ХАБАРИ ДОҒ

Апрел-заминасози Октябр

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017


Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшиш намуд то ба Русия бозгардад.

Аммо ин кори чандон содае набуд, чун Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дошт, сари роҳи доҳӣ меистод. Ӯ кӯшиш кард, то тариқи Англия вориди Русия шавад, аммо ҳукумати англис ба Илич иҷозаи гузаштан аз қаламрави худро надод. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Ленин ҳатто мехост бо паспорти қалбакӣ тавассути Стокголм (Шведсия) вориди Русия гардад. Бо ин мақсад ба Ганецкий-намояндаи худ дар Стокголм дастур медиҳад, то шахсеро пайдо кунад, ки дар зоҳир ба ӯ монанд бошад. Ахир, доҳӣ барои ворид ба Русия ба ҳукумати Олмон муроҷиат мекунад ва немисҳо ӯро дар вагони махсуси пломбадор ба Русия интиқол доданд. Ба ақидаи Ричард Пайпс-муҳаққиқи англис, ҳукумати олмонӣ ҳатто кӯшиши шинос шудан бо нақшаи сиёсии Ленинро накард, барои онҳо ақидаи зиддиҷангии ӯ кифоят мекард. Олмон ба ҳар роҳ мекӯшид Русияро аз ҷанг берун кунад. Ногуфта намонад, ки ҳамроҳи Ленин дар ин вагони махфӣ сиёсатмадорони дигаре низ қарор доштанд. Инчунин немисҳо дар чунин вагонҳои махфӣ, дар қатори болшевикон 159 нафар намояндаи ҳизби эссерон, меншевикон ва миллигароёнро низ таввасути Олмон вориди Русия карданд. 3.04.1917 Ленин ба Петроград даромад. Ӯро дар наздикиҳои Петроград гурӯҳи роҳбарони ҳизби болшевикӣ-Сталин, Мария Улянова, А.Колонтай, дар вокзали Финлянд бошад издиҳоми азими мардумӣ пешвоз гирифтанд. Дар истиқбол, ҳатто намояндагони Ҳукумати муваққат низ ширкат варзиданд. Раиси кумиҷроияи муваққати Петросовет, меншевик Чхеидзе назди ҳозирон баромада гуфт: «Рафиқ Ленин, аз номи Шӯрои Петроградии коргарону аскарҳо, аз номи тамоми инқилоб, мо омадани Шуморо ба Русия хайру мақдам мегӯем… Лек гумон мекунем, ки мақсади асосии демократияи инқилобӣ, дар шароити ҳозир ҳимояи дастовардҳои инқилоб аз ҳамлаҳои душманони дохилӣ ва берунии он аст. Гумон мекунем, ки барои амалӣ шудани ин мақсад, на ҷудоӣ, балки иттиҳоди ҳамаи нерӯҳои демократӣ зарур аст. Умедворем, ки Шумо низ аз мақсадҳои мо ҷонибдорӣ мекунед». Аммо Ленин аз ҳамкорӣ бо меншевикон даст кашида ҳамон ҷо ба аскарҳо ва матросҳои инқилобӣ муроҷиат ва аз онҳо даъват мекунад, ба ҷанги империалистӣ хотима диҳанд ва инқилобро ба «инқилоби умумиҷаҳонии сотсиалистӣ» табдил диҳанд.

