ХАБАРИ ДОҒ


Соати 4-и субҳи 22.06.1941 артиши Рейхи 3 тибқи нақшаи "Барбаросса" марзи СССРро убур кард ва ҶБВ оғоз шуд. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер тавонист артиши нерӯмандеро созмон диҳад. Ин артиш дар муддати кӯтоҳ тавонист бештари кишварҳои аврупоиро тасарруф кунад. Шумораи умумии сарбозони олмонӣ ҳини ҳуҷумашон ба СССР 7 млн 329.000 нафарро ташкил медоданд, ки аз ин теъдод 3 млн 562.000 дар марзи СССР мустақар шуда, барои ҳуҷум ба СССР 3909 тайёра, 4058 тонк, 37.099 тӯпу миномёт ҷамъ оварданд. Аз 155 дивизияи Артиши олмонӣ 127-тоашон барои амалиёти Барбаросса равона шуданд, ки 81,9% артишро ташкил медоданд. Дар ҳуҷум ба СССР инчунин иттифоқчиёни Олмон низ ширкат варзида, теъдоди умумии нерӯҳои финн, словак, венгер, румин ва итолиёӣ 767100 нафар ё 37 дивизияро ташкил доданд.

Дар ҷамъ, нерӯҳои Олмон ва иттифоқчиёнаш дар фронти Шарқӣ 4 млн 329,5 танро ташкил медоданд, ки дар 166 дивизия гирд омада буданд. Немисҳо ва иттифоқчиёнашон 42.601 тӯпу миномёт, 4364 тонк ва 4795 тайёра дар ихтиёр доштанд.
Артиши Сурх низ дар оғози ҷанг аз нерӯи зиёде бархурдор буда, яке аз зӯртарин артиш дар ҷаҳон ва теъдоди умумии ҷанговаронаш 5,8 млн нафар будӣ. Аз ин теъдод 3,1 млн нафар ҷанговар дар марзи ғарбии кишвар мустақар буданд. Дар тонку тӯпу тайёра бошад АС ба немисҳо ва иттифоқчиёнаш бартарӣ ҳам дошт. Дар оғози ҳамлаи немисҳо АС дар самти ғарбӣ 57.041 тӯпу миномёт, 13 924 тонк ва 8974 тайёра дошт. Дар маҷмӯъ, дар АС 25.784 адад тонк ва 24.488 адад тайёра мавҷуд буд. СССР дар ин ҷанг 41 млн 979 нафар шаҳрванди худро аз даст дод. Талафоти олмониҳо бошад беш аз 9 млн кас будӣ. ҶБВ 4 сол ё 1418 рӯз, то 9.05.1945 идома ёфт. Дар рафти ҷанг 1710 шаҳр ва 70.000 деҳа дар СССР хароб карда шуданд. СССР дар ин ҷанг 32.000 корхона, 98.000 колхоз ва 2890 МТСро аз даст дод, ки маблағи умумии он $128 млрд-ро ташкил медод. Барои мисол, талафоти Фаронса $21 млрд. буд. Яке аз мудҳиштарин лаҳзаҳои ҶБВ муҳосираи Ленинград аст, ки 880 рӯз идома дошт. Теъдоди талафоти ҷонии ин муҳосира, аз талафоти умумии ИМА ва Англия дар рафти кулли ҶБВ бештар буд ва тибқи баъзе маъхазҳо 900 000 нафарро ташкил дод. Ҳар 5-ум нафари иштирокчии ҶБВ бо ордену медалҳо қадр шудааст. Дар рафти ҶБВ ба 11.681 шаҳрванд унвони Қаҳрамони СССРро гирифт. Дар ғалаба бар душман тамоми мардуми собиқ СССР саҳм гузоштанд ва мардуми Тоҷик низ дар ин амр истисно нест. Наздики 400.000 тоҷикистонӣ дар майдонҳои ҶБВ ширкат варзида, беш аз 92 ҳазорашон дар рафти ҷанг фавтиданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони СССР, 19 нафар бо ҳар 3 дараҷаи ордени «Шараф» ва беш аз 60.000 тан бо ордену медалҳои ҷангӣ қадр шудаанд. Дар солҳои ҷанг аз ҳисоби аҳолии Тоҷикистон 2 дивизияи хос ташкил карда, ба фронт фиристода шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter