ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Сталин ба Зорге бовар накард?

  • Ҷумъа, Май 19 2017


Мулои гурҷӣ ва ГРУ
19.05.1941 ҷосуси маъруфи шӯравӣ “Рамзай”, коммунисти олмонӣ Рихард Зорге, Маскавро аз теъдоди нерӯҳои олмонӣ, ки барои ҳуҷум ба СССР тайёрӣ медиданд, огоҳ карда, ҳатто рӯзи ҳуҷумро 22 июн номбар мекунад.

Аммо мутаассифона, Сталин ба ин хабар гӯё эътиное намекунад. Дар солҳои 1990 дар таърихнигории шӯравӣ ақидаеро пиёда карданд, ки тибқи он Хадамоти ҷосусии Шӯравӣ (ГРУ) дар оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бисёр фаъолияти сермаҳсул дошт ва қариб аз ҳамаи асрори “Рейхи саввум” бохабар буд, вале Сталин ба ин Хадамот бовар намекард ва 100% мӯътақид буд, ки Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1941 ҳуҷум намекунад. Аммо бархеи дигар ин ақидаро рад мекунанд ва мегӯянд, Хадамоти ҷосусии шӯравӣ ҳеҷ вақт дар Берлин ҷосусе ба дараҷаи Штирлитс, ки озодона тавонад ба утоқи Борман ё Гимлер ворид шавад, надошт. Инҳо мегӯянд, тибқи асноди ба даст омада, аз ҳама пинҳонкорони баландмартаба ва воқиф дар пойтахти Рейхи саввум, обер лейтенант Харро Шултсе-Бойзен (тахаллусаш Старшина), аз ситоди Геринг ва референти вазорати иқтисод Арвид Харнак (“Корсиканетс”) ба шумор мерафтанд. Онҳо ба Маскав маълумоти муҳими зиёдеро ирсол карданд, лек ба “асрори волои рейх” огоҳӣ надоштанд. Аз сӯи дигар Сталин низ чандон одами “бефаҳм” набуд ва факту рақамро бисёр гиромӣ медошт. Хабари моҳи майи Зорге низ дар асл чизи дигареро мегуфт. Дар хабари маъруф чунин омада буд: “Интизории ҳуҷум дар наздикиҳои 15 июн ба маълумоте такя мекунад, ки подполковник Шолл аз Берлин овардааст... Шолл изҳор намуд, ки зарбаи аз ҳама сахт аз ҷониби ҷаноҳи чапи артиши олмонӣ зада хоҳад шуд”. Зорге 1 июн хабари дигареро низ ба Маскав ирсол намуд, ки дар он гуфта мешуд: “Қосиди олмонӣ (хаткашони сафорат) ба намояндаи ҳарбӣ гуфт, ки ӯ муътақид аст, ҷанг алайҳи СССР мумкин аст то авохири июн ба таъхир уфтад. Намояндаи ҳарбӣ (атташе) намедонад ҷанг мешавад, ё не”. Аз ин 2 хабар бармеояд, ки Зорге ҳеҷ чизро бо боварии садфоиза иддао накарда, рӯзи оғози ҳуҷумро ҳам номбар намекунад. Аммо аз ин муҳимтар манбаъи маълумоти Зорге подполковник Шолл, ки чанде қабл (6 май) намояндаи ҳарбии Олмон дар Таиланд таъин шуда буд ва сарироҳӣ дар Токио таваққуф кард, барои Маскав чандон боэътимод набуд. Аз тарафи дигар аз рӯзи ҳуҷум (22 июн) ҳатто фармондеҳони ояндаи гурӯҳи армияҳо дар Шарқро танҳо 30 апрел огоҳ карданд. 1 подполковники қаторӣ наметавонист ба ин навъ маълумот дастрасӣ ёбад ва агар ҳам метавонист, ҳеҷ гоҳ ин навъ маълумотро ба иттилои кормандони сафорат, ки ҳаводиси Аврупо ба онҳо тааллуқ надошт, намерасонд. Шолл танҳо бо ҳамватанонаш дар мавриди ахбори охирини Берлин сӯҳбат мекард ва пешгӯиҳои ӯ арзиши пешгӯии 1 таҳлилгари имрӯзаро доштанд. Табиист, ки немисҳо наметавонистанд махфиёна он миқдор нерӯро, ки барои амалиёти “Барбаросса” зарурӣ буд, ба сарҳади СССР мунтақил кунанд, хоса, баъди моҳи апрел. Берлин ин амалкарди худро “истироҳат ва аз нав таъсисдиҳии қисмҳо пеш аз ҳуҷум ба Англия” маънидод мекард. Аммо Сталин низ ором намегирифт ва немисҳо маълумот доштанд, ки нерӯҳои шӯравӣ ҷониби сарҳадоти ғарбии худ дар ҳаракатанд ва Маскав расман ин амалкарди худро “тафтиши кори ниҳоди роҳи оҳан” қаламдод менамуд.

Барбаросса
Он шабу рӯз тамоми дунё аз ҳуҷуми ояндаи Гитлер ҳарф мезад. Баҳори соли 1941 тамоми доираҳои дипломатӣ, таҳлилгарӣ ва хабарнигорӣ аз ҷанги ояндаи Олмон бо СССР сухан мегуфтанд. Барои пешгӯии ҷанги оянда зарурат набуд, ки кас нобиға бошад. Албатта хадамоти ҷосусии шӯравӣ низ бекор нанишаста буд. Маълумотҳо аз тамоми ҷаҳон кило-кило ба Маскав меомаданд, аммо ҳамаи онҳо ё аз ҷойивазкунии ин ё он қисми алоҳидаи ҳарбӣ, ё аз ироаи сӯҳбатҳои намояндагиҳои шӯравӣ бо дипломатҳои хориҷӣ ё хабарнигорон иборат меёфтанд ва ҳеҷ кадомашон ба саволи асосӣ: дар куҷо, бо чӣ теъдод нерӯ ва аз ҳама асосӣ кай ҷавоб намедоданд. Дар асл хадамоти ҷосусии шӯравӣ ҳеҷ гоҳ нақшаи “Барбаросса"-ро ба даст наоварда буд. Ин нақша танҳо дар 9 нусха вуҷуд дошт ва 6 нусхаи он то охири ҷанг дар сейфи шахсии фюрери олмонӣ нигаҳдорӣ мешуд. 3 нусхаи боқимонда бошад, моҳи декабри с.1940 ба Геринг, Браухич ва Редер фиристода шуданд. Дар баробари ин фюрер ҷанобон фармондеҳонро сахт огоҳ кард, то замони муайян ҳеҷ ҳуҷҷате дар иртибот бо нақша омода накунанд ва ҳамаи назариёти худро даҳонӣ ба ӯ иброз намоянд. Дар баробари ин санаи ҳуҷум ҳатто дар нақшаи Барбаросса ҳам вуҷуд надошт. Фюрер танҳо 30 апрел рӯзи ҳуҷумро муайян кард ва он ҳам боз метавонист тағйир дода шавад. Гитлер дар вақташ ҳуҷум ба Полша ва Фаронсаро чандин дафъа тағйир дода буд. 18 июн ба нерӯҳо аломати шартии “Дортмунд” расонида шуд, баъд аз он ҳайати қумондонӣ (то қумандонҳои полк) вазифагузорӣ шуд ва бо ҳамин чанд ҳазор нафари дигар аз ин сирр бохабар гардиданд. Барои аскарон фармони фюрерро соати 13:00-и 21 июн қироат намуданд. Аммо баъди ин низ дар Маскав аз ҳуҷуми немисҳо на тавассути ҷосусон, балки ба василаи аскарони немис, ки ба тарафи шӯравӣ гурехта буданд, огоҳ гардиданд.

Нафти Ховари Миёна
Абвер-хадамоти ҷосусии немис низ дар арафаи ҷанг бозии бисёр муваффақеро барои гӯл задани роҳбарияти шӯравӣ, дар бобати ҳуҷуми ояндаи немисҳо амалӣ намуд. Ин гӯлзанӣ дар 4 самт роҳандозӣ шуд. Аввалан немисҳо ба фазои иттилоотӣ санаҳои гуногуни оғози ҷангро мепартофтанд, то Маскав ҳушёриро аз даст диҳад. Сониян, немисҳо тавонистанд ба фармондеҳии Артиши Сурх ва худи Сталин ин фикрро талқин кунанд, ки дар сурати оғози ҷанг, онҳо зарбаи асосиро дар Украина ва дар шимол аз Пруссияи Шарқӣ, ҳатто аз Финляндия хоҳанд зад. Дар натиҷа армияи 4-и шӯравӣ, ки дар самти асосии ҳуҷуми оянда (Брест) қарор дошт, ягона армияи саҳроии қатори аввал шуд, ки дар ҳайати худ бригадаҳои тӯпи зиддитонкӣ надошт. Саввум, немисҳо сахт ин ақидаро, ки пеш аз оғози ҷанг Берлин ба Маскав бо 1 талаби таҳдидӣ (ултиматум) муроҷиат мекунад, паҳн мекарданд. Ва чаҳорум, немисҳо тарафи шӯравиро бовар кунониданӣ буданд, ки мақсади ояндаи онҳо нафти Ховари Миёна аст. Аз 20 то 21 май немисҳо амалиёти ишғоли ҷазираи Критро пиёда карданд, ки барояшон бисёр гарон ва дар арафаи ҳуҷум ба СССР нодаркор буд. Моҳи апрел Абвер дар Ироқ табаддулот доир намуд ва дар ин кишвар ҳукумати Рашид Алиро, ки ба Олмон таваҷҷӯҳ дошт, сари қудрат овард. Маршал Жуков дар ёддоштҳояш менависад, ки маймоҳи с.1941 дар яке аз сӯҳбатҳо бо Сталин ГенСек ба назди харитаи дар девор овезон омад ва бо дастаи чубуқаш ба Ховари Миёна ишора намуда гуфт: “Ана, ба куҷо онҳо равонаанд”. Лек ин нуқтаи назар низ, ки аз маълумоти Зорге комилан сарфи назар қарор дода шуд, чандон дуруст ба назар намерасад. Дар ситоди аршади нерӯҳои шӯравӣ кори аналитикии зиёде анҷом дода мешуд. Танҳо дар 3 ҳафтаи июн комиссари халқии мудофиа маршал Тимошенко ва сардори ситоди генералӣ Жуков 7 маротиба бо Сталин дидор намуданд. Тибқи ёддоштҳои Жуков, онҳо ҳамвора аз Сталин тақозо мекарданд, ки нерӯҳои ҳарбиро ба “ҳолати омодабоши ҷангӣ” биёранд. Ё ба андешаи баъзе аз муаррихини муосир, ҳуҷуми дарпешистодаи немисҳоро бо ҳуҷуми Артиши Сурх пешгирӣ намоянд. Яъне аввалин шуда, зарба зананд. Аммо Сталин ин андешаҳоро тарсуӣ қаламдод мекард ва барои ин тафаккураш асоси мантиқӣ низ дошт ва он таносуби воқеии қувваҳо ба шумор мерафт.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter