Аммо боз ҳам маълум мегардад, ки на, гумон ботил аст. Дар хусуси қисмате аз эшон, бобати ҷоннисориҳои фарзандони диловари Тоҷик умуман ҳич чӣ намедонем. Ҳатто наздикону ошноҳои бархе аз қаҳрамонон кӯшиш ва хуши сатр болои сатре зам намудан ҳам надоранд, ки аз чунин шеваи рафтори эшон дар шигифтем… Дигар ку Раҳмон Сафари нозанин, ки пайи дарёфти ному қаҳрамонӣ, қабру гӯристони ҷанговарон-фарзандони шердили тоҷик аз кӯ ба кӯ, аз шаҳр ба шаҳр гашта, умри азизи хешро фидо кунад? Шахсият ин алафу буттаи лаби ҷӯ нест, ки ҳар баҳор сар занад.
Бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба ҳудуди давлати Шӯравӣ (СССР) хурду бузург, зану мард ба дифои Ватани паҳновари хеш бархостанд. Албатта, дар сафи пеши ихтиёриён муаллимон низ буданд. Аз РСС Тоҷикистон беш аз 5000 омӯзгорон ба майдони ҳарбу зарб рафтаанд. Онҳо ба сарбозон намунаи ибрат будаву аксар ба камоли фармондеҳону роҳбарони сиёсӣ расиданд. 5 тан аз фиристодагони Тоҷикистон, муаллимони ғаюр-Аҳмадҷон Қурбонов (аз н.Восеъ), Амиралӣ Саидбеков (аз н.Ховалинг), Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев ва Ҳодӣ Кенҷаев (аз н.Хуҷанд) ба гирифтани унвони олии давлати Шӯравӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф шуданд. Садҳо тани дигар сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гаштанд, ки он мояи фахри ҳар 1 шаҳрванди бо нангу ори мост…
Чанде қабл дар суҳбате шунидам, муаллим Ҷиян Ҷамҳуров аз ноҳияи Айнӣ дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона ҷангидаву бо 2 ордени Шараф сазовор гашта. Чи хеле ки, бо 1 шунидан ин исм дар хотирам нақш баст. Ном-Ҷиян, насаб-Ҷамҳуров, барандаи 2 ордени Шараф. 3 далели аҷибу хотирмон. Пас дарёфтам, ки эшон аз ақрабои марди шариф, ошнои дерини мо, полковники Хадамоти амният Қосимбек Насимов (равоншон шод бод) будаанд. Ин ҳама боис гашту бо нияти навиштани матолибе дар хусуси ҷавонмарди фидоӣ, фарди воқеан ҳам пурдил ба пурсуҷӯ пардохтам. Нахуст бо суроғу пай аз ҷигарбанди эшон-Абдуқодир Ҷиян акси ҷанговарро пайдо намудам. Ба 2 журналисте, ки бо аҳли деҳи Искодари н.Айнӣ қаробат доштанд, арзи матлаб кардам. Мутаассифона, онҳо китф дарҳам кашиданду ҳам хомӯширо ихтиёр карданд. Ва масали тоҷикии "Оби дари хона…" ёдам омад. Ба назарам эшонро хаёле ки, «хай, ягон рӯз пас менависем», побанд карда буд. Ба дил гуфтам, қандотона занед. Боз ҳам дар такопӯ гоми устувор ниҳодам. Дере нагузашта 1 коғаз (саҳфа) навиштаҷот, шингиле аз шарҳи ҳоли фидоиро оварданд, ки аз он ним саҳифааш ба дардам хӯрду бас. Гуфтам, шукрона, ки ҳамин миқдор маълумам гашт.
Баъди 2 ҳафта, бо меҳрубонӣ, тавассути набераи Ҷ.Ҷамҳуров, ҷавони хушдил Шаҳром китобчае дастрасам шуд. Аммо он брошура (ба қавли ноширон) ганҷеро мемонд, бас шоиста. Он маълумотномаи дилнишине буд бобати диловарии таҳамтанони Тоҷик-муаллимон, ки тӯли 5 сол дар ҷабҳаҳои ҷанг бар зидди душманони аҷнабӣ-гитлерчиёни манҳус ҷон нисор карданд. Ба қавле, кофтаму кофтам ва ниҳоят шингиле чанд дарёфтам. Он маҷмӯаро (Маҳмадазим Бобохонов, "Мардони майдон", Душанбе, "Маориф", 1989, 72 саҳфа) гаштаву баргашта хондам. Хушбахтона, чанд саҳфаи торики он ҷанг бароям рӯшан гашт. Дар бораи омӯзгор Ҷамҳуров 4 гуфтаро ба дида бардоштам, ки он чун аст:
Гуфтаи якум
"Дар набарди Сталинград омӯзгорони Тоҷик Саидбек Тоҳиров, Мирзо Бобиев, Бойбобо Розиқов, Амиралӣ Саидбеков (Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ), Ҷиян Ҷамҳуров ва чанде дигарон саҳми шоиста гузоштаанд" (саҳ. 36).
Гуфтаи дувум
"Муҳорибаи назди Смоленск бо номи як қатор омӯзгорони дигари тоҷик низ зич алоқаманд аст. Шариф Раҳимови ленинободӣ, Ҷиян Ҷамҳуров (аз райони Айнӣ) аз ҷумлаи онҳоянд" (саҳ. 44).
Гуфтаи савум
"Матонати беқиёси омӯзгорони тоҷик Рӯзиқул Исмоилов, Ҷиян Ҷамҳуров дар озод кардани шаҳру деҳоти Чехословакия қобили ёдоварист" (саҳ. 64).
Гуфтаи чаҳорум
"Ҳарчанд 9 май ҷанги зидди Германия ба поён расида бошад ҳам, вале алангаи ҷанг алҳол дар Шарқ забона мезад. Японияи милитаристӣ то ҳол аз ниятҳои ғоратгаронаи хеш даст накашида буд. Дар давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ японҳо зуд-зуд сарҳадҳои советиро тирборон мекарданд. Баъди таслим шудани Германия ҷанг бо милитаристони Япония давом кард, ки дар рафти он ҷанговарон корнамоиҳои ҷангӣ нишон доданд. Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар торумори японҳо калон аст. Омӯзгорони тоҷик Саид Миров, Ҷиян Ҷамҳуров, Файз Усмонов ва дигарон дар бечунучаро таслим гаштани Япония ҳиссаи арзанда гузоштанд" (саҳ. 67).
***
Маълуми азизон бод, ки Ҷамҳуров с.1916 дар деҳаи хушманзари Искодари н.Айнӣ, дар оилаи марди деҳқон дида ба дунё кушодааст. Нахуст фаъолияти хешро с.1935 ба ҳайси омӯзгор оғозидаву яке аз муаллимони аввалини мактаби деҳаашон маҳсуб меёфт. Соли 1937 ӯро ба хидмати аскарӣ хонданд. Соли 1939 ҳамчун фармондеҳи отделенияи пулемёти чархдор бар зидди финҳо дар разм шуд. Соли 1940 баъди адои хидмати ҳарбӣ, бо сари баланд ба диёр баргашта, чанде дар шуъбаи корҳои дохилии н.Айнӣ ифои вазифа намуд. Моҳи августи с.1941 ихтиёран ба ҷабҳа роҳ гирифт. Дар рафти ҷанг ӯ ба сифати фармондеҳи отделенияи пулемёти чархдор бар зидди гитлерчиён размидааст. Сарбози шердил Ҷамҳуров моҳи январи с.1946 ба зодгоҳ баргашта, то охири ҳаёт масруфи пешаи омӯзгорӣ буд…
-Мо на бо давлате нияти ҷанг кардан доштему на аз каштали касе чанг заданро, - мегуфтанд қиблагоҳӣ, - ба ёд овард фарзанди эшон Абдуқодир. Гитлерчиён худашон ба сарзамини мо тохтанд ва сазояшонро диданд. Фидоиёни Ватан сабуранду далер, чуноне Шайх Саъдӣ фармуда:
Фидоӣ надорад зи мақсуд чанг,
Агар бар сараш тир боранду санг.
Аммо, мо дар сурати зарурат - ҳини ҳамлаи душман ба сарзамини азиз бо фармони Ватан ба по хеста гардани душманро хоҳем шикаст, меафзуданд падар, - хулоса кард Абдуқодир…
Умари Шерхон,
Адиб