Болшевикон ва ҷанг
То омадани ӯ ба Петроград қариб аксарияти роҳбарияти болшевикон аз ақидаи меншевикон ҷонибдорӣ мекарданд. Меншевикон мардумро барои созиш бо Ҳукумати муваққат даъват карда, ақида доштанд, инқилоби сотсиалистӣ ҳоло дар Русия номумкин аст. Дар зинаҳои болоии роҳбарияти ҳизби болшевикӣ сиёсате пиёда мешуд, ки бо «мудофиакории инқилобӣ» маъруф аст. Роҳбарияти ҳизб то омадани ӯ бо доҳии худ алоқаи доимӣ надоштанд. Болшевикон дар Петроград аз ӯ танҳо 1 телегром, дар санаи 6 март гирифта буданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Амалкарди мо; нобоварии комил ва ҳеч гуна кӯмак ба ҳукумати нав, хоса, ба Керенский, мусаллаҳ кардани коргарон-асоситарин кафолати мо". Ба ақидаи бархе аз муаррихон, Ленин аллакай марти с.1917 дар сар фикри шӯриши мусаллаҳонаи болшевикиро мепарварид. Аммо сарони ҳизби болшевикӣ, ки дар Петроград қарор доштанд, дар оғоз мавқеи комилан мухолифро ишғол мекарданд. Аввалҳои марти с.1917 Сталин, Л.Каменев ва М.Муранов аз бадарғаи Сибир ба Петроград баргаштанд. Инҳо дар он шабу рӯз кӯҳантарин аъзои ҳизби болшевикӣ дар Петроград буда, то омадани Ленин зимоми роҳбарияти ҳизби болшевикӣ ва газетаи «Правда»-ро ба даст гирифтанд. 14 март зери роҳбарии онҳо нахустномери баъдифевралии «Правда» чоп шуд. Ин шумора, ки дар набудани Ленин ба нашр расид, ақоидеро матраҳ мекард, ки комилан бо назари доҳӣ мухолифат дошт. Дар саҳифаи аввали рӯзнома «Муроҷиатнома ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон» нашр шуд, ки дар он болшевикон сиёсати «мудофиакории инқилобӣ»-ро боз асоси муборизаи худ қарор медоданд. Асоси ин сиёсатро даст накашидан аз ҷанг ташкил медод ва ин бо ақидаи Ленин комилан зид буд. Дар муроҷиатнома аз ҷумла омада буд: "Бигзор Гогенцоллерҳо (сулолаи императории Австрия) ва Габсбургҳо (императорони Олмон) биандешанд, ки метавонанд аз ҳисоби инқилоби русӣ мушкилоташонро ҳал кунанд". 25 март Сталин дар мақолаи худ "Дар бораи бекор намудани маҳдудиятҳои миллӣ", дар Правда чунин навишт: "Акнун, ки инқилоби рус ғалаба кард, шароитро барои озодии миллӣ фароҳам сохт. Инқилоби рус ҳукумати феодалӣ-крепостноиро зеру забар кард". Дар шумораи 2-уми он мақолаи Каменев бо номи "Бе дипломатияи махфӣ» дарҷ шуд, ки дар он омадааст: "Ҷанг идома дорад. Инқилоби бузурги русӣ онро мутаваққиф насохт ва ҳеҷ кас умеди онро надорад, ки ин ҷанг пагоҳ ё фардо ба охир мерасад". Меншевикон аз ин мавқеи роҳбарияти болшевикӣ ҷонибдорӣ карданд ва шумораи навбатии газетаи меншевикии «День» бо тавсифи «Правда» рӯи чоп омад. Ба шаҳодати А.Г.Шляпников (аъзои бюрои русии КМ РСДРП) рӯзи ба чоп расидани «Правда» (15.03.1917) рӯзи хурсандии мудофиагарон (тарафдорони давом додани ҷанг) шуд. Аслан ҳамаи қасри Таврический аз ин хабар ба шӯр омада, гумон мекарданд, ки дар ҳизби болшевикӣ мусолиҳагарон бар ифротгароён пирӯз шуданд. Лек вазъ дар миёни табақаҳои поинии ҷомеа комилан фарқ дошт. Шумораи нави «Правда» дар миёни коргарон эътирози зиёдеро ба миён овард. Коргарон аз мавқеи нави ҳизб тарафдорӣ накарданд. Ба КМ, Шӯрои Петроград ва худи редаксия ҳар рӯз номаҳои зиёде меомад ва дар онҳо коргарон норозигиро аз мавқеи ишғолнамудаи ҳизб баён мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки коргарон вақте бохабар шуданд, Правдаро ин 3 нафари аз Сибир баргашта ба тасарруфи худ даровардаанд, талаб карданд, ки Сталин, Каменев ва Мурановро аз сафи ҳизби болшевикӣ хориҷ кунанд. Ленин низ ҳангоми бозгашти худ ба Петроград аллакай дар вокзали Финлянд ба Каменев мегӯяд: "Ин чӣ сафсаттаест, ки дар «Правда» менависед. Мо чанд шумораро хондем ва сахт аз шумо интиқод намудем".

Тезисҳои апрелӣ
Ленин баъди бозгашт назди сарони ҳизби болшевикӣ бо тезисҳои маъруфи худ нутқ меронад, ки дар таърихнигории мо бо «Тезисҳои апрелӣ» маъруфанд ва дар миёни сарони болшевик сару садои зиёдеро ба бор оварданд. Ӯ дар тезисҳои худ назарияи комилан навро матраҳ намуд. Дар тезисҳои ӯ ҳизби болшевикӣ аз сиёсати мудофиакорӣ даст кашид. Ӯ талаб мекард, ҷанги империалистӣ қатъ карда шавад ва Ҳукумати муваққат ба истеъфо равад. Тамоми ҳукумат мебоист ба дасти Шӯроҳо мегузашт. Замин комилан миллӣ кунонида мешуд ва ба моликияти давлат мегузашт. Тезисҳои апрелӣ миёни меншевикон ва эссерон низ эътирози зиёд эҷод намуд. Аз ҳама бештар меншевиконро шиори партофтаи доҳӣ "аз инқилоби буржуазӣ ба инқилоби социалистӣ» ба ҳайрат оварда буд. Меншевикон ва эссерҳо он шабу рӯз дар Шӯрои Петроград аксариятро ишғол мекарданд. Кумиҷрояи Шӯро 15.04.1917 бо муроҷиатномаи хос ба вакилони Шӯро иқдоми Ленинро таблиғоти зиддиинқилобӣ хонда, аз вакилон даъват кард, ки "тезисҳоро" маҳкум кунанд. Раиси Шӯро меншевик Чхеидзе гуфт, ки доҳӣ бо ин тезисҳояш тани танҳо хоҳад монд: "Берун аз инқилоб танҳо Ленин мемонаду халос. Мо бошад ба роҳи худ идома медиҳем".

Мухолифати ҳаммаслакон
6 апрел дар КМ РСДРП(б) аввалин баррасии «Тезисҳо» доир шуд. КМ аввал зидди «тезисҳо» ҳарф зада, шӯрои редаксионӣ бо баҳонаи шикастани дастгоҳи чопӣ аз нашри онҳо дар «Правда» низ худдорӣ кард. Лек ба Ленин муяссар шуд, муқовимати мухолифинро бартараф кунад ва 7 апрел «тезисҳо» ахир бо шарҳи Каменев рӯи чоп омаданд. Каменев дар ин шарҳи худ норозӣ будани аксариятро бо доҳӣ ба хубӣ матраҳ мекунад: "Аммо нақшаи умумии рафиқ Ленин ба назари мо саҳеҳ нест. Чун дар он Владимир Илич инқилоби буржуазӣ-демократиро дар Русия ба анҷом расида медонад ва мехоҳад ин инқилоб фавран ба инқилоби сотсиалистӣ табдил ёбад". 8 апрел кумитаи Петроградии ҳизби болшевикӣ низ зидди «тезисҳо» овоз медиҳад. Аз 15 намоянда 12 тан бар зидди доҳӣ раъй медиҳад. Ҳатто Дзержинский ва Калинин ҳам дар оғоз зидди тезисҳо баромаданд. Аммо билохира бо машаққати зиёд ба Ленин муяссар шуд мавқеи ҳизби худро тағйир диҳад ва болшевикон "тезисҳои апрелиро" қабул карданд. 11 апрел Сталин ҷонибдории худро аз "тезисҳо" иброз дошт ва 14 апрел онҳо аз тарафи конфронси умумишаҳрии Петроград низ пазируфта шуданд. 29 апрел бошад "тезисҳоро" конфронси умумироссиягии болшевикон ба расмият пазируфт ва роҳ ба сӯи гирифтани қудрат барои Ҳизби болшевикӣ боз карда шуд.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter