ХАБАРИ ДОҒ


Иброҳим Обидов. Бори нахуст ба ин ном дар китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" барои синфҳои 7-10, охири солҳои 1970 вар хӯрда будам. Бо гузашти солҳо, ҳини донишҷӯӣ, киву чикора будани эшонро фаҳмидам.

Муаллимон талқин мекарданд, ки ӯ аз зумраи устодони варзидаи соҳаи педагогикаи кишвар маҳсуб меёбад. Пасон донишманди муътабарро аз рӯи таълифи мақолаву кутуб, суханрониҳояш аз минбари чорабиниҳои гуногуни кишвар ва намоишҳои телевизионӣ шинохтам. Аз ҳама беш, қомати расо, роҳгардии низомиёна, орденҳои пеши бар: "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ", планкаҳои ордену медалҳояш ба лавҳи хотири ин ҷониб сахт нақш бастанд. Ин чиз воқеият дошт, зеро то нимаи солҳои 1980 дар сафи устодони макотиби олӣ иштирокчиёни ҶБВ зиёд набуданд. Аз наздик, бори аввал Обидовро тақрибан с.1993, дар ҳавлии бародари қарин, устоди ДМТ-Абдусалом Миралиев (ҳоло доктори илми педагогика, профессор-У.Ш.) дида будам. Яке аз рӯзҳои истироҳати аввали тобистон дӯстам моро хонааш хонд. Болои кати соҳибхона 3 тан аз мардони солхӯрда табъи хуш доштанд. Якеро ба зудӣ шинохтам, ӯ муаллим Иброҳим Обидов буд, дигарӣ роҳбари илмии соҳибхона, доктори илмҳои педагогӣ, шодравон профессор Сангинмурод Қодировро Абдусалом муаррифӣ кард. Чун устод Обидов фаҳмид, ки ман корманди рӯзномаам, бо лутф гуфтанд, ки журналистон нафарони пешрафтаи ҷамъиятанд. Ҳич маслакие мисли онҳо пурдон нестанд. Он рӯзи хотирмон суҳбат ба дарозо рафт. Қатъи назар аз вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ хони дӯст вобаста ба давр камбуде надошт. Сари оши палав, нуқлу наво, мусалласи лаъли ҷонбахшо ҳозирин чун дӯстони куҳан ба қиссапардозиҳо дода шуданд. Сарфи назар аз синну сол (устод ба синни 70 расида буд) аз иддаи ҷавонон нерумандтар буд ва онро бори дигар дар он нишаст ба хубӣ эҳсос намудам. 1 сухани ҳазломезу пандгунаи пири кор то ҳол аз лавҳи хотирам зудуда нагаштааст, ки он чун аст: "Одамони хуби хуб сари роҳи калон хона месозанд".
-Ҳавлии Абдусаломи мо дар шафати 2 шоҳроҳ қарор дорад, пас ӯ чӣ гуна мартабаро молик бошад? - бо хотири хуш, лутфомез пурсид устоди гиромӣ  С.Қодиров.
-Абдусалом ҳимматбаланд асту доимо дастархони боз дорад, ман дуогӯяш ҳастам. Бовар дорам, ки солҳои наздик ҷойгузини мо мешавад, кори моро идома мебахшад, ба мартаба мерасад. Аз ин рӯ, ӯ бояд панди Шайх Саъдиро бар гӯш гирад:
Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,
Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош!
Аз он рӯз ба баъд чандин маротиб дар ҳавлии Абдусалом бо устоди Обидов  гирди хони дӯст суҳбат ба дарозо бурдаем. Садои марғуладори хотирмон доштанд. Ҳазлҳои муаллим ҳоло ҳам пеши назарам ҷилвагаранд. Нишонаи зафармандӣ дар чеҳраву гуфторашон ҳувайдо буд. Ӯ яке аз донишмандони бонуфузу соҳибмартаба, маъруфу шогирдпарвари арсаи маорифи тоҷик маҳсуб меёфтанд. Эшонро ҳамчунон яке аз пештозони бахши педагогикаи кишвар мешумурданд, ки ба он шак нест. Муаллим ин унвон, шарафи устодиро то охир бо сари баланд ба офоқ бардошт. Бесабаб нест, ки тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Обидов ба 127 рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ роҳбарӣ намудааст. Чуноне зикр рафт то ҷое аз шарҳи ҳоли донишманди муваффақ бохабарем. Инак, шингиле аз ҳаёти академики АИ педагогии СССР-Иброҳим Обидов.
Мавсуф 20.06.1923 дар деҳаи Пӯлодони н.Конибодом ба дунё омада, соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодомро хатм кардааст. Лек фаъолияти омӯзгориашро ҳанӯз с.1939 дар курсҳои маҳви бесаводӣ ҳамчун муаллим оғоз бахшида. Бо нияти оғози пешаи омӯзгорӣ буд, ки Германияи фашистӣ аҳд шикаст. Ӯ аз рӯзҳои аввали саршавии ҶБВ ихтиёран ба ҳимояи Ватан бархост. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддати омӯзишгоҳи ҳарбии Қӯшунҳои пиёдагарди ш.Тошканд, моҳи ноябри с.1941 дар ҳайати бригадаи тирандози 57-и Фронти 2-и Белоруссия барои озод кардани ш.Москва ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Москва, Калинин, Новгород, Псков, Ленинград, ҷамоҳири назди Балтика, Полша размидааст. Ба қавли бузургон ӯ хасмро дар лонааш сӯзондааст. Ғалабаи бузургро дар соҳили дарёи Элба пешвоз гирифт.
