Шмонов Горбачевро ба қатли мардуми осоиштаи Тифлис ва Боку айбдор медонист ва иддао мекард, ӯ соли 1985 ғайриқонунӣ ва бе розигии мардум ба сари қудрат омад. Ӯ даъво дошт, ки пеш аз амалисозии суиқасд моҳи марти с.1990 чанд мактуб ба Бюрои сиёсӣ фиристод ва дар онҳо талаб карда буд, барои бақои Горбачев дар сари қудрат раъйпурсии мардумӣ гузаронанд, аммо касе ба ҳарфаш гӯш надод. Вай дар суиқасд танҳо набуд ва ҳамроҳаш ёрдамчие низ дошт. Ин ёрдамчӣ бо таппонча мусаллаҳ буд ва мебоист ӯро аз милисаҳо муҳофизат мекард. Аммо дар лаҳзаи охирин ҳангоме, ки Шмонов камонашро баровард ва омодаи тирандозӣ шуд, ёвар сустӣ кард ва ҷои ҳодисаро тарк намуд. Дар ин лаҳза сержанти милиса, ки дар наздикиҳои Шмонов қарор дошт, давида қундоқи камони ӯро меқапад ва тир аз болои сари Горбачев гузашта, ба девори Кремл бармехӯрад. Маҳз ин амалкарди сержант Горбачевро наҷот дод. Барои ин амалкардаш вайро мебоист ҳукми қатл медоданд, аммо Горбачев шахсан ҳукмро бекор карда, дастур дод ӯро барои табобат ба бемористони амрози рӯҳӣ фиристанд. Ӯ дар бемористон муддати чанд вақт табобат гирифт, гарчанде комилан шахси солим буд ва баъди суқути Горбачев ба озодӣ баромад.
Суиқасди ноком
7.11.1990 ходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии кибернетикаи Ленинград Александр Шмонов қариб буд тақдири СССРро дигар мекард. Ин олими ҷавон бо камони пневматикӣ озими Маскав шуд ва ба сӯи Михаил Горбачев-ГенСеки вопасини СССР тир кушод.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар