ХАБАРИ ДОҒ


Шаби 13 ба 14 январ дар 1 қатор кишварҳои дунё Соли нави кӯҳнаро ҷашн мегиранд. Анъанаи ҷашн гирифтани Соли нави кӯҳна ба ихтилофот дар 2 тақвим-юлианӣ ва григорианӣ робитаи зич дорад. Ин ихтилофот ҳоло 13 рӯзро ташкил медиҳад ва дар с.2100 ба 14 рӯз хоҳад расид. Бештари кишварҳои аврупоӣ дар асри XVIII ба тақвими григорианӣ гузаштанд, лек дар Русия ин гузариш с.1918, бо рӯи кор омадани болшевикон иттифоқ уфтод.

ШКХ 26.01.1918 бо декрети худ тақвимро дар собиқ императорӣ дигар кард ва баъди 31.01.1918 дар Русия якбора 14 феврал фаро расид. Дар натиҷаи гузаштан ба тақвими нав санаи ҷашнгирии Соли нав низ тағйир ёфт. 1 январ тибқи тақвими нав ба 19 декабри тақвими юлианӣ рост меояд ва 14 январи тақвими нав бошад 1 январи тақвими юлианист. Дар ҷашнгирии Соли нави кӯҳна аз ҳама беш мардуми рус пофишорӣ мекунанд, чун калисои православии Русия тақвими навро напазируфт ва кулли маросими динии худро тибқи тақвими юлианӣ анҷом медиҳад. Тибқи он Соли нави ҷадид ба рӯзаи пешазмавлудӣ рост меояд. Православҳо 40 рӯз пеш аз таваллуди Исои Масеҳ рӯза медоранд. Тибқи тақвими юлианӣ ҳама чиз мураттаб буд ва рӯзаи пешазмавлудӣ бо иди Мавлуд (Рождество) хатм мешуд ва пас аз 6 рӯзи он мардум Соли навро ҷашн мегирифтанд. 14 январ (1 январи тақвими кӯҳна) дар калисои насронӣ чун рӯзи Василийи Бузарг, усқуфи Қайсарияи Каподдакӣ шинохта шудааст. Дар гузашта ин рӯзро рӯзи Василий меномиданд ва барояш аҳамияти зиёд қоил буданд. Ғайр аз Русия Соли нави кӯҳнаро инчунин дар 1 қатор кишварҳои дигар низ ҷашн мегиранд. Дар Югославияи собиқ (Сербия, Черногория, Македония) онро шаби 13 ба 14 январ ҷашн мегиранд. Сербҳо онро "Соли нави сербӣ" ва дар Черногория бошад "Соли нави ростин" (Права Нова Година) меноманд. Дар Юнон низ барои ҷашни Соли нави кӯҳна мардум гирди хони идона ҷамъ шуда, онро Рӯзи Василийи муқаддас меноманд. Соли нави кӯҳнаро инчунин дар шимолу шарқи Шветсария ҷашн мегиранд. Аҳолии кантони Аппентселӣ дар асри XVI ислоҳоти папаи Рим-Григорийи XIII-ро напазируфта, Соли навро тибқи тақвими юлианӣ шаби 14 январ ҷашн мегиранд. Ғайр аз инҳо соли нави кӯҳнаро дар ғарби Бритониё, дар яке аз ҷамоатҳои валлийҳо ҷашн мегиранд. Англия с.1752 ба тақвими григорианӣ гузашт, аммо бошандагони деҳаи Водии Гуэйн тақвимро напазируфта, мисли пештара Соли навро бо тақвими юлианӣ ҷашн мегиранд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter