ХАБАРИ ДОҒ


Домоди халифа
Русҳо ба ҳар баҳона вақтро кашол дода, ахир, қисмҳои бригадаи 3-и савора ба Душанбе даромаданд. То ин дам болшевикон кӯшиданд, ки Иброҳимбекро бо ҷадидон оштӣ диҳанд. Консули рус шахсан бо ӯ дидор ва ба капитан Иброҳим (русҳо ӯро чунин хитоб мекарданд) пешниҳод намуд, бо ҳукумати Бухоро оштӣ кунад. Консул гӯшзад намуд, ки дар сурати розигӣ ба ин пешниҳод мансаби давлатӣ мегирад ва зиндагии хубе хоҳад дошт.

Аммо капитани лақай пешниҳоди русҳоро напазируфт. Умуман, тамоми қурбошиҳои Бухорои шарқӣ аз ҳукумати амирӣ ҷонибдорӣ карда, ҷадидон ва русҳо барояшон душмани муштарак буданд. Гуфтушунид миёни русҳо ва Иброҳимбек то январи с.1922 давом кард ва ахир бе натиҷа анҷомид. Моҳи январ задухӯрд миёни дастаҳои Иброҳим ва нерӯҳои рус аз нав сар шуд. Болшевикон тавонистанд нерӯҳои ӯро ақиб зада, муҳосираи Душанберо бартараф кунанд. Ӯ дар зодгоҳаш Лақай мавқеъ гирифт ва аз он ҷо ба дастаҳои аскарони сурх шабехун мезад. Аммо баъди чанде вазъият дар Бухорои шарқӣ комилан тағйир ёфт ва ин бо пайдоиши чеҳраи пурнуфузи дигар-Анварпошои турк дар майдони сиёсии минтақа рабти зич дошт. Анвар вазири дифои Туркияи усмонӣ ва домоди султони турк, баъди шикасти ин кишвар дар ҷанги ҷаҳонии 1 ба Олмон гурехт. Дар Олмон бо болшевикон ошноӣ пайдо кард ва баъди чанде озими Маскав шуд. Соли 1920 ба Маскав омад ва Ленин шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт. Он шабу рӯз ҳукумати болшевикӣ дар Осиёи Миёна даргири ҷанг бо босмачиён буд ва ба пиндори Ленин, шахсе мисли Анвар метавонист ба болшевикон дар ин манотиқ кӯмак кунад. Анвар низ, ки зиракии сиёсии волое дошт, тавонист хоҳиши Ленинро пайхас кунад ва доҳӣ пешниҳод намуд ӯро ба Бухоро фиристанд. Анвар доҳиро бовар кунонид, ки мардумро зидди босмачиён ба по мехезонад ва коммунизмро ба Ҳиндустон мебарад. Ленин ҳам ба ӯ бовар кард. Миёнаҳои с.1921 ӯ ба ҳайси мушовири Артиши Сурх оид ба таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи маҳаллӣ ба Бухоро фиристода шуд. Ҳукумати шӯравии Бухоро Анварро гарм пазируфт ва домоди халифа (унвони нави Анвар дар Бухоро) хело зуд миёни ҷадидон мавқеи арзанда ёфт. Ӯ низ баъди ин истиқболи гарм бозии сиёсиро оғоз намуд. Баъди 23 рӯзи иқоматаш дар Бухоро Анвар бо баҳонаи шикор аз шаҳр берун рафт ва дигар ба Бухоро барнагашт.
Иброҳимбек ва домоди халифа
Анвар ба Бухорои шарқӣ гурехт ва аз он ҷо ба амири Бухоро-Саид Олимхон номае навишта гуфт, омода аст ба тарафдори аз ӯ бо душманони амир биҷангад. Маҳз ҳамин шабу рӯз аввалин вохурии домоди халифа бо Робин Гуди лақай иттифоқ уфтод. Дар бораи ин вохурӣ ривояти ҷолиберо нақл мекунанд. Анвар аз оғоз ба пешвои лақайҳо маъқул нашуд. Ӯ худро аз Иброҳимбек боло медонист ва кӯшиш кард, ки аз оғоз ба таъбире "сиёсаташро шинонад". Ӯ дар урдугоҳи Иброҳим дид, ки ҷанговарони лақай консерваҳои хукии ғаниматгирифтаашонро бо иштиҳо “мепечонанд”. Анвар, ки худро ҳомии ислом метарошид, аз ин кори лақайҳо ба шӯр омад ва ба Иброҳимбек дарафтод. Робин Гуди лақай баъди шунидани эътирози ӯ посух дод: "Ман дар ин зиндагӣ он қадар гуноҳ кардаам, ки 1 гуноҳи дигарро на ман мутаваҷҷеҳ мешавам, на Худо. Аммо сарбозон бояд сер бошанд". Вале Анвар ҳеҷ аз хари ғазабаш поин намеомад. Баъди эътирози навбатӣ Иброҳим ӯ ва сарбозонашро халъи силоҳ ва зиндонӣ намуд. Лек баъди чанде номаи ҷавобии амири собиқ ба Бухорои шарқӣ расид ва вазъияти Анвар боз якбора тағйир кард. Олимхон дар нома ӯро ноиби худ эълон карда буд ва аз ҳамаи қурбошиҳо хост ӯро дар ин амр кумак кунанд. Бештари қурбошиҳо ба амри амир итоат карданд. Баъди чанде Анвар аллакай ба лашкари 40.000-нафара фармондеҳӣ мекард. Бо ин нерӯҳо феврали с.1922 ӯ Душанберо тасарруф карда, муддати кӯтоҳ тамоми Бухорои шарқӣ зери дасти ӯ даромад. Аммо Иброҳим аз итоат ба домоди халифа низ сар печида, сиёсати мустақили худро думболагирӣ мекард. Воқеаҳои баъдӣ дурандешии Иброҳимбекро собит карданд. Анвар баъди чанде дар Бойсун шикаст хӯрд ва боз ба Бухорои шарқӣ ақиб нишаст. Пешвои лақайҳо бошад на танҳо ба ӯ ёрӣ надод, балки дар Лақай ба дастаҳои ӯ ҳамла карда, ба гунае дар торумораш саҳм гузошт. Ахир, Анвар баъди чанде ҳамроҳи Давлатмандбий дар Балҷувон кушта шуд ва Иброҳимбек боз яккатози майдони мубориза гардид.
Фирор
Робин Гуди лақай то миёнаҳои солҳои 1920 зидди Артиши Сурх муқовимат кард, лек пас вазъияташ бад шудан гирифт. Ҳукумати шӯроҳо дар ин солҳо сиёсати худро нисбат ба мардуми маҳаллӣ тағйир дод ва мардум тадриҷан аз ёрии босмачиён даст кашиданд. Ӯ акнун аз ҷанг бо қисмҳои калони Артиши Сурх худдорӣ карда, бештар дар кӯҳҳо руст мешуд. Баҳори с.1926 охирин кӯшиши ӯ низ барои тағйири вазъият бенатиҷа анҷомид. Ӯ аз он вазъият чунин ёдовар мешавад: "Лақайҳои Ҳисору Балҷувон аз зиндагияшон шиква карда, бе маслиҳати ман ба Афғонистон гурехтанд. Теъдоди зиёди онҳо бо оила ва амволашон ба Афғонистон гузаштанд. Эгамбердӣ бо дастааш ба таъқиб тоб наоварда, ба Афғонистон фирор кард. Зимистон дар ҷанг Худойбердӣ (яке аз қурбошиёни Иброҳим) кушта шуд. Ман ба ҷои ӯ Танғриқул-муллоро таъйин кардам. Нерӯҳои ман ҳар рӯз суст шуда, баъди чанде мулло Раҷаб низ кушта шуд. Бо марги Худойбердӣ русҳо Янги Бозорро ишғол карданд. Баъди ин ба Балҷувон рафтам, аммо дар он ҷо ҳам корам омад накард. Баҳори с.1926 йигитҳои Исматбек сари ӯро буррида, қисман ба русҳо таслим шуданд. Ба ҷои Исмат Палвон додхо-бародари бузургашро таъин кардам, лек боз нокоми маро интизор буд. Дар ҳарби навбатӣ яке аз беҳтарин фармондеҳони дастаи шахсии ман Суванқул ба ҳалокат расид".
Дар охир, то тобистони с.1926 дар ихтиёри Иброҳимбек, танҳо 50 ҷанговар боқӣ монд. Дигар истодан дар хоки Бухоро барои ӯ маънӣ надошт. Ягона роҳ гузаштан ба Афғонистон буд. Дар рӯзи аввали иди Қурбон, 23.06.1926 дар наздикии Бешкаппа ба Афғонистон гузашт. Дар Афғонистон ӯ дар оғоз ба ҳузури амир Олимхон пазируфта шуд ва 3 сол дар Кобул монд. Амир барои ӯ 1500 рупия моҳона таъин кард ва ҳукумати афғон низ 500 рупияи дигар медодаш. Ин вазъ то с.1929 идома ёфт. Дар ин сол дар Кобул Бачаи Сақо сари қудрат омад ва сиёсати ҳукумат нисбат ба муҳоҷирони бухороӣ якбора дигар шуд. Бачаи Сақо амирро ба ҳузур пазируфта ваъда кард, дар ҷангаш зидди русҳо кӯмак мекунад. Иброҳимбек низ баъди дидор бо Бачаи Сақо назди лақайҳояш баргашта ҷангиёнро аз нав нерӯ бахшид. Аммо Бачаи Сақо баъди чанде аз ҷониби Нодиршоҳи пашту сарнагун шуд ва Иброҳимбеку дигар муҳоҷирон боз ба душмани ҳукумати марказӣ дар Кобул табдил ёфтанд. Нодиршоҳ аз ӯ талаб кард силоҳҳояшро супорад ва лашкарашро пароканда кунад. Аммо Робин Гуди лақай итоат накарда ҷанг миёни муҳоҷирони бухороӣ ва лашкари паштуҳо дар шимоли Афғонистон аланга гирифт. Дар ҷанг тоҷикон ва ӯзбекҳои маҳаллӣ низ ба муҳоҷирон ёрӣ медоданд. Муҳоҷирон дар оғоз паштуҳоро торумор карданд, лек Нодиршоҳ бо дарёфти кумак аз англисҳо лашкари гароне ба шимол фиристод. Миёни муҳоҷирон низ ягонагӣ набуд. Паштуҳо ахир муваффақ шуданд, ки сарвари туркманҳо халифа Қизил Аякро ба худ моил кунанд. Баъди ин Иброҳим бо лақайҳояш танҳо монд. Паштуҳо ҳам девонавор ӯро таъқиб мекарданд ва ахир баъди ҷангҳои шадид Робин Гуди лақай бо қабилааш ба марзи Тоҷикистон расида, дигар дар Афғонистон низ наметавонист бимонад ва чорае ҷуз убури марз надошт. Иброҳим қӯрбошиҳояшро ҷамъ карда, дар соҳили Панҷ машварате орост. Дар машварат қарор доданд, ки марзро гузаранд ва ба ватани бобоӣ баргарданд. Бо ҳамин, Робин Гуди лақай авохири моҳи марти с.1931 дубора ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ бо дастаи начандон калони ҷангиёнаш то моҳи июл бо сурхҳо муқовимат кард ва ахир 23.07.1931 дар наздикиҳои деҳаи Эсанбой, дар соҳили Кофарниҳон аз ҷониби қумандони сурх Муқим Султонов ба асорат гирифта шуд. Робин Гуди лақайро ба Тошканд фиристода, баъди пурсуҷӯи кӯтоҳ ба қатл расониданд.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter