин кард, ки ба командаи Илич тааллуқ надошт ва ӯро Отто Куусинен, яке аз болшевикони кӯҳан, ки «аз Илич то Илич» дар зинаҳои болоии ҳизби болшевикӣ қарор дошт, пешбарӣ намуда буд. Андропов ба таъбире одами Куусинен буд. Аз ин лаҳза рақобати КБД ва ВКД оғоз ёфт. Чекистҳо аз оғоз ба милисаҳо бо истеҳзо нигариста, милисаҳо низ ба имконоту ҷойгоҳи онҳо ҳасад мебурданд. Он замон ҳар роҳбар мекӯшид хадамоти таҳти фармонашро рушд диҳад ва Иличи дуввум низ ба ин кор монеъ намешуд. Аммо дар мавриди ниҳодҳои қудратӣ қазия фарқ дошт. Рушди 1 хадамот ногузир ба заиф шудани хадамоти дигар оварда мерасонид. Юрий тавонист ба Брежнев гапашро гузаронад ва чекистон аз маоши баланд ва имтиёзоти зиёде бархурдор буданд. То солҳои 70 КБД дар қаламрави СССР чунон нерӯманд шуд, ки ҳатто замони Сталин чекистон дар борааш танҳо орзу мекарданд. Бо таъсиси шуъбаҳои ноҳиявӣ КБД қариб ҳамаи корхонаҳои бузург ва муассисаҳои таҳсилотиро дар кишвар зери назорат гирифт. Таъин кардани ҳар роҳбар ба ин ё он мансаби муҳим бе ризоияти КБД амалӣ намешуд. КБД «ақлҳои» беҳтаринро барои худ мегирифт ва ба ВКД чизе намерасид. Ҳамаи аълохонҳо, варзишгарон, комсомолони фаъол ва донандагони забонҳои гуногун, ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ аз ҷониби КБД чида гирифта мешуданд. ВКД бошад аз чунин имконот маҳрум буд. Аммо Шелоков низ мекӯшид аз Андропов суст наояд ва тавонист дар назди ВКД артиши хурди худро таъсис диҳад. Нерӯҳои дохилӣ, ки дар вақти Хрушев ба ҷамоҳири иттиҳодӣ дода шуда буданд, аз нав дар хадамоти марказӣ барқарор шуданд. Шелоков тавонист теъдоди ин артишро низ васеъ кунад. Инчунин қисмҳои моторикунонидаи милиса таъсис дода шуданд, ки дар онҳо аскарони даъвати ҳатмӣ хидмат мекарданд, лек ин қисмҳо бе восита ба ВКД итоат мекарданд. Албатта гоҳе вақт манофеи тобеъони Шелоков бо Андропов бармехӯрд ва дар ин ҳол шахсан Брежнев ё Бюрои сиёсӣ ба қазия дахл карда, “статус кво» дубора барқарор мешуд. Брежнев намехост ин 2 танро хафа кунад ва тарафи ҳеҷ якро намегифт. Ҳатто мукофот ва рутбаҳои ҳарбиро низ ин 2 баробар мегирифтанд. Милисаҳо тибқи дастурамалҳои хидматӣ ҳақ надоштанд кормандони КБДро биқапанд ва КБД бошад ҳақ надошт дар дохили ВКД мавқеашро мустаҳкам кунад. Ҳамаи кӯшишҳои Андропов барои ворид кардани кормандони КБД ба ВКД бенатиҷа анҷомиданд. Аслан ВКДи Шелоков ягона хадамоте буд, ки КБД онро назорат намекард.
Қатли майор
Аммо рақобати ин 2 ниҳод бо вуқуи 1 ҳодиса ба даргирии ошкор миёни онҳо хатм шуд. Зимистони с.1980 майори КБД Афанасев бо ҳамдарсон зодрӯзашро ҷашн гирифт ва бо ҳадяҳои гарон, аммо сархуш ба хона меомад. Мутаассифона, хоби майори сархуш дар метро бурд ва ӯро дар истгоҳи охирин-»Ждановская» нозирон ёфта, милисаро даъват намуданд. Аллакай бевақт шуда буд ва худи милисаҳо низ сархуш буданд. Ӯ ба худ омад ва дафтарчаи хидматиро берун оварда, ба милисаҳо таҳдид кард. Милисаҳои маст дар оғоз майёрро хуб кӯфта, сипас навбатдорро аз ҳодиса огоҳ карданд. Навбатдор ба милисаҳо амр кард, ки Афанасевро фавран ҷавоб диҳанд. Ӯро ҷавоб доданд, аммо аз он, ки ҳама тӯҳфаҳои майорро рабуда буданд, боз ба таҳдид гузашт ва гуфт, ки барои гунаҳкорон «дузах» ташкил мекунад. Милисаҳо бошанд боз ӯро зада, ин бор ба сардори бевоситаашон тамос гирифтанд. Ба бахти бади милисаҳо сардорашон низ маст баромад. Сардор ба ҷои ҳодиса омад ва пас аз дидани ҳама чиз, дастур дод майорро бикушанд ва инро чун ҳолати дуздӣ вонамуд кунанд. Милисаҳо ҷасади майорро ба шаҳраки Прохоровка, ки он ҷо бӯстонсароҳои чекистон буданд, бароварда, дар ҷангал партофтанд. Рӯзи дигар майорро ёфтанд ва ӯ ҳоло зинда буд. Аммо ӯ баъди чанд рӯз ба ҳуш наомада дар беморхона мурд. Чекистон барои боздошти ҷинояткорон нерӯҳои зиёде сафарбар карда, чанде баъд гунаҳкоронро қапиданд. Дар рафти тафтишот аён шуд, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ набуда, милисаҳо ҳамеша мусофирони мастро ғорат мекардаанд. Милисаҳоро парронданд, аммо ин ҳодиса махфӣ карда шуд. Брежнев ҳоло зинда буд ва ошкор кардани ин ҳодиса зарбаи сахте ба ВКД ворид мекард...
Баъди марги Брежнев ситораи Шелоков низ тулуъ кард. Баъди 1 моҳи марги Илич, роҳбари нави СССР-Ю.Андропов ӯро аз садри вазири ВКД озод кард. 19.02.1983 бошад Светлана-зани Шелоков даст ба худкушӣ зад. Июни соли 1983 Шелоковро аз ҳайъати КМ ҲКИШ бароварданд ва 6 ноябри ҳамон сол рутбаи генералиашро барканданд. 7.12.1984 аз сафи ҲКИШ хориҷ карда шуд. Ахир, Шелоков ҳамаи мусибати ба сар омадаро натавонист таҳаммул кунад ва 13.12.1984 аз камони шикориаш худро мепаронад.


Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter