Июли с.1941 фармондеҳии олмонӣ артиши худро вазифадор кард, нерӯҳои шӯравиро дар соҳилҳои Двингаи Ғарбию Днепр муҳосира ва шаҳрҳои Витебск, Оршаю Смоленскро ишғол кунад. Ба ин васила роҳ ба сӯи Маскав боз мешуд. Ба артиши олмонӣ дар ин ҳарб фелдмаршал фон Бок фармондеҳӣ мекард. Фармондеҳии шӯравӣ аз ин нақшаи немисҳо огоҳ шуд ва ният дошт немисҳоро дар ин самт шикаста, пешравиашонро сӯи пойтахти кишвар боз дорад. Гурӯҳи тонкии Гот ва Гудериан 10 июл бе кумаки нерӯҳои пиёданизом ҳуҷумро оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ Орша, Смоленск ва Кричевро тасарруф намуданд. Лек Артиши Сурх 21 июл ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва тавонист Смоленскро дубора пас бигирад. Задухӯрд ранги тӯлонӣ гирифт. 8 август немисҳо дубора ба ҳуҷум гузашта, бори дуввум Смоленскро гирифтанд. Нерӯҳои зиёди Артиши Сурх ин дафъа муҳосира ва пурра торумор шуданд. Аммо немисҳо низ талафоти зиёд доданд ва нақшаҳояшон барои ишғоли Маскав ҷомаи амал напӯшид. Ҳарби Смоленск ба немисҳо собит кард, ки нақшаи Барбаросса амалӣ нахоҳад шуд ва ҷанг ба зимистон тӯл мекашад.
Муҳорибаи Смоленск
Ин ҳарб яке аз бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ дар с.1941 ба шумор меравад, ки аз 10 июл то 10.09.1941 идома дошт. Ҷангҳои Смоленск дар фронти 600-650 км ба вуқӯъ пайвастанд ва дар онҳо аз ҷониби СССР нерӯҳои 4 фронт (Фронтҳои Ғарбӣ, Марказӣ, Захиравӣ ва фронти Брянск) ва аз ҷониби немисҳо нерӯҳои артиши гурӯҳи "Марказ", қисмате аз нерӯҳои гурӯҳи "Шимол" ширкат варзиданд. Ин набард инчунин яке аз хунинтарин даргириҳои ҶБВ аст ва талафоти Артиши Сурх дар он беш аз 700 000 нафарро ташкил намуд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар