ХАБАРИ ДОҒ


Анҷумани XXVIII ҲКИШ аз 2 то 13.07.1990 баргузор шуд. То ин ҳангом Ҳизби коммунистӣ воқеан ба 2 даста тақсимбандӣ шуд: тарафдорони ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳизб, ки мехостанд ҲКИШ ба 1 ҳизби парлумонӣ табдил ёбад ва ба таъбире "кӯҳнапарастон", ки Горбачёвро ба хиёнат ва даст кашидан аз ақидаи коммунистӣ айбдор мекарданд. Ҳангоми даъвати Анҷуман дар ҳайъати ҲКИШ зиёда аз 18 млн. аъзо мавҷуд буд. Сафҳои ҳизб ба суръат коҳиш меёфт ва танҳо дар зарфи якуним соли гузашта ҲКИШ 1 млн. аъзояшро аз даст дода буд. Дар кори Анҷуман 4.683 вакил ширкат варзида, он дар шароити бисёр ҳассос барои кишвар доир шуд. Дар с.1990 аввалин кишвари Шӯроҳо 1 деги ҷӯшонро мемонд. Сол аз ҳаводиси хунини Боку оғоз ёфта, Маскав маҷбур шуд ба пойтахти Озарбойҷон нерӯҳои мусаллаҳ ворид кунад. Моҳи феврал дар Душанбе ҳаводиси дигаре сар зад, ки бо Баҳманмоҳ маъруфанд. Ин ҷо низ артиш ба шаҳр ворид шуда, нооромиҳо бо роҳи зӯрӣ хомӯш карда шуданд. Моҳи июн ҳаводиси Ӯш дар Қирғизистон иттифоқ уфтод.

Моҳи март бошад Литва соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва аввалин ҷумҳурие шуд, ки аз ҳайъати СССР берун рафт. Баъди 2 ҳафтаи ин рухдод тонкҳои шӯравӣ вориди Вилнюс шуданд. 14.03.1990 дар Анҷумани III-и ғайринавбатии вакилони мардумии СССР монополияи сиёсии ҲКИШ ба ҳукумат аз миён бардошта шуд ва вакилон мансаби президенти СССРро таъсис доданд. 15.03.1990 Михаил Горбачев ба вазифаи нав интихоб шуд. Дар баробари ин аввалин кишвари Шӯроҳо гирифтори буҳрони сахти иқтисодӣ шуда буд. Рафҳои холии мағозаҳо ба амри оддӣ табдил ёфта буданд. Раиси Шӯрои Вазирони СССР Николай Рижков лоиҳаи давра ба давра гузаштан ба иқтисоди бозориро пешниҳод кард ва ин кор вазъи сангини иқтисодиро боз ҳам сангинтар намуд. 2 рӯз қабл аз анҷоми кори Анҷуман минтақаи Донбассро корпартоии оммавии ангиштканон печид. Шахтёрҳо талаб карданд Рижков аз вазифааш равад. Ба таъбири Горбачёв, ин Анҷуман ба майдони даргирии шадиди 2 ҷиноҳи ҳизбӣ-ислоҳотхоҳон ва кӯҳнапарастон табдил ёфт. Ба куҳнапарастон Егор Лигачев роҳбарӣ мекард ва Б.Елтсин бошад роҳбарии ҷиноҳи ислоҳотхоҳонро ба ӯҳда дошт. Елтсин дар баромади худ гуфт: "Мо, ки солҳои тӯлонии ҳаётамонро ба ин ҳизб ато кардем, вазифаи худ донистем, ин ҷо омада ба роҳбарият бирасонем, ки роҳи баромадан аз бунбаст барои ҲКИШ вуҷуд  дорад. Бояд платформаҳои вуҷуддоштаро дар дохили ҲКИШ ба қайд гирем ва ба ҳар коммунист барои худмуайянкуниаш вақт диҳем. Номи ҳизбро тағйир диҳем. Ҳизби нав бояд ҳизби сотсиализми демократӣ бошад ва худро аз ҳар навъ ӯҳдадории давлатӣ озод кунад". Дар охири кори Анҷуман ҳангоме, ки вакилон ҳайъати нави КМ ҳизбро интихоб мекарданд, Елтсин эълон кард, ки аз ҳайъати ҲКИШ меравад. Баъди ӯ чанд тани дигар аз ҷиноҳи ислоҳотхоҳон низ аз суфуфи ҲКИШ хориҷ шуданд. Яке дигар аз рӯйдодҳои муҳими Анҷуман дигаргунӣ дар Низомномаи ҳизб шуд. Дар Низомнома фасли 22 илова ва тасдиқ карда шуд, ки худмухтории ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳуриҳоро қонунӣ кард. Яке дигар аз баҳсҳои мубрами ин анҷуман вазифаи ГенСек буд. Барои раҳоӣ аз "табаддулотҳои дарборӣ" Горбачев пофишорӣ кард, ки ГенСекро на Кумитаи марказии ҳизб, балки анҷумани ҳизбӣ интихоб кунад. Ӯ билохира тавонист дар анҷуман аз сиёсати худ дифоъ кунад ва вакилон ӯро дубора ба вазифаи котиби генералӣ интихоб карданд. Аз 4683 вакил 3411 нафарашон ба тарафдории ӯ овоз доданд, лек н Анҷуман низ натавонист масоили доғи ҲКИШро ҳал намояд. Аслан баъди анҷуман ҲКИШ дигар ҳизби сиёсии воҳид будӣ. Ҳизбҳои ҷумҳуриҳо нерӯи худро ҳис карданд ва гузашт ба онҳо билохира суфуфи ҲКИШро боз ҳам коҳиш дод. Ин бор дар тӯли 1 сол 4 млн. аъзо аз ҳайъати он берун рафтанд. Билохира, 29.08.1991 Шӯрои Олии СССР фаъолияти ҲКИШро дар қаламрави СССР қатъ кард.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter