Тирамоҳи с.1917 ҳизби болшевикӣ, ки ҳоло қудрат надошт, ба танҳоӣ зимоми қудратро дар кишвар ба даст гирифт. Дар он шароити ҳассос болшевикон ниёзи сахт ба як ҳизби иттифоқчӣ доштанд, ки битавонад ҳамроҳашон ҳукуматро тақсимбандӣ кунад. Ҳизби сотсиалистони инқилобии чапгаро ҳанӯз замони Ҷанги ҷаҳонии 1 чун қаноти мухолиф дар ҳизби эссерон шакл гирифта буд. Ноябри с.1917 бошад эссерони чап аз ҳизби эссерон берун омада, ба ҳайси 1 ҳизби сиёсии мустақил ба фаъолият сар карданд. Роҳбарияти эссерони чапро Мария Спиридонова, Борис Камков, Марк Натансон ва Андрей Колегов ба ӯҳда доштанд. Октябри с.1917 эссерони чап ба Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии Шӯрои Петроград шомил шуда, дар барканории ҳукумати муваққат фаъолона ширкат варзиданд. Баъди пирӯзии инқилоб эссерони чап дар аввал розӣ нашуданд, ки ба ҳайъати ҳукумати болшевикӣ дар симои ШКХ ворид шаванд, лек дар авохири с.1917 намояндагони ин ҳизб ба ҳайъати ШКХ низ шомил шуданд. Бисёре аз намояндагони эссерони чап дар таъсиси Артиши Сурх ва кори ВЧКи Феликс Дзержинский низ саҳми зиёд гузошта буданд ва дар ин ниҳодҳо обрӯи зиёд доштанд. Дар баробари ин эссерони чап дар як қатор масоил бо болшевикон назари мутафовит доштанд. Тафовути аз ҳама ҷиддӣ миёни ин 2 ҳизби чапгаро, масоили деҳқонон будӣ. Марти с.1918, баъди имзои сулҳи Брест зиддият миёни болшевикон ва эссерони чап ба авҷи аълои худ расид. Эссерони чап ба нишони эътироз ба ин "сулҳи шармовар" аз ҳайъати ШКХ бадар рафтанд. Дар Анҷумани IV-и Шӯроҳо ҳам эссерони чап зидди ин сулҳ овоз доданд. Аммо бо вуҷуди ин намояндагони ин ҳизб мавқеъият ва мансабҳои худро дар артиш ва ВЧК нигаҳ доштанд. Декрети болшевикон аз 9.05.1918, ки расман монополияи давлатиро ба ғалла эълон намуд, сабаби дигари муташанниҷ шудани муносибати 2 ҳизб гашт. Маркази шӯришгарон дар ситоди дастаи ВЧК, ки ба он эссери чап Дмитрий Попов сарварӣ мекард, воқеъ шуда буд. Эссерони чап дар оғоз бартарии комил доштанд ва метавонистанд ба осонӣ болшевиконро нагун созанд. Нерӯҳои ба эссерон содиқ 1800 ҷанговари пиёда ва 80 савораро ташкил карда, дар ихтиёри худ 4 мошини зиреҳпӯш ва 8 тӯп доштанд. Болшевикон бошанд дар он лаҳза дар Маскав танҳо 720 ҷанговари пиёда бо 4 мошини зиреҳпӯшу 12 тӯп доштанд. Инчунин ба эссерони чап муяссар шуд, иддае аз роҳбарони ҳизби болшевикӣ мисли Дзержинский, ҷонишинаш Лацис ва раиси Шӯрои Москва Смидовичро ҳабс кунанд. Нерӯҳои мусаллаҳи дигари пойтахт бошанд мавқеи бетарафиро гирифтанд. Ба болшевикон танҳо тирандозони латиш содиқ монда буданд. Шӯришгарон имкон доштанд тамоми вакилони Анҷумани Шӯроҳо ва аъзои ҳукумати болшевикиро ҳабс кунанд, лек бо сабабҳои номаълум ин корро накарданд. Дастаи чекистони Попов низ то лаҳзаи торуморшавиаш ҳеҷ амалиёти фаъолонае накард. Эссерон ҳатто дар муроҷиатномаашон ба мардуми Русия мардумро ба сарнагун кардани ҳукумати болшевикӣ даъват накарданд. Онҳо аз мардум хостанд, ки зидди "империализми олмонӣ" бишӯранд. 10 июл фармондеҳи фронти Шарқии Артиши Сурх, эссери чап Михаил Муравёв дар Симбирск шӯриш бардошт. Муравёв аз номи фронти Шарқӣ сулҳи Брестро ғайриқонунӣ хонд ва бо Олмон ҷанг эълон кард. Эссерони чап Тухачевсикй ва дигар роҳбарони болшевикро дар фронти Шарқӣ ба ҳабс гирифтанд. Аммо нерӯҳои ба болшевикон содиқ хело зуд баромади Муравёвро саркуб намуданд. Худи Муравёв дар ин ҳаводис ба қатл расид. Дар таърихнигории муосир инчунин ақидае ҳаст, ки шӯриши эссерони чап аз ҷониби коммунистони чап роҳандозӣ шуда буд. Декабри соли 1923 Зиновев ва Сталин гуфта буданд, ки ба роҳбари "коммунисти чап"-Николай Бухарин эссерони чап пешниҳод карданд, Ленинро зӯран канор зада, ҳайъати нави ШКХро созмон диҳанд. Коммунистони чап, ки ба ҳайъати онҳо дар қатори Бухарин, Дзержинский ва як қатор ашхоси бонуфузи дигари ҳизби болшевикӣ шомил мешуданд, зидди сулҳи Брест ва хостори идомаи ҷанги инқилобӣ бо Олмон буданд. Танҳо таҳдиди Ленин, ки агар пешниҳодашро напазиранд, ӯ аз КМ берун рафта, бе восита ба мардум муроҷиат мекунад, коммунистони чапро водор кард, фикрашонро дигар кунанд. Вацетис бошад с.1935 шӯриши эссерони чапро "намоишномаи" Тротский номида буд. Ҳини баҳсу мунозира дар бобати бастани сулҳ бо Олмон Тротский мавқеъи аҷиберо ишғол кард. Ӯ ҳам зидди ҷанг ва ҳам зидди сулҳ баромад мекард. Умуман, Лев Давидович мехост бо Антанта созиш намуда, ҷангро зидди Олмон идома диҳад, аммо Ленин аз дасисаи Тротский огоҳ гашт ва ҷилавашро сари вақт гирифт. Бо ҳамин, фармоишгарони аслии шӯриши эссерони чап дар Англия ва ИМА қарор доштанд. Антанта ба ҳар васила мекӯшид Русияро бо Олмон ҷанг андозад, аммо ин шӯришгарони бе ғайрат нақшаҳои онҳоро ба бод доданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР