Блейк ҳини фирор 1 даста гул аз гулфурӯшии хиёбони канори зиндон харида, назди дари зиндон барои ёдоварӣ гузошту рафт.
Ҷорҷ Блейк с.1922 дар ш.Роттердами Голландия ба дунё омад. Падараш зодаи ш.Истамбули Туркия, бобояш яке аз тоҷирони муваффақи турк буду бо тиҷорати қолинҳо машғул. Ӯ фарзандони зиёде дошт, ки баъди ҷанги ҷаҳонии 1 дар кишварҳои зиёде маскан гузиданд. Аз ҷумла, падари Ҷорҷ, ки дар ҷанги ҷаҳонии 1 шомили артиши англисӣ шуда буд, барои қаҳрамониҳояш дар ҷанг шаҳрвандии англисиро соҳиб шуда, Голландияро барои иқомат ихтиёр кард. Модараш аз хонадони зиёиёни голландӣ буд. Маҳз модар ба иқрори худи Ҷорҷ дар шаклгирии шахсияти ҷосуси оянда нақши асосӣ гузошт. Ҷорҷи ҷавон маълумоти ибтидоиро дар Голландия гирифт, лек баъди марги падар вазъи иқтисодии оила душвор шуд ва дар машварати хонаводагӣ қарор доданд, ӯро ба Қоҳира назди аммааш равон кунанд. Аммааш зани банкир ва аз нигоҳи молӣ пурра таъмин буд. Ҷорҷ дар Қоҳира 3 сол зиста, дар ин муддат коллеҷи англисиро хатм кард. Соли 1939 ба Ҳолланд баргашт, аммо баъди чанде ҶБВ оғоз шуд ва немисҳо онро ишғол карданд. Ҷорҷ модару хоҳаронашро ба Англия фиристод ва худ дар Ҳолланд боқӣ монд. Баъди чанде ба ҳаракати Муқовимати ҳолландӣ пайваста, аз ҳамин замон зиндагии пинҳонкоронааш сар шуд. Блейк дар Муқовимат ҳуҷҷатҳои махфӣ ва адабиёти зиддифашистиро аз 1 шаҳр ба шаҳри дигар интиқол дода, доим дар пешорӯи хатар қарор дошт. Аммо бо ин фаъолияташ қонеъ набуд ва қарор дод аз Ҳолланд ба Англия равад. Ӯ бо кӯмаки дӯстонаш тавонист тариқи Белгия, Фаронса ва Испания худро ба ҷазираи Гиблартар расонида, ба нерӯҳои англисӣ пайваст. Баъди чанде Блейки ҷавон Англия рафт. Ин ҷо ӯро ба нерӯҳои дарёӣ сафарбар карданд. Баъди чанде мактаби афсариро хатм намуда, ба ҳайси афсари яке аз киштиҳои ҷангӣ хидмат мекард. Соли 1945 дар авохири ҷанг ӯро ба хадамоти ҷосусии кишвар СИС (Сикрет интеллидженс) сафарбар карданд. Дар шӯъбаи ҳолландии хадамоти ҷосусӣ ифои вазифа мекард. Баъди хатми ҷанг ӯ ба Ҳолланд ба шӯъбаи дар Гаага будаи СИС фиристода шуд ва баъди чанде ба Гамбурги Олмон фиристоданд.
Аз рӯҳонӣ то ҷосус
Он ҳангом дар зинаҳои болоии СИС дарк карданд, ки аз ин ба баъд СССР ва кишварҳои сотсиалистии Аврупо рақиби асосиашон ҳастанд ва системаи кории хадамот низ баъди ин тағйир кард. Ташаннуҷ миёни иттифоқчиёни собиқ баъди чанде афзуда, тарафҳо ба ҷанги сард оғоз карданд. Соли 1947 ба Блейк пешниҳод карданд, ба таври доимӣ ба СИС пайвандад. Ӯ ният дошт баъди итмоми хизмати ҳарбӣ ба коллеҷи иллоҳиётӣ дохил шавад ва касби рӯҳониро ихтиёр кунад. Аммо баъди ин пешниҳод аз нияташ даст кашида, ба СИС абадан шомил шуд. Тағйир дар сиёсати кории СИС барои ӯ ҳам бе тағйир намонд ва ӯро баъди чанде барои омӯзиши забони русӣ ба донишгоҳи Кембриҷ фиристоданд. Дар Кембриҷ ӯ дар факултаи славянӣ мехонд. Ин сабаб шуд бо чанд тан донишҷӯёни рус ва бо адабиёти русӣ аз наздик ошно шавад. Ин ошноӣ боис шуд, андешаҳои ӯ дар бобати Русия иваз шаванд ва тамоюли бештар ба фарҳангӣ русӣ зоҳир кунад. Баъди 1 сол бо забони русӣ то андозае шинос шуд ва с.1948 ӯро барои адои хизмати оянда ба Кореяи Ҷанубӣ фиристоданд. Корея ба шаҳодати худи Ҷорҷ дар ҳаёти ояндааш нақши калидӣ дошт. Ӯ дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ шабакаи ҷосусии СИСро роҳбарӣ мекард. Он таҳти ҳимояи консулгарии Англия фаъол буд ва мақсади асосӣ гузаронидани амалиётӣ ҷосусӣ зидди Шарқи Дури СССР будӣ. Аммо баъди чанде вазъ дар Сеул комилан тағйир ёфта, с.1950 миёни он ва Кореяи Шимолӣ ҷангӣ шадиде аланга гирифт. Артиши коммунистии Шимол баъди муддате Сеулро фатҳ карда, кормандони консулгарии дипломатии Англия, аз ҷумла, Блейк ба ҳабс гирифта шуданд. Асорат ӯро водор кард дар андешаҳояш таҷдиди назар кунад. Хуб мефаҳмид, ки Ҷанги сард миёни Шарқу Ғарб метавонад ба ҷанги гарм табдил ёбад ва пешгирии ҳолатро вазифаи инсонии худ меҳисобид. Аввалин ошноии ӯ низ бо афкори Маркс ҳини асорат иттифоқ афтод. Ин муддат “Капитал”-и Марксро қариб азёд карда, қарор медиҳад ба хизмати лагери коммунистӣ дарояд. Ӯ пинҳонӣ ба сафорати СССР дар Кореяи Шимолӣ алоқа барқарор мекунад ва ба шӯравӣ пешниҳодӣ ҳамкорӣ медиҳад. Бо ӯ корманди ҷавони КГБ Николай Лоенко вохӯрда, баъди сӯҳбати тӯлонӣ дар КГБ пешниҳоди ӯро пазируфтанд. Соли 1953 дар сафи дигар кормандони консулгарӣ аз асорат раҳо шуда, ба Англия баргашт. Баъди бозҷӯии кӯтоҳи кормандони СИС Блейк барои фаъолияти оянда ба шӯъбаи "У"-и СИС ба ҳайси ноиби сардори шӯъба фиристода шуд. Шӯъба ба ворид кардани таҷҳизоти ҷосусӣ барои нусхабардории иттилоот дар намояндагиҳои СССР дар кишварҳои иттифоқчиаш ва дар манзилҳои кормандони ин муассисаҳо машғул буд. Баъзе аз амалиётҳои шӯъба дар якҷоягӣ бо СРУ ИМА пиёда мешуданд. Ҷорҷ аз ҳамаи онҳо огоҳ буд. Баъди чанде намояндагони КГБ дар Англия бо Блейк алоқа барқарор карда, ҳамкории ӯ бо КГБ оғоз гардид.
Дар амалиёти "Тилло"
Декабри с.1953 дар Лондон машварати махфии намояндагони СРУ ва СИС барпо шуд. Ӯ низ дар ин машварат ҳузур дошт. Дар натиҷаи дидор СРУ ва СИС қарор доданд бо кандани нақб таҷҳизоти ҷосусиии гӯшкунандаро ба шабакаҳои Олмони демократӣ ва нерӯҳои шӯравии мустақар дар ин кишвар пайваст кунанд. Амалиёт "Тилло" ном гирифт. Маблағгузории онро СРУ ба зимма гирифта, расонидани таҷҳизоти гаронқимматро бошад тарафи англисӣ ба ӯҳдаи худ гузошт. Нақб дар ноҳияи Алтглиники Берлин, дар марзи бахши амрикоии шаҳр, ба масофаи 500 метр канда шуд ва кормандони СИС таҷҳизоти заруриро ба симҳои телефонии Олмони Демократӣ пайвастанд. Нақб беш аз 2 сол фаъолият кард ва дар СРУ ва СИС гумон мекарданд, амалиёташон хеле муваффақ идома дорад. Лек 22.04.1956 алоқачиёни шӯравӣ "таъмири фаврии" сими телефониро, ки алоқаи миёни Берлини Шарқӣ ва Маскавро таъмин мекард, анҷом дода, нақберо кашф карданд, ки тарафи бахши амрикоӣ мерафт. Тарафи шӯравӣ якбора нақбро хароб накард ва рӯзи дигар нишасти матбуотӣ доир намуда, эътирози шадиди худро ба ИМА ва Англия иброз дошт. Хабарнигорон ба нақб даъват шуданд, то бо чашм хиёнати ИМА ва Англияро бинанд. Баъди ёфтани нақб, ки дигар рад карданаш маъное надошт, кормандони СРУ иброз доштанд, "Тилло" яке аз муваффақтарин амалиётҳои хадамот дар солҳои охир будааст. Он замон на дар Вашингтон ва дар Лондон намедонистанд, ки иқдоми онҳо ҳанӯз пеш аз сар шуданаш ноком буд ва Маскав аз амалиёт ҳангоми сохтани лоиҳаи он огоҳ шуда буд. Кашфи нақб ҳам чунон вонамуд карда шуд, ки ҷосусони СИС инро амали тасодуфӣ пиндоранд. Бо ҳамин бо кумаки Блейк КГБ беш аз 2 сол СРУ ва СИС-ро бозӣ доронда, иттилооти барояш заруриро ба онҳо медод. Танҳо с.1961 баъди ба Ғарб гурехтани ҷосуси поляк М.Голеневский дар СРУ ва СИС аз мавҷудияти ҷосус дар хадамоташон огоҳ гардиданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Таърихнигори СССР