РУҶӮЪ. "Ибтидои моҳи декабри с.1941 ҳамлаи душман боздошта шуд ва Армияи Сурх ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Дар набарди назди Москва одамони советӣ намунаи олии ҷасорату мардонагӣ нишон доданд, ки миёни онон тоҷикписарон кам набуданд. Иброҳим Обидов яке аз онҳост. Ӯ қабл аз ҷанг муаллими мактаб буд. Ва роҳи ҷангро пеш гирифт, мардонагиҳо нишон дод ва дар яке аз набардҳои назди Москва сахт ярадор шуд. Иброҳим Обидов марди корзор аст ва барои хизматҳои ҷангиаш бо орденҳои "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ" дараҷаи 1, медали "Барои шуҷоат" ва ғайраҳо мукофотонида шудааст". (М.Бобохонов, "Мардони майдон", Душанбе, "Маориф", 1989, с.33).
Баъди ҷанг ба зодгоҳ баргашта, муаллими забони русии мактаби №25 таъин шуд. Сипас, солҳои 1946-1954 муаллим, инспектор, мудири кабинети педагогии шуъбаи маорифи халқи н.Конибодом буд. Дар ин миён ӯ с.1951 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров)-ро хатм кард. Солҳои 1954-57 аспиранти АИ ҷумҳурӣ, 1957-1960 ходими калони илмии Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон буд. Обидов с.1959 дар мавзӯи "Инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон дар давраи баъдиҷангӣ (солҳои 1946-1955)" рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ҳини ифои вазифа дар институти мазкур вазифаи ходими илмиро ба уҳда дошт ва нахустин асарҳои илмиашро ҳамин давра ба чоп расонд. Дар ҳамкорӣ бо олимони таърихшинос Б.Л.Литвинский, В.А.Казачковский, А.Мухторов китобҳои дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" (синфҳои 7-10), бо А.Мухторов. "Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон" (синфҳои 7-10), бо Ф.П.Репа китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" (барои синфи 4)-ро навишта ба табъ расонданд. Ҳамчунон, с.1965 асарҳои калонҳаҷми ӯ "Очерки мухтасари таърихи маорифи халқи Тоҷикистон", "История развития народного образования в Таджикской ССР" (1917-1967), "История и философия образования" (2006) ва ғ. чоп шудаанд. Донишманд беш аз 220 таълифотро ба нашр расондааст. Тадқиқоти олим асосан масоили таърихи инкишофи маорифи халқи ҷумҳурӣ, илми педагогика, макотиби олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникиро фаро гирифтаанд. Ҳамчунон, оид ба инкишофи маданияти халқи тоҷик, методикаи фанни таърих, ҳаёти педагогҳои намоён, нахустин муаллимони ҷумҳурӣ, машъалони маориф ва маданият як қатор рисолаву мақолаҳо чоп шуда, ки он ҳама ба муштарии хушзавқ расидааст. Муҳаққиқи шинохта-Обидов солҳои 1960-61 муовини директор, 1961-69 директори Институти тадқиқоти илмҳои педагогии ҷумҳурӣ, 1969-1975 дотсенти Институти давлатии педагогии Душанбе, 1975-78 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, аз с.1978 декани факултети такмили ихтисоси директорони макотиби миёнаи маълумоти умумӣ дар назди Институти давлатии омӯзгории Душанбе, аз июни с.1980 мудири кафедраи педагогикаи ҳамин донишкада буд. Беш аз 20 китобу мақолаҳои донишманд ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Мавсуф, ҳамчунон, муҳаррир ва муаллифи бисёр асарҳои дастаҷамъист. Ӯ с.1986 узви вобаста ва с.1990 узви пайваста-академики АИ педагогии СССР ва узви раёсати он интихоб шуда буд. Шурӯъ аз с.2004 то рӯзҳои охирини умр дар вазифаҳои Президенти АИ педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (то с.2011) фаъолият намуд. Сарбози матин бо 26 ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, аз ҷумла, бо орденҳои "Ситораи Сурх", "Ҷанги Ватанӣ"-и дараҷаи 1 ва 37 ифтихорнома, унвони фахрии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон" сарфароз шудааст. Академики АИП СССР (1990), доктори илмҳои педагогӣ (1974), профессор (1977), "Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон" (1988) Иброҳим Обидов фарзанди шоистаи миллати тоҷик баҳри музаффарияти Ватан, пешрафти ҷамъият, тарбияи ҷавонон, олимони бахши педагогикаи мамлакат нақши бегазанди худро гузоштааст. Хидмати ҷанговар, устоди забардаст, олими тавоноро шогирдон ва ҳамсафонаш идома хоҳанд дод…


Умар Алӣ,
адиб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter