ХАБАРИ ДОҒ


Тобистони с.1943 Артиши олмонӣ дар Фронти шарқӣ амалиёти "Цитадел"-ро оғоз намуд. Ин амалиёт дар қавсайн (дуга)-и Курск ба вуқӯъ пайваст ва немисҳо бори охир ният доштанд, вазъиятро таҳти тасарруфи худ бигиранд. Дар натиҷа, дар ин қавсайн задухӯрди шадиде миёни нерӯҳои олмонӣ ва Артиши Сурх сар зад.

Ин ҳарб дар таърихнигории шӯравӣ бо “муҳорибаи Курск” маъруф аст ва онро 1 ҷанге, ки ба куллӣ вазъиятро тағйир дод, ном мебаранд. Задухӯрди Курск дар ҳақиқат 1 набарди бузург ба шумор меравад. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн аскар, 69 000 тӯп, 13 000 тонк ва 12 000 тайёра ширкат варзиданд. Аммо тарафи немисӣ низ дар ин хусус назари худро баён кардааст ва он тасаввури муқаррариро дар мавриди ин муҳориба дигаргун месозад.

"Цитадел" мудофиаи Итолиё
Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Фюрер бори охир муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3-ум вазъ муташанниҷ гардид. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кӯмаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-англисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва фюрерро бисёр хавотир карда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград Артиши Сурх нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд шурӯъ мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳамлаи ногаҳонии Артиши Сурх метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳаш бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ин ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда зарба зананд. Тибқи гуфтаи немисҳо, Гитлер ба ин амалиёт нигоҳи духела дошт. Дар фармондеҳии олии артиши олмонӣ (Вермахт) низ назарҳо мутафовит буданд. Фармондеҳии олии нерӯҳои пиёданизом аз амалиёт ҷонибдорӣ мекард, аммо Фармондеҳии олии Вермахт зидди он баромад. Ба Олмон он шабу рӯз ҷанг дар 2 фронт таҳдид мекард ва Фюрер аз ин сахт бим дошт. Билохира, қарор доданд амалиётро баргузор намоянд, аммо Фюрер назди фармондеҳии артиш шарт гузошт, дар сурати ҳуҷуми иттифоқчиён ба Итолиё, фавран амалиётро қатъ хоҳад кард. Аммо немисҳо пеш аз оғози амалиёт намедонистанд, ки дар Маскав аз нақшаи онҳо огоҳанд. Нақшаи амалиёт дар 1 тайёраи немисҳо ёфт шуд ва Жуков дар асоси ин нақша ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ сар кард. Аммо дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин тақозои баргузории ҳуҷуми навбатиро дошт. Бо вуҷуди ин генералҳо бо сарварии Жуков тавонистанд назари ГенСекро иваз кунанд ва Артиши Сурх барои муҳорибаи оянда мавқеъ гирифт.

Камикадзеҳои сурх
Амалиёти немисҳо дар ҳоле пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз Артиши Сурх 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба "Цитадел" ризоият дод. Гитлер ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме ба шумор мерафтанд. Ва дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, монанди двизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси дуввуми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим шуда буд. Аммо Жуков ҳангоми тарроҳии амалиёташ аз нияти Фюрер огоҳ буд ва Артиши Сурх дар Курск хатти мудофиаи бисёрзинае сохт, ки ҷаҳон назирашро надида буд. Яке аз машҳуртарин қисматҳои амалиёти "Цитадел" муҳорибаи тонкӣ дар назди деҳаи Прохоровка гардид. Ин муҳориба 12.07.1943 ба вуқӯъ пайваста, дар он нерӯҳои корпуси 29-и тонкии Артиши Сурх ва аз тарафи дигар нерӯҳои корпуси 2-и тонкии СС ширкат варзиданд. Шумораи тонкҳои ҳар 2 тараф низ, ки дар ҷанг ширкат варзиданд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Баъзе муҳаққиқони шӯравӣ то 850 тонк аз ҷониби шӯравӣ ва 800 тонк аз ҷониби Олмонро зикр кардаанд. Ба андешаи онҳо дар ин ҳарб 400 тонки немисӣ аз кор бароварда шуд. Прохоровкаро дар СССР " қабристони тонкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад. Ба гуфтаи немисҳо, дар ин даргирӣ 186 тонки немисӣ ва 672 тонки шӯравӣ ширкат доштанд ва Артиши Сурх 235 тонкро аз даст дод. Немисҳо мегӯянд, ки тонкҳои корпуси 29-и шӯравӣ дар 1 ҳуҷуми камикадзеии худ ба дом афтоданд. "Палангҳо" ва "Юзбоштҳо" аз масофаи дур тонкҳои шӯравиро ҳадаф қарор медоданд, дар ҳоле, ки "Т-34"-ҳо танҳо аз масофаи наздик метавонистанд тонкҳои немисро ҳадаф қарор диҳанд. Дар ин ҳуҷум 219 тонки шӯравӣ ширкат варзид ва "камикадзеҳои сурх" 172 тонкро аз даст доданд. Дар миёни онҳо 118 тонк ба пуррагӣ сӯзонда шуданд. Талафоти немисҳо бошад дар ин муҳориба 3 тонкро ташкил дод. Майдони ҷанг низ дар дасти немисҳо боқӣ монда ва муҳандисони корпуси 2-и тонкии СС шабона тонкҳои аз кор баромадаи худро ба ақибгоҳ кашида, тонкҳои шӯравиро тарконданд. Бо вуҷуди ин маҳз ҳуҷуми ин "камикадзеҳо" ҳуҷуми немисҳоро боздошт. Дар арафаи муҳорибаи Курск нерӯҳои англо-амрикоӣ ба Ситсилияи Итолиё фуруд омаданд ва Фюрер амалиётро мутаваққиф намуда, корпуси тонкии 2-и СС-ро ба Итолиё равона кард. Гарчи немисҳо наметавонистанд зуд ба Итолиё бирасанд, аммо Гитлер аз суқути Мусоллинӣ метарсид ва бо вуҷуди эътирози ҳарбиён тонкҳо равонаи Итолиё шуд. Бе нерӯҳои корпуси 2 немисҳо наметавонистанд амалиётро идома бидиҳанд ва Артиши Сурх боз ғалаба кард.

Лаҳзаи гардиш
Бештари муаррихон бар инанд, ки муҳорибаи Курск гардиши куллӣ дар рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 ба шумор меравад. Аммо тарафи немисӣ мегӯяд, лаҳзаи гардишӣ дар рафти ҷанг, на Курск ва на Сталинград, балки муҳорибаи Маскав буд. Маҳз дар ин набард тақдири ояндаи Рейхи 3 муайян шуд. Дар назди Маскав ҷанги барқосои "блитскриги" немисҳо ба шикаст мувоҷҷеҳ шуд ва Олмон дар ҳарби тӯлонӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба он Амрикову Англия ҳам ёрдам медоданд, ҳеҷ имконият надошт. Ба андешаи онҳо, ҳатто агар Олмон дар муҳорибаи Курск ғалаба ҳам мекард, боз ҳам ҷангро бой медод.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter