ХАБАРИ ДОҒ


Табартақсими болшевикон дар Осиёи Миёна 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро ба вуҷуд овард. Тоҷикистон тибқи он дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайъати Узбакистон ворид мешуд, лек баъди дахли инқилобиёни тоҷики қисмати шарқии Бухоро, мисли Н.Махсум, Ш.Шоҳтемур, Ч.Имомов... Маскав ба тоҷикон иҷоза дод,

Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. 14.10.1924 сессияи 2-уми КМИ СССР қарори пешинашро лағв карда дар ОМ РСС Туркманистон, РСС Узбекистон ва Республикаи Автономии Тоҷикистонро дар ҳайати Узбекситон таъсис дод. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистони автономӣ вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротеғин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ),  Кӯлоб, Қурғон-Теппа, Панҷакент, Ӯротеппа ва Сари-Осиё дохил шуданд. Январи с.1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуд ва он низ ба мухторияти тоҷик шомил шуд. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 26.11.1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфта, Нусратулло Махсум раиси Кумита интихоб шуд. Ба Кумита инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Шириншо Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон... шомил шуданд.

Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб ва инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ шуд. Роҳбарияти Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали дар Душанбе мустақар гаштан ба Узбекистон талаботҳои ҳудудӣ изҳор намуд ва Маскавро ҳам дар иҷрои он довар қарор дод. Роҳбарони Тоҷикистон, хоса, Н.Махсум ва А.Ҳоҷибоев тавонистанд шахсан бо Сталин мулоқот кунанд. Ӯ ахир ба таъсиси Тоҷикистони мустақил ризоият дод. Он шабу рӯз Душанбе аз Тошканд тақозо мекард, ки округи Хуҷанд, шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд бо округҳояшон, Деҳнав, Сариосиё ва як қатор манотиқи дигар ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Соли 1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир шуд. Дар он ҳайъати КМИ нав интихоб ва ба КМИ супориш дода шуд то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Н.Махсум раиси КМИ ва Абдуқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб шуданд. Муборизаҳо барои Хуҷанд с.1927 аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайъати Узбекситон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳшавии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад барои ҳалли ин масъала, комиссияи махсуси сенафара таъсис диҳад. Ин комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд, Тоҷикистонро дар он А.Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Узбекистон дар комиссия Исломов ҳузур дошт.

Мутаассифона, ин комиссия низ ба натиҷае нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буд, ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбишевро роҳбанд ва аз ин болшевики собиқадор дархост карданд, онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд. Ахир, Сталин баҳори с.1929 қарор дод Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17.06.1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Узбекистон номае навишта, таъкид кард, ки Республикаи автономии Тоҷикистон аз ҳайъати Ӯзбекистон бароварда шуда, дар заминаи он РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Бо ҳамин, 16.10.1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон Декларатсияи таъсиси РСС Тоҷикистонро қабул кард ва 5.12-и ҳамон сол КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонд ва Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии 7-ум ба СССР шомил шуд. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир шуд ва дар он Декларатсия қироат ва якдилона қабул карда шуд. Феврали с.1931 бошад дар ҳамин бино Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон доир ва дар он аввалин Сарқонуни РСС Тоҷикистон қабул карда шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter