Ба таъбири журналисти амрикоӣ Ҷон Рид "ҳар кас дар бораи болшевизм ҳар фикре дошта бошад, ин далели баҳснопазир аст. Инқилоби рус яке аз рӯйдодҳои бузург дар таърихи инсоният ва ба сари қудрат омадани болшевикон бошад - воқеаи аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ба шумор мераванд". Ҳукумати муваққат дигар пеши роҳи инқилобро гирифта наметавонист. Нимаи 2-уми рӯзи 7 ноябр (25 октябр, бо тақвими кӯҳна) нерӯҳои инқилобӣ қасри Зимистона-охирин такягоҳи ҳукуматро пурра ба муҳосира гирифтанд. Ҳамлаи ҳалкунанда мебоист соати 6-и бегоҳ сар мешуд, аммо болшевикон натавонистанд ҳамаи нерӯҳоро то ин муддат дар назди қаср ҳозир кунанд. Бо вуҷуди ин ба таъхир андохтани ҳамла низ ба фоидаи болшевикон анҷомид. Қисмате аз муҳофизони қаср вақте диданд ҳамлае сурат нагирифт, сангарҳои худро тарк карда, аз қаср берун рафтанд. Соати 8-и бегоҳ комиссари КҲИ Г.Чудновский бо талабномаи нав ба қасри Зимистона ҳозир шуд. Аммо намояндагони ҳукумат талабномаро рад карданд. Соати 9-и бегоҳ нерӯҳои инқилобӣ ба тирборони қасри Зимистона сар карданд. Тирборон дар аввал танҳо аз силоҳҳои дастӣ бе истифода аз тӯпҳо бурда мешуд. Соати 21:40 дақиқа киштии ҷангии «Аврора» тиркушоии таърихии худро ба амал овард. «Аврора» танҳо 1 маротиба сӯи қасри Зимистона оташ кушод (он ҳам бо тири озмоишӣ-«холостой»), аммо ин тир рӯҳияи муҳофизони қасри ҳукуматиро дарҳам шикаст. Соати 1-и шаби 8 ноябр аввалин дастаҳои инқилобӣ вориди қасри Зимистона шуда, соати 2:10 дақиқа он пурра ба тасарруфи шӯришгарон даромад. Вазирони ҳукуматӣ дар яке аз ҳуҷраҳои қаср ҷамъ карда шуданд ва дере нагузашта намояндаи болшевикон Антонов-Овсиенко бо дастаи гвардиячиёни сурх назди онҳо ташриф овард. Ӯ ба вазирон эълон кард, ки онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Вазирони ба ҳабс гирифташударо болшевикон дар қасри Петропавловск зиндонӣ карданд. Шӯриши болшевикӣ дар Петроград ҳамагӣ 6 кушта ва 50 маҷрӯҳ боқӣ гузошт ва шояд яке аз камталафоттарин инқилобҳо буд. Рӯзи дигар ҳамаи ҳукумат ба дасти Шӯрои ҳарбӣ-инқилобии Петроград гузашт ва дар Анҷумани 2-и Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон, Шӯрои инқилобӣ ҳукуматро ба Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон вогузошт. 9 ноябр болшевикон ҳукумати нави Русияро таҳти унвони «Шӯрои Комиссарони Халқӣ” созмон доданд ва Ленин сарварии ин ҳукумати навро ба ӯҳда гирифт.
Инқилоби октябрии болшевикон барои 70 сол сохти коммунистиро дар собиқ империяи Русия мустақар кард. Русия дар зарфи муддати кӯтоҳ (1905-1917) 3 инқилобро пушти сар намуд. Бори аввал, с.1905 ба ҳукумати подшоҳӣ муяссар шуд бо мардуми худ канор биояд ва инқилоби аввали рус бо 1 навъ созиш миёни Николаи 2 ва ҷомеа ба поён расид. Аммо дар ин кишвари қарнҳо дар сохти крепостноӣ ба сар бурда (танҳо дар авохири қарни 19 ин сохти мушобеҳ ба ғуломдорӣ дар Русия расман бекор шуд) шоҳ ва дарбориёни асилзодааш ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд аз манофеи худ даст кашанд. Якравии ҳукуматдорон пеш аз ҳама бар зарари соҳибони сармоя буд, ки акнун дар Русия қад алам карда буданд. Ин синфи нав низ дар пайи касби манофеи худ буд ва ногузир бар зидди ҳукумати шоҳӣ қарор гирифт. Дар натиҷа инқилоби 2-уми рус сар зад, ки бо “инқилоби буржуазӣ” маъруф аст. Русия баъди ин инқилоб ба андешаи бархе аз муаррихин, демократитарин ҳукуматро дар таърихи хеш соҳиб шуд (ин, ки болшевикон 1 ҳизби кӯчаки ба касе номаълум, тавонист дар он шароити хос қудрати сиёсиро дар ин кишвари паҳновар ба даст биёрад, гувоҳи маъност). Шароите, ки дар натиҷаи инқилоби февралӣ дар Русия ба амал омад, заминаи басо мусоидро барои болшевикон фароҳам кард ва инқилобиёни тундгаро низ тавонистанд аз ин шанс ба хубӣ истифода кунанд. Ақидаи коммунистӣ дар кишваре рӯи кор омад, ки асосгузорони маънавияш (Марксу Энгелс) ҳатто дар хоби шабашон намедиданд. Ин 2 яҳудӣ Русияро бадтарин кишварҳо медонистанд ва бовар доштанд, ки инқилоби коммунистӣ ҳеҷ гоҳ дар ин кишвар рух нахоҳад дод. Аммо пайравони болшевикашон хатоии доҳиёни худро ноябри с.1917 ислоҳ карданд. Ин ҳизби кӯчак корхонаҳоро ба коргарон, заминро ба деҳқонон ва сулҳро ба сарбозон ваъда доду ҷамъияти азимро тарафдори худ намуд. Бо тарафдории ин нерӯ шикастани Ҳукумати муваққат кори душворе набуд. Ин, ки болшевикон баъди ба қудрат расидан ба ваъдаҳояшон вафо карданд ё на, баҳси дигарест. Чизе, ки мусаллам аст, ҳизби болшевик тавонист дар кишвари азиме чун Русия дар муддати кӯтоҳ қудрати сиёсиро ба даст гирад ва 70 соли дароз ин собиқ империяи бузург аламбардори коммунизм дар ҷаҳон шуд. Аммо таърих, нопойдорӣ ва бутлони ин ақидаро худаш собит кард. Дар лаҳзаи зарурӣ назарияи коммунистӣ, ҳатто чанд муҳофизе пайдо накард ва абарқудрате чун СССР бе ҳеҷ муқовимате аз миён пошида шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
Таърихнигори СССР