Соли 1962 амрикоиҳо тавонистанд бо Туркия забон 1 кунанд ва мушакҳои ҷангии худ-"Юпитер"-ро дар ин кишвар гузоранд. Акнун мушакҳои ИМА дар зарфи 10 дақиқа ба муҳимтарин марказҳои СССР ва мушакҳои шӯравӣ бошанд, танҳо баъди 25 дақиқа ба ҳудуди ИМА мерасиданд. Мушакҳои амрикоӣ дар Туркия Маскавро сахт нороҳат карда буд. Хрушев ба ҳарбиён дастур дод, ҳар чи зудтар ИМАро ба ҷояш шинонанд. Дар ҳамин вазъ дар Маскав ба ёди Фидел Кастро афтоданд, ки сахт аз ИМА нафрат дошт ва амрикоиҳо ба ҳар роҳ мекӯшиданд ӯро аз қудрат дур кунанд ва Кубаро демократӣ намоянд. Аллакай тобистони с.1962 Нерӯҳои мусаллаҳи СССР дар ҷазираи Озодӣ 40.000 нафар буд, лек нерӯи пиёданизом он ҷо кофӣ набуд. Дар Маскав қарор доданд ҳарчи зудтар мушакҳои ҷангиро ба Куба фиристанд. Амалиётро "Анадырь"-ба номи пойтахти Округи автономии Чукотка гузоштанд. Ба иштирокчиёни амалиёт дастур дода шуд, либосҳои зимистонӣ ва лижа ҳамроҳ гиранд. Ба шаҳодати Дмитрий Язов-вазири вақти мудофиаи СССР, ки худ иштирокчии бевоситаи амалиёт буд: "Касе аз иштирокчиёни амалиёт намедонист, куҷо меравем. Вақте аз Ламанш гузаштем, номаи мӯҳрзадаро боз кардем. Он ҷо 1 маълумоти таърихӣ дар бораи Куба буду халос. Танҳо дар баҳри Сарагосса фаҳмидем, ки ба кадом бандар бояд равем". Бо ҳамин 42 мушаки Р-12-и шӯравӣ бо муваффақият ба Куба расиданд. Масофаи парвози мушакҳо якбора иваз шуд. Акнун мушакҳои шӯравӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба муҳимтарин нуқоти соҳили Атлантикаи ИМА мерасиданд, лек хурсандии Маскав дер напоид. 14.10.1962 тайёраи ҷосусии U-2 нерӯҳи ҳавоии ИМА дар яке аз парвозҳояш дар наздикии деҳаи Сан-Кристобал мушакҳои шӯравиро ошкор кард. 22.10.1962 президенти ИМА Ҷорҷ Кеннедӣ аз ТВ баромад карда, амрикоиҳоро аз асли қазия огоҳ намуд: "Акнун мушакҳои шӯравӣ масоҳати 1000 мл дар гирди Кубаро метавонанд ҳадаф қарор диҳанд”. Баъзе аз муаррихин мегӯянд, баъди ин суханрони соҳили Атлантики ИМАро ваҳшат печид ва мардум хонахез ҷониби Ғарби кишвар ҷумбиданд. Дар натиҷа дар роҳҳо роҳбандии азиме ба амал омад. Мардум, ки ҳама силоҳ доштанд, ҷониби ҳам тиркушоӣ мекунанд. Тибқи баъзе маълумотҳо дар ин ҳаводис то 80.000 нафар ҳалок шуд. ИМА Кубаро муҳосира кард. 23 октябр Хрушев амали амрикоиҳоро хасмона эълон намуд. Мушовирон ба Кеннедӣ маслиҳат доданд, ҳарчи зудтар Кубаро бомбаборон кунад, лек парвози навбатии U-2 ошкор кард, ки мушакҳо аллакай барои парвоз омодаанд ва ин амал муҷиби ҷанги атомӣ мегардад. 27 октябр рӯзи аз ҳама ҳалкунанда шуд ва ҷанг қариб аланга мегирифт. Дар ин рӯз мушакҳои шӯравӣ дар соҳили шарқии Куба тайёраи ҷосусии U-2-ро зада афтонданд. Танҳо дахли бевоситаи Хрушев ва Кеннедӣ бӯҳронро хомӯш кард. Ӯ дар номаи худ ба Кеннедӣ розӣ шуд мушакҳои шӯравиро аз Куба мебарорад, агар ИМА мушакҳояшро аз Туркия барорад. "Биёед кашидани кӯрпаро ба сӯи ҳамдигар камтар кунем ва бикӯшем, ки худи гиреҳро боз намоем" навишта буд Никита Сергеевич.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР