Дигар ҷамоҳир аслан дар раванди гуфтушунидҳо ширкат надоштанд. Нуқтаи охиринро дар ин раванд референдуми Украина гузошт. Он 1.12.1991 барпо шуд ва бештари шаҳрвандонаш аз соҳибистиқлолӣ ҳимоят карданд. Украина комилан соҳибистиқлол шуд. Мегӯянд, Елсин ва Шушкевич сахт тарафдори боқӣ мондани СССР буданд, лек Кравчук калимаи "Иттиҳод"-ро ҳатто шунидан намехост. Маҳз ба ин хотир референдуми Украина доир карда шуд. Бо вуҷуди ин президенти Русия Борис Елсин аз реферундум ҷонибдорӣ кард ва соҳибистиқлолии Украинаро ба расмият шинохт. Баъди референдум ба Г.Бубулис, А.Козирев, С.Шахрай ва Е.Гайдар супориш дод, вохӯрии ӯро бо Кравчук ва роҳбари Белорус-С.Шушкевич тарроҳӣ кунанд.
Билохира, 8.12.1991 "наберагони" Ярослави Хирадманд дар деҳаи Вискулии Белорус бо ҳам дидор намуда, бо 1 қарор ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо нуқта гузоштанд. Қарори таърихиро аз ҷониби Русия Елтсин ва Г.Бурбулис, аз ҷониби Украина Кравчук ва В.Фокин, аз ҷониби Белорус Шушкевич ва В.Кебич ба имзо расониданд. РСФСР, Украина ва Белорус дар қатори Федератсияи Закавказӣ (РСФЗ) аз муассисони аслии СССР дар с.1922 буданд. РСФЗ с.1936 ба 3 ҷумҳурӣ-Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон тақсимбандӣ шуд, аммо ҳамаи ин ҷумҳуриҳо аллакай аз ҳайати СССР баромада буданд. Маҳз ҳамин дар қарори қабул намудаи ҳар 3 нақши вежа дошт. Қарор аз 2 қисм иборат ёфта буд: Аввал: кишварҳои муассис эълом мекунанд, ки кишвари таъсисдодаи онҳо-СССР дигар вуҷуд надорад. Дуввум: Русия, Украина ва Белорус (боз ҳам ба ҳайси муассисон) Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил (СНГ)-ро таъсис медиҳанд. Баъди ба имзо расонидани созишномаи таъсиси СНГ 3 роҳбари славян қарор доданд бо Горбачев ва Ҷорҷ Буш тамос гиранд. Президенти СССР М.Горбачев баъди огоҳ шудан аз қазия ба Артиш муроҷиат кард. Мегӯянд, ӯ то охирин лаҳза ҳамвора ба фармондеҳони округҳои ҳарбӣ занг зада, аз маршал Шапошников дархости кумак мекард. Аммо ҳарбиён ҷавоб надоданд.
Ҳамаи ин қиссаи императори охирини рус Николаи дуюмро дар с.1917 ба ёд меовард. Он замон низ подшоҳ аз қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ ба артиш барои ёрӣ муроҷиат кард, аммо ҳарбиён якдилона барои истеъфои ӯ овоз доданд. Нуқтаи охирро дар суқути ҳуқуқии СССР Шӯроҳои олии Русия, Белоруссия ва Украина гузошта, якдилона Созишномаи таъсиси СНГ-ро ба тасвиб расониданд. 21 декабр дар Алма-Ато-пойтахти Қазоқистон вохурии президентҳо доир шуд, ки дар он 8 ҷумҳурии дигар-Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдавия ва Туркманистон ба СНГ ҳамроҳ шуданд. Баъди ин Горбачев дигар чорае надошт ва аз қудрат канор рафт. 25.12.1991 ӯ эълон кард, ки фаъолияташро дар вазифаи президенти СССР қатъ мекунад. Инчунин бо фармони хос салоҳияти Сарфармондеҳи олии артиш низ аз Горбачев гирифта шуд ва қудрат ба Елсин афтид. 26.12.1991 бошад сессияи палатаи болоии Шӯрои Олии СССР эъломияи №142-Н-ро оид ба қатъи мавҷудияти СССР қабул кард. СССР дигар субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ набуд ва намояндаи СССР дар доираҳои байналмилалӣ, аз ин ба баъд Русия шинохта шуд. Русия инчунин тамоми қарзҳо ва дороиҳои абарқудрати собиқро соҳиб гардид.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР