. Доштани мушак он шабу рӯз нишони абарқудратии кишвар буд ва дар Кремл инро ба хубӣ мефаҳмиданд. Технологияҳои мушаксозӣ низ мавҷуд буданд. Пешгоми мушаксозӣ дар ҷаҳон немисҳо буданд. Олмон баъди шикаст дар ҷанги ҷаҳонии 1, тибқи сулҳномаи Версал аз доштани тупхонаи дурзан маҳрум шуд ва фармондеҳии олмонӣ қарор дод, силоҳи мушакиро бисозад. Олимони немис аз миёнаҳои даҳаи 20-и асри 20 ба сохтани силоҳи мушакӣ рӯй оварданд ва с.1942 гурӯҳи кории олимони немис бо сарварии Варнер фон Браун ба партоби аввалин мушак муваффақ шуданд. Соли 1943 бошад Олмон ба истеҳсоли саноатии мушакҳои "Фау-2" оғоз намуд. Ин мушак то 1000 кг маводи тарканда дошт ва метавонист 300 км масофаро тай кунад. Дар авохири ҷанги ҷаҳонии 2 ҳам СССР ва ҳам ИМА мекӯшиданд ба технологияҳои мушакии немисҳо соҳиб шаванд. Амрикоиҳо дар ин ҷода муваффақтар буданд. Фармондеҳии амрикоӣ баҳори с.1945 дар Олмон амалиёти махсусеро бо номи "Скрепка" (Часпаки оҳанин) пиёда кард. Дар натиҷаи амалиёт "падари" мушаки аввалин-Браун бо гурӯҳи калони олимони немис ба ИМА интиқол дода шуд. Бо вуҷуди ин аввалин кишвари Шӯроҳо дар ин сабқат пештоз гардид. Ба андешаи мутахассисон пештозии СССР чанд сабаб дошт. Аз ҳама асосӣ СССР бе мушак наметавонист ҳудуди ИМАро мавриди ҳадаф қарор диҳад. Амрикоиҳо бошанд бо тайёраҳои бомбаафкан ин корро ба осонӣ анҷом медоданд. Ин вазъ роҳбарияти шӯравиро водор кард дар ин самт кӯшиши бештар кунад ва аз он тараф амрикоиҳо низ аз оғоз мекӯшиданд бомбҳои атомии хурд-хурд бисозанд ва лиҳозо ниёзи чандоне ба мушак надоштанд. Аз ин ҷиҳат мушакбарҳои СССР солҳои тӯлонӣ аз мушакбарҳои амрикоӣ пурқувваттар буданд. Тобистони с.1955 СССР ва ИМА қариб дар 1 вақт эълон карданд, ки дар соли ҷадид ба кайҳон моҳвора мебароранд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА 3 гурӯҳи мушаксозон бо сарварии Варнер заҳмат мекашиданд ва ҳама бар он бовар буданд, ки ИМА дар ин самт яккатози майдон аст. Дар СССР бошад 21.08.1957 аввалин мушаки балистикии байнисайёравӣ озмоиш шуд. Дар ИМА ба ин хабар аҳамият надоданд, лек дар асл мушаки Р-7, ки бо муваффақият партоб шуд, роҳро ба сӯи кайҳон боз карда буд. Баъди чанде, 4.10.1957 маҳз ҳамин мушак аввалин моҳвораи сунъии Заминро ба кайҳон баровард. Субҳи 5 октябр амрикоиҳо фаҳмиданд, ки ҳини хоб буданашон моҳвораи шӯравӣ 4 бор аз болои ИМА давр зада гузаштааст. Дар матбуоти ИМА моҳвораи шӯравиро "Моҳи Сурх" (Красная Луна) ном ниҳоданд ва калимаи "моҳвора" (Спутник) низ дар забони амрикоӣ роиҷ гардид. Он шабу рӯз ҷомеаи амрикоиро ваҳшат печида буд. Раҳбари ИМА Эйзенхауэр дар баёнияи расмиаш моҳвораи шӯравиро "1 пуфаки хурд дар осмон" номид ва гуфт, ки "парвози он ӯро ҳатто лаҳзае беқарор накард". Аммо баъзе аз сиёсатмадорони дигар партоби моҳвораи шӯравиро "Перл Харбори технологӣ" номида, талаб мекарданд, фавран ҷавоби шӯравиҳоро боз диҳанд. 6.12.1957 дар димоғаи Канавералл аввалин кӯшиши баровардани моҳвора ба кайҳон аз ҷониби амрикоиҳо ба нокомӣ дучор шуд. Мушаки "Авангард" (Vanguard) танҳо 4 фут боло рафт ва таркид. Ба амрикоиҳо муяссар шуд, танҳо 31.01.1958 моҳвораи худро таҳти унвони "Explorer 1" ба фазои кайҳонӣ бароранд. Дар СССР бошад дар ин муддат аллакай моҳвораи 2-ум "Лайка" (Спутник-2) ва баъди чанде Спутник-3-ро, ки якуним тонна вазн дошт, ба кайҳон бароварданд. Бо партоби моҳвора СССР аввалин кишвари кайҳонӣ шуд. Барои кишваре, ки тоза аз ҷанги хонумонсӯзе берун омада буд, партоби моҳвора нишони беҳтар шудани вазъият буд. 19.08.1960 дар СССР "Спутник-5" ба фазои кайҳонӣ баромад. Дар дохили моҳвора бошад ин бор ҷондорони зинда ба фазо баромаданд. СССР 2 саги зиндаро бо исмҳои Белка ва Стрелка ба кайҳон баровард. Дар ҷавоб амрикоиҳо 1 сол баъд (1961) киштии кайҳониро бо 1 шимпанзе бо исми Хэм ба фазо бароварданд. Хэм низ зиндаву саломат ба Замин бозгашт.
Гагарин ва "Ҳафтгонаи Меркурий"
Акнун навбати парвози одам ба кайҳон буд. Ин бор амрикоиҳо корро ҷиддӣ гирифтанд ва 1.10.1958 дар ИМА агентии NASA таъсис дода шуд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифт ва ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Онҳо барои парвози кайҳонӣ аз миёни садҳо халабони озмоишгар танҳо 7 касро интихоб карданд. Ба ин 7 тан кайҳоннаварди оянда "Ҳафтгонаи Меркурий" ном ниҳода, дар ҳол дар саросари ИМА машҳур шуданд. Мардум мехост ҳама чизро дар бораи онҳо бидонанд. Дар СССР бошад, кайҳоннавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб мекарданд. Ин қарори Сергей Королёв буд. Ӯ ақида дошт, ки халабонҳои тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд. Королёв ва гурӯҳи кориаш барои парвози оянда 20 нафарро интихоб карданд. Ҳангоми интихоб авомили дигар низ мисли узвияти ҳизбӣ, фаъолияти сиёсӣ ва баромади иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешуданд. Дар дастаи аввали кайҳоннавардон 2 тан аз ҳама бештар ба ин талабот мувофиқат мекарданд. Лейтенантҳои калон Юрий Гагарин ва Герман Титов. Королёв шитоб мекард, чун роҳбарияти СССР хабар дошт, ки амрикоиҳо мехоҳанд дар авохири апрели с.1961 кайҳоннаварди худро ба фазо бароранд. Дар СССР парвози кайҳониро аз 11 то 17.04.1961 ба нақша гирифта буданд. Аввалин кайҳоннавардро бошад дар лаҳзаҳои охирин, ҳини нишасти Кумитаи Давлатӣ интихоб карданд. Гагарин ба ҳайси аввалин сарнишин интихоб шуд ва дӯсташ Титов сарнишини эҳтиётӣ буд ва дар сурати лозима мебоист Гагаринро ҷойгузин мекард. 3.04.1961 бошад Раёсати КМ қарори парвози одамро ба кайҳон ба тасвиб расонид. 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд, барпо шуд. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷоза дода шуд ва супориши кайҳоннаварди оянда муайян карда шуданд. Тибқи супоришнома Юрий бояд дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин давр мезад ва имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус, дар фазои кайҳонӣ муайян мекард. Ахир, киштии кайҳонии "Восток" 12.04.1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад. Ӯ дар парвоз тахаллуси "Кедр" (Сидр) дошт ва бо муваффақият супориши худро иҷро намуд.
Пауреси хоболуд
Парвози Гагарин бори дигар амрикоиҳоро ғофилгир кард. Мегӯянд котиби матбуотии NASA Ҷон Паурес ҳоло хоб буд, ки журналистон ба ӯ занг зада, суол мекунанд: “Русҳо одамро ба фазои кайҳонӣ бароварданд! Шумо шарҳе барои ин хабар доред?” Ҷон мегӯяд: "Мо ҳама ҳоло хобему...". Баъди 1 моҳи парвози Юрий амрикоиҳо парвози кайҳоннавард Алан Шепардаро он ҳам зери мадори Замин ва ба муддати 15 дақиқа амалӣ намуданд. Аввалин парвози пурраи кайҳониро бошад ИМА танҳо с.1962 амалӣ кард. Кайҳонавард Ҷон Глен гирди Замин якуним давр зада ба Замин баргашт. Аммо тарафи шӯравӣ бошад дар фатҳи кайҳон аллакай пештози майдон буд. Он шабу рӯз кайҳоннаварди 2-уми шӯравӣ Герман Титов гирди Замин аллакай 17 давр зада буд. Баъди 1 сол, 11.08.1962 СССР аввалин парвози гурӯҳи ("Восток-3" ва "Восток-4)-ро амалӣ намуд ва 16.06.1963 бошад дар киштии "Восток-6" аввалин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвози кайҳониро анҷом дод. Умуман, амрикоиҳо то с.1966 дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ аз СССР сахт ақиб монда буданд. Соли 1966 Королев аз дунё рафт ва танҳо баъди ин ИМА тавонист ақибмонии худро то ҳадде ҷуброн кунад.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР