Ӯ мисли ҳазорон нафари дигар таҳти таъсири инқилоби шӯравии рус ба ҳаракати коммунистӣ пайваст. Замони ҷанги 2-уми ҷаҳонӣ Артиши халқи озодихоҳи Югославияро таъсис дода, ба мубориза зидди немисҳо оғоз кард. Баъди ғалаба сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Югославия шуда, 14.01.1953 ӯро аввалин президенти Югославияи нав интихоб карданд. Тито 27 сол сарварии Югославияро ба ӯҳда дошт ва чанде баъд аз марги Ӯ, ин кишвар ба қисматҳои гуногун пароканда шуд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ Иосиф 7.05.1892 дар деҳаи Кумроветси Хорватия, дар оилаи деҳқони камбағали хорватӣ ба дунё омад. Баъди хатми синфи 5 касби челонгариро аз худ намуда, то оғози ҷанги ҷаҳонии 1 дар корхонаҳои мошинсозии ватанӣ заҳмат кашид. Хорватия дар оғози ҷанги ҷаҳонии 1 ба ҳайати Австро Венгрия шомил буд ва Титои ҷавон ба ҳайати артиши австровенгерӣ даъват карда шуд. 1 сол алайҳи русҳо дар фронти Шарқӣ ҷангид ва с.1915 сахт маҷрӯҳ шуда, ба дасти русҳо асир афтод. Ӯро ба Сибир бадарға карданд, лек инқилоби февралӣ ҳама асирони ҳарбиро озод намуда, ӯ дар шаҳри Омск иқомат ихтиёр кард. Броз дар ин шаҳр бо Пилагея Белоусова издивоҷ кард ва с.1920 ҳамроҳи ҳамсараш ба Югославия боз шуд.
Ҷосуси Коминтерн
Ба наздикӣ Агентии бехатарии миллии (АБН) ИМА ҳуҷҷатеро нашр кард, ки тибқи он Тито ҷосуси НКВД ва миллаташ рус буд. Таҳлилгарони АБН барои тасдиқ чанд далелро аз зиндагиномаи ӯ меоранд. Броз, ки ҳамагӣ 5 сол дарс хонда буд, ба шаҳодати муаррихин, беш аз 10 забони хориҷиро хуб медонист, аммо бо забони серби хорватӣ бо мушкил ҳарф мезад. Ба шаҳодати бародараш ӯ дар кӯдакӣ аз ангушти хурди дасти чап маҳрум шуд, аммо сарвари Югославия дар дасташ чунин ҷароҳат надошт. Тито аз тамоми нозукиҳои рафтори 1 ашрофзода огоҳ буд, то ҷое, ки баъди боздидаш аз Англия маликаи англис Елизаветаи 2 ба шавҳари худ гуфт: “Агар ин одам челонгар бошад, ман маликаи англис нестам”. Ба андешаи амрикоиҳо шахсе, ки 27 сол ба Югославия сарварӣ намуд, Тито ном дошт, аммо дар асл комилан шахси дигар буд. Ба диди онҳо Иосифи хорват баъди ҷарроҳӣ дар бемористон фавтид ва шахси дигар ному насаби ӯро соҳиб шуд. Ин нафари дигар ё аз оилаи ашрофзодагон буд, ё мисли дигар сарварони ҳизби болшевикӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада. Ин шахс на худсарона, балки бо супориши Комминтерн худро Тито номид ва ҷосуси ин ташкилот дар Балкан шуд.
Ҳарифи Сталин
Ӯ ягона коммунисти хориҷие буд, ки зидди Сталин баромада, роҳбари вақти Шӯравӣ ба таъбире “рӯи дидори ӯро надошт”. Замони ҷанг фармондеҳии шӯравӣ ӯро ба Маскав оварданд ва Иосифи хорват бо Иосифи гурҷӣ рӯ ба рӯ вохӯрданд. Ба андешаи бархе Сталин ҳамон замон Титоро чандон маъқул накард, аммо бо вуҷуди ин ба ёрии Артиши Сурх ба коммунистони югослав ризоият дод. Артиши Сурх низ дарҳол ба Югославия ворид шуда, дар якҷоягӣ бо Тито немисҳоро шикаст дод. Баъди ғалаба Сталин аз Тито талаб кард, ки Югославия бо Болгария ҳамроҳ шуда, 1 федератсияи якҷояро таъсис диҳанд. Ӯ ба ин ҳукми доҳӣ розӣ нашуд ва бо ин қарор хашми Сталинро ба бор овард. Баъди чанде Тито қарор дод артиши худро ба Албания ворид кунад ва ин ғазаби навбатии Маскавро ба миён овард. Ба андешаи Сталин ин гуна рафтор бе маслиҳати Маскав метавонист дар Ғарб чун ҳуҷуми артиши югославӣ ба Албания қаламдод шуда, Англия ва ИМА метавонистанд ба он ҳамроҳ гарданд. Барои СССР он замон 1 нуқтаи доғ дар Балкан лозим набуд. Марти с.1948 Тито тамоми мутахассисони шӯравиро аз Югославия берун кард. Сафирони ҳар 2 кишвар низ боз хонда шуданд. Матбуоти шӯравӣ ба танқиди бераҳмона оғоз карда, ӯро хоини ҳаракати коммунистӣ меномиданд. Ҳизби коммунисти Югославия бошад “гурӯҳи ҷаллодони сиёсӣ ва ҷосусон” номида мешуд. Сталин фишори иқтисодиро низ зидди Тито ба кор бурд. Соли 1949 вориди молҳои шӯравӣ ба Югославия 8 маротиба кам ва кишварҳои лагери сотсиалистӣ вазифадор шуданд ба Белград қарз надиҳанд. Ба гуфти Хрушёв Сталин ҳатто мехост Титоро ба қатл расонад ва чандин суиқасд алайҳи ӯ роҳандозӣ намуд. Умуман, тибқи ёддоштҳои генерали югослав-Мариан Кранич ба ҷони Тито беш аз 30 бор суиқасд намудаанд. Бештари инҳо аз ҷониби нерӯҳои гурезаи миллигарои югослав роҳандозӣ шуда буданд. Ба гуфтаи Кранич аввалин кӯшиши маҳви ӯ бо фармони шахсии Гитлер с.1943 ба амал омад. Аммо ба Тито муяссар шуд бо ситоди худ аз муҳосираи немисҳо ҷон ба саломат барад.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР