Дар нимаи 2-уми солҳои 1980 бисёре аз зиёиён дар ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва ҷавонон бошанд, дар ташкилотҳои ҷавонон муттаҳид шуданд. Дар ин ҷамъиятҳо ва ташкилотҳо ба гуфтаи мутахассисин аввалин донаҳои ин ақида пошида шуданд. Маҳз фаъолияти ин ҷамъиятҳо ба қабули қонуни забон мусоидат кард ва с.1989 Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатӣ кард. Пирӯзӣ дар маъракаи забон, равшанфикрони тоҷикро ҷуръат бахшид ва акнун андешаҳои "расидан ба истиқлоли воқеъии Тоҷикистон, албатта, дар чаҳорчуби 1 Иттиҳоди ҷадиди одилона" дар маҳфилҳо ва нишастҳояшон бештар матраҳ мешуд. Лек дар Маскав бедории тоҷиконро намехостанд ва коммунистон қарор доданд, озодандешони тоҷикро танбеҳ диҳанд. Феврали с.1990 дар Душанбе овозаҳое паҳн шуданд, ки роҳбарияти кишвар ният дорад арманиҳои гурезаро ба Душанбе оварда, ба онҳо хона диҳад. Ба қавли муҳаққиқон, он шабу рӯз дар Душанбе 47 хонаводаи арманӣ ҳузур дошт, ки онҳо низ ба назди хешу ақрабои худ омада буданд. Аммо ин овоза кофӣ буд, то мардум ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бирезад. Ин ҳаводис дар таърихнигории мо ба номи баҳманмоҳ машҳуранд. 11 феврал мардуми зиёд дар назди бинои КМ ҲК Тоҷикистон ҷамъ шуда, аз роҳбарияти кишвар хостанд, ки ба назди онҳо бароянд ва ба саволҳояшон посух диҳанд. Аммо Қаҳҳор Маҳкам бо сабабҳои номаълум аз ин кор худдорӣ кард. Субҳи рӯзи дигар беназмиҳо сар шуданд. Маскав ба Душанбе нерӯи низомӣ ворид кард ва эътирозҳои мардумӣ саркӯб карда шуданд. Бенизомиҳо 3 рӯз идома ёфта, дар ин муддат, тибқи омори расмӣ зиёда аз 20 нафар кушта ва 600 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар натиҷа тамоми роҳбарияти кишвар-котиби аввали КМ ҲК Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев ва раиси раёсати ШО Ғоибназар Паллаев ба истеъфо рафтанд. Аммо баъди машварат бо Маскав, пленуми навбатии коммунистони тоҷик ин истеъфоро қабул накард ва онҳо дар вазифаҳояшон барқарор шуданд. Баҳманмоҳ аввалин ҳушдоре буд, ки мутаассифона рӯшанфикрон ва зиёиёни миллат аз он ғофил шуданд ва баъдан, ин кор дубора дар Тоҷикистон дар шакли ҷанги шаҳрвандӣ ба бозӣ дароварда шуд.
Ҳукумати собирон
Бо вуҷуди ин талошҳо барои касби истиқлол идома доштанд. Ахир августи с.1991 Эъломияи истиқлолият низ аз ҷониби ҳукумати Маҳкамовӣ пазируфта шуд. Аммо ҳаводиси баъдӣ дар Маскав авзоъро комилан дигар кард. 19 август коммунистони собиқадор дар Маскав даст ба табаддулот зада, Горбачевро аз вазифааш сабукдӯш карданд. Рӯйдодҳои Маскав дар тақдири ояндаи ҳамаи ҷамоҳири Шӯравӣ нақши калидӣ бозиданд. Роҳбарияти бештари ҷумҳуриҳо нисбати ин ҳаводис мавқеи интизориро ишғол карданд ва мунтазир буданд, ки ҳаводис бо чӣ меанҷоманд. 22.08.1991 президенти Тоҷикистон Қ.Маҳкамов ба мардум бо 1 муроҷиат изҳор намуд: "Вазъияти хатарноки сиёсӣ, ки дар кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, санҷиши амиқ ва дурандеширо дар андешаронӣ тақозо мекунад. Ман ҳамаро ба сабру тамкинӣ даъват мекунам. Мо чун пештара муътақидем, ки ҳам барои мардуми кишвар ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, бақои СССР амри зарурист ва мо барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи Иттиҳодӣ баромад мекунем". Маҳз ин сабру тамкинӣ ва беҷуръатии Маҳкамов ҳукумати ӯро барбод дод. Агар воқеан роҳбарияти онрӯзаи Тоҷикистон аз зиракии сиёсии бештаре бархурдор мебуд ва мисли ҷамоҳири дигар худро демократ ё чизи дигаре эълон мекард, шояд дар раъси қудрат боқӣ мемонд ва кишвар ба домони ҷанг кашида намешуд. Аммо ин ҳукумати собирон ҳеҷ намехост бе Маскав давом дошта бошад. Ҳатто мухолифини ӯ дар симои "Растохез" он айём барои сари қудрат мондани ӯ талош карданд. Муҳаққиқон менависанд, 19 август намояндагони "Растохез" бо Маҳкамов дидор карда, аз ӯ хостанд Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон кунад ва аз ГКЧП масофа гирад. Шикасти ГКЧП дар Маскав аксуламали шадидеро дар саросари Шӯравӣ ба бор овард ва ҷумҳуриҳои собиқ яке пас аз дигаре истиқлолияти давлатии худро эълон мекарданд. Аммо ҳукумати собирон ҳамоно мавқеи интизориашро тағйир надод. Маҳз ин амалкарди ҳукумати Маҳкамовро муҳаққиқон сабаби асосии сар задани митинги мардумӣ дар майдони Ленин (ҳоло Озодӣ) медонанд. 29.08.1991 дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии ШО Тоҷикистон ба кори худ сар кард. Коммунистон аллакай аз хатоии худ пай бурда буданд ва мехостанд ӯро канор зада, худ лаҷоми ҳаводисро ба даст гиранд.
Истеъфо
Дар айни замон бо рафти ин Иҷлосия дар майдони Ленини пойтахт гирдиҳамоии мардумӣ оғоз шуд. Намояндагони ҳаракатҳои ғайридавлатӣ, мисли "Растохез” дар ин митинг бо муроҷиатномае ба Шӯрои Олӣ баромад карданд. Муроҷиатномаро яке аз сарварони "Растохез" Халифабобо Ҳомидов дар майдон қироат кард. Ин муроҷиатнома аз 17 банд иборат буд ва гирдиҳамомадагон истеъфои ҳукумати кишвар, бекор кардани ҳамаи қонунҳо ва қарорҳо, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, истиқлолияти Тоҷикистон ва ба таври ҳатмӣ аъзои СММ шудани онро талаб мекарданд. Ин бор Маҳкамов хатоии қаблиашро дарк кард ва хост назди мардум рафта, сухан гӯяд. Аммо гирдиҳамомадагон ба ӯ маҷоли сухан додан намекарданд ва ҳама баробар, танҳо “Истеъфо! Истеъфо!” мегуфтанд. Ин амали мардумӣ бо хостаҳои коммунистони тоҷик мувофиқат кард ва тақдири Маҳкамов аллакай ҳал шуд. Билохира баъди талаби вакилони зиёд ӯ маҷбур шуд истеъфо диҳад. Ва бо сухани "Шумо пушаймон мешавед" толорро тарк кард.
Истиқлол
31 август Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқлолияти давлатии худро эълон карданд Дар Душанбе ҳам намехостанд аз ҳамсояҳо ақиб монанд. Ахир, 9.09.1991 иҷлосияи ғайринавбатии вакилони мардумии ШО қарор "Оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон кишвари мустақил шуд. Дар рафти иҷлосия раиси Кумитаи ШО оид ба масоили қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон, Нурулло Ҳувайдуллоев тасвияи онро ба вакилон қироат кард. Дар қонун гуфта мешуд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад". Ин пешниҳод бо назари мухолифин ҳам мувофиқат мекард ва тарафайн барои даргирии навбатӣ 1 давраи муайяне ором гирифтанд. Бо вуҷуди ин Душанбеи расмӣ ҳанӯз худро дар чаҳорчӯби 1 кишвари мустақил намедид ва ба иттиҳоди нав умед дошт. Инро нутқи ТВии иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва Раиси ШО кишвар Қадриддин Аслонов 14.09.1991 ба хубӣ собит мекунад. Ӯ аз ҷумла таъкид кард: "Тоҷикистони соҳибистиқлол худашро берун аз Иттиҳод тасаввур намекунад ва барои тезонидани имзои лоиҳаи нави Иттиҳодӣ пофишорӣ дорад".
